Врач в защитном костюме улыбается, архивное фото

Мавҷи дуюми COVID-19 ба шаҳри Истиқлол ҳам расид: 5 нафар сироят шуда, шифо ёфтаанд

318
Шаҳри Истиқлол, ки шаш моҳи аввали давраи хуруҷи бемории “вируси карона”- ро бо нишондоди сирф ҷамбаст карда ва аз шаҳрҳои бидуни сирояти COVID-19 гуфта мешуд, ахиран моҳи октябр 5 мавриди гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст. Ҳоло, ҳамаи сироятёфтагон пурра шифо ёфтаанд

 ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Валиназар Ғоибов, сартабиби шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, моҳи октябр, нахустин панҷ ҳолати сироятёбӣ ба бемории каронавирус дар ин шаҳр дарёфт карда шуд.

“Зимни гузаронидани муоинаи тиббӣ аз панҷ нафар беморӣ бидуни нишона (симптом). Инҳо чаҳор мард ва як зан буданд, ки табъ ва ҳеҷ шикояте надоштанд. Бо ин вуҷуд мо онҳо ду ҳафта ба табобат фаро гирифта шуданд. Маротибаи дуюму сеюм таҳлили онҳо ба COVID-19 манфӣ баромад”, - гуфт сартабиб.

Ғоибов манбаи сирояти ин сокинонро эҳтимол аз бозорҳои берун аз ҳудуди шаҳри Истиқлол арзёбӣ кард. Зимни бозпурсӣ онҳо дар бораи сафарашон ба бозорҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд изҳор кардаанд.

Шаҳри Истиқлол дар замони шаш моҳи хуруҷи пандемияи “вируси карона” ба кишвар аз шаҳрҳои бидуни ин беморӣ гуфта мешуд. Масъулини шаҳр аз мавҷуд будани танҳо як шоҳроҳ ва таҳти назорати беҳдоштӣ қарор додани онро аз сабабҳои эмин мондани он аз хуруҷи беморӣ таъкид мекарданд.

Сартабиби шаҳри Истиқлол мегуяд, бо гузашти як моҳ аз дарёфти панҷ ҳолати беморӣ, дигар ҳодисаи сирояти беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

“Хушбахтона, ба ҳолати моҳи ноябр ягон сирояти бемории COVID-19 дар миёни аҳолии беш аз 18 ҳазор нафари шаҳр ёфт нашудааст”,-  афзуд Ғоибов.

Сартабиби шаҳри Истиқлол: омори гирифторӣ ба коронавирус сифр аст

Бино ба омори вазорати тандурустии кишвар ҳолати сироятёбӣ ба бемории COVID-19 теъдоди камшавӣ дорад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бегоҳии дирӯз аз 36 ҳодисаи нави дарёфти бемории COVID-19 дар кишвар иттилоъ дод, ки дар маҷмуъ шумори гирифторони беморӣ ба 12 ҳазору 44 нафар баробар шуда, аз ин шумор 11 ҳазору 437 кас шифо ёфта, 86 нафар вафот кардаанд.

318
День 24 января

Аз рӯзи байналмилалии эскимо то фавти 50 ҳазор нафар дар Чилӣ: имрӯзи таърих

10
(Таҷдидшуда 19:43 23.01.2021)
Рӯзи бистучоруми январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии эскимо мебошад. Зимнан дар ин рӯз дар Ҳиндустон аз Рӯзи миллии духтарон ва дар Британияи Кабир Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таҷлил мегардад

Рӯзи 24 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Последствия землетрясения и цунами в Чили 16 сентября 2015 года
Pablo Ovalle Isasmendi/AGENCIA UNO via AP
Последствия землетрясения и цунами в Чили 16 сентября 2015 года

Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд.

Рӯзи 24 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.

День 3 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории мутақобиланд судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия муҳокима карда шуданд.Соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 қабул гардид.

Соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.

Соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бозии кушодашавии Ҷоми "Иттиҳод-2014" миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ  2:2 ба анҷом расид.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2017 дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 24 январ

  • Рӯзи байналмилалии эскимо.
  • Дар Британияи Кабир – Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид  (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)  дар Ҷанги дуюми ҷаҳон.
  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии духтарон.
10
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Самолет, на фоне заката

Тавофуқи Тоҷикистону Русия ба интиқоли нахустин гурӯҳи муҳоҷирон - вақти сафар маълум шуд

1171
Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба интиқоли 434 муҳоҷири меҳнатӣ ба кор ба соҳаи сохтмон дар шаҳри Иркутск бо Русия ба тавофуқ расид

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба вилояти Иркутск 434 муҳоҷири меҳнатиро дар мувофиқа бо ширкатҳои сохтмонии Русия ирсол мекунад. Дар ин бора вазорат гузориш додааст.

"Вазорати меҳнат тибқи дастури муовини сарвазири ҳукумати Русия Татяна Голикова дар доираи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ созишнома ба имзо расонид ", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин қайд карда мешавад, ки қарор аз ҷониби ситод оид ба пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии коронавирус дар Федератсияи Русия тасдиқ карда шудааст.

Тибқи созишнома, 434 муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон соҳиби ҷойҳои кории кафолатнок шуданд ва дар Иркутск дар ҶДММ "Промстроймаш", ҶДММ "Сибстальстрой" ва ҶДММ "СМПК-7" бо кор таъмин карда мешаванд.

Гурӯҳи якуми коргарон дар аввали ҳафтаи оянда ба Иркутск парвоз хоҳанд кард, ҳоло масъалаҳои ташкилӣ ҳамоҳанг карда мешаванд, илова ба Вазорати меҳнат.

Тибқи иттилои ин шӯъба, тамоми хароҷоти парвозҳо, карантини дуҳафтаина, ҳуҷҷатгузорӣ, хобгоҳ ва хӯрок аз ҳисоби ширкатҳои дар боло зикршуда пардохта мешавад.

1171