ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Иқбол Тешаев, сухангуи шаҳрдории Исфара гуфт, ки дар ибтидо муовини сарвазири Тоҷикистон Сатториён Матлубахон ҳозиринро бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар бораи ба вазифаи иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара таъин шудани Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур шинос кард.
Бояд гуфт, ки шаҳрдори қаблии шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳр озод шуд ва ба ҷои ӯ Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур иҷрокунандаи ҳамин вазифа таъин шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур зикр намудааст, ки ӯ дар фаъолияти минбаъдаи меҳнатиаш ба ҳайси раиси шаҳри Исфара тамоми донишу малака ва маҳорату таҷрибаи худро барои ободонӣ ва шукуфоии ин шаҳр равона сохта, сазовори боварии ҳам мардум ва ҳам роҳбарияти ҷумҳурӣ хоҳад гашт.
Сулаймонзода рафту Баҳодурзода омад: раиси нави шаҳри Исфара кист?
Манбаъ иттилоъ додааст, ки Баҳоваддин Баҳодурзода 10 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Баҳоваддин Баҳодурзода фаъолияти меҳнатиашро соли 1999 ба ҳайси мутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои машваратчии Раёсати адлияи вилояти Суғд, машваратчии калони Раёсати адлияи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд ва нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов кор кардааст.
Аз соли 2013 то 14 феврали соли 2019 дар вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд фаъолият дошт. Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 феврали соли 2019 муовини Раиси вилоят таъин гардидааст.
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Юлдошзода сардори Сарраёсат ва Собиров сартабиб шуд
Рӯзи 24-уми ноябри соли 2020 бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин шуд.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари байналмилалӣ (Human Rights Watch) аз Тоҷикистон хост, Дона Набиеви 81 соларо ҳарчӣ зудтар озод кунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи ТОП ТҶ.
“Набиев чанд бор аз ҳисоби нафақаи бознишастагии хеш ба хонаводаҳои зиндониёни Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯаи наҳзати исломӣ ба маблағи 15 то 30 доллар кумак кардааст. Аммо ба далели ногувории вазъи ҷисмонии вай, ки аз бемории сил ранҷ мебарад, мақомоти қазоии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳарчӣ зудтар барои озодии ӯ иқдом кунанд”, - омадааст дар баёнияи Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари байналмилалӣ .
Қаблан дар пайи маҳкумияти Набиев, дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар баёнияе муддаӣ шуда буд, ки вай аз тариқи ноҳияи марзии Панҷ ба гурӯҳи террористии ҷамоати Ансоруллоҳ дар Афғонистон, ки бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иртибот дорад, кумаки молӣ ирсол кардааст.
Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеи Набиев таъкид кардааст: “Набиев дар додгоҳ ба ду мавриди дарёфти кумаки молӣ аз наздикони аъзои ба зиндон маҳкумшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ эътироф кард, ки ин манобеи молиро ба хонаводаҳои онон расонидааст. Вай аз ҳисоби нафақааш низ ду бор маблағи 200 ва 300 сомонӣ ба хонаводаҳои ин зиндониён мунтақил кардааст”.
Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳар навъ иртиботи ин гурӯҳро бо ҷамоати Ансоруллоҳ дар Афғонистон рад кардааст.
Соли 1950 Байтулмуқаддас пойтахти Исроил эълон карда шуд.
Соли 1849 дар Иёлоти Ню-Йорк Элизабет Блеквелл аввалин зане шуд, ки дар ҷаҳон дипломи духтурӣ ба даст овард.
Соли 1912 дар Гаага Конвенсияи байналмилалии афюн- аввалин созишномаи байналмилалӣ дар бораи назорати маводи мухаддир ба имзо расид.
Соли 1989 субҳи барвақт дар натиҷаи заминҷунбии шадид зиёда аз 300 нафар сокинони маҳаллаи Шарораи ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор) ба ҳалокат расиданд.
Соли 2008 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо баррасӣ шуд.
Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид.
Соли 2011 дар шаҳри Исломобод масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.
Соли 1966 - олими таърих, дорандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, Маъруф Исоматов.