Барфи аввал дар Душанбе

Борону барф меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

656
(Таҷдидшуда 13:31 02.12.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст.

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво  0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона  0-5 дараҷа сард мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа  хунук ва рӯзона  3+8 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои водибуда борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа  гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар водиҳода борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок ва  тағйирёбанда шуда, рӯзона борони суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6 дараҷа гарм ва рӯзона  13+15 дараҷа гарм мешавад.

 

 

 

656
Барчаспҳо:
борон, барф, барои имрӯз, пешгӯӣ, обу ҳаво

Вазорати тандурустӣ суханони Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи COVID - 19 тасдиқ кард

53
Вазорати тандурустии Тоҷикистон суханони президенти кишвар аз пирӯзӣ бар вируси коронаро тасдиқ карда, аз сабт нашудани ягон ҳолати гирифторӣ дар давоми 24 соати гузашта хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба гузориши ин ниҳод, дар маҷмӯъ то имрӯз дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Раҳмон аз пандемияву буҳрон гуфт: ҷаҳон чунинро тайи сад сол ёд надошт

Аз ин теъдод то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз кишвардор зимни ироаи паёми солона ба парлумони кишвар аз пирӯзии Тоҷикистон бар вируси корона хабар дод.

"Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 аз байн рафтааст", - гуфт президент.

Раисиҷумҳур таъкид кард, лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

53
Барчаспҳо:
нобудшавӣ, вируси корона, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, нав, омор, Тоҷикистон
Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод

Як сол кам аст: коршинос чуну чарои лағви андози замин дар Тоҷикистонро шарҳ дод

82
(Таҷдидшуда 19:42 26.01.2021)
Коршинос таъкид кард, ки барои самараноктар шудани натиҷаи лағви андози замин як сол аст, аммо, ба гуфтаи вай, ба ҳар ҳол ин амали дуруст ва натиҷаовар аст

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Изҳороти роҳбари давлати Тоҷикистонро дар бораи бекор кардани андози замин коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисодӣ Леонид Холод тавзеҳ дод.

"Дар Тоҷикистон дар бозори озуқа вазъи ғайриоддие ба миён омад, ки сабабаш дар охири соли 2020 ва оғози соли 2021 коҳиш ёфтани сомонӣ нисбат ба рубл, доллар ва евро буд", - гуфт Холод дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба қавли вай, ин маънои онро дорад, ҷумҳурие, ки маҳсулоти озхуқа ва кишоварзиро бештар ворид мекард, қисме аз аҳолиро аз хатари бе ин намуди маҳсулот мондан, наҷот додан мехоҳад, зеро мардум маводи воридгардидаро бо нархи наву гаронтар харидан маблағ надоранд.

"Вобаста ба ин бозор бояд вокуниш кунад. Вақте рақиби берунӣ гарон мешавад, пас ин бояд истеҳсолоти ватаниро ҳавасманд гардонад. Равандҳои бозори худтанзимкунӣ вақт мехоҳад ва давлат бояд ин мушкилиро тезтар ҳал кунад", - мегӯяд Холод.

Ба гуфтаи иқтисодшинос, маҳз барои ҳамин Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон соҳаи кишоварзиро бояд ба ҳар роҳ рушд диҳад.

"Имрӯзҳо имконияти аграрии ҷумҳурӣ пурра истифода намешавад. Дар Тоҷикистон он қадар заминҳои барои кишту кор мувофиқ мавҷуд нестанд, аммо он чизе, ки мавҷуд аст, бояд истифода шавад", - афзуд вай.

Маблағи андози замин дар Тоҷикистон ҳудуди 200 миллион сомонӣ (ҳудуди 20 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.

"Барои Тоҷикистон ин маблағи калон аст, барои деҳқонони тоҷик бошад, ин пули хело калон аст. Яъне, онҳо ин миқдор маблағро намесупоранд ва вазъи молиашон беҳтар мешавад. Онҳо ин маблағро ба нарх изофа намекунанд ва дар натиҷа имкон фароҳам меояд, ки нархи дар натиҷаи асъор болоравандаро танзим карда тавонанд", - гуфт коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, лағви андози замин боиси аз худ кардани заминҳои боқимонда мегардад.

Рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон

"Агар ин чораҷӯӣ барои як сол аст, ин кам аст ва беҳтараш онро барои якчанд сол ҷорӣ кунанд, то минтақаҳое, ки истифода намешуданд, аз худ карда шаванд. Аз нуқтаи назари рушди хоҷагии қишлоқ ин чораҷӯӣ самарабахш ва дуруст аст", - гуфт дар анҷом Холод.

82
Барчаспҳо:
замин, андоз, коршиносон
Сотрудники полиции недалеко от места теракта в Берлине

Ҳукми зиндони як тоҷик ба ҷурми терроризм дар Олмон

0
(Таҷдидшуда 19:42 26.01.2021)
Парвандаи пурсарусадо ифшои гурӯҳи террористӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар даст доштан ба он гумонбар мешуданд, ба анҷом расид ва ҳукми додгоҳ содир шуд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Олмон яке аз аъзои гурӯҳи террористӣ, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, менависад Deutsche Welle.

Тибқи маълумоти додгоҳ, маҳкумшуда гуноҳи худро қисман эътироф кардааст ва инчунин аз амалҳои худ пушаймон шуда, иқрор кардааст, ки "аз кардааш сахт пушаймон аст."

Шояд маҳз изҳори пушаймонӣ буд, ки маҳкумшуда аз ҷазои сангинтар раҳоӣ ёфт: додситонӣ  8,5 соли зиндонро талаб карда буд.

Сарнавишти панҷ айбдоршавандаи дигари парванда номаълум боқӣ мондааст. Ҳамаи шаш шаҳрванди Тоҷикистон аъзои яке аз ячейкаҳои ДИИШ мебошанд (як созмони террористии дар Русия мамнӯъ).

Ёдовар мешавем, ки қаблан як зодаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ як гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар Олмон таъсис дода, дар Аврупо ҳамлаҳои террористӣ омода карда, ба шариконаш кӯмаки молиявӣ мерасонд.

Аз ҷумла, яке аз пешвоёни ДИИШ дар Сурия ба як ҷавони 30-сола дастур додааст, ки дар Олмон алайҳи "кофирон" ҷиҳод оғоз кунад ва ба ӯ амали террористӣ дод.

Раҳмон хостори таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ дар ИДМ шуд

Мувофиқи тафтишот, гурӯҳ инчунин силоҳи ҳастаӣ ва якчанд маҷмӯа барои сохтани бомбаҳо дошт.

Дар рӯйхати ҷиноятҳо инчунин кӯшиши куштор мавҷуд аст. Айбдоршавандаҳо барои куштор дар Албания 40 000 доллар фармоиш қабул карданд. Ду тоҷик барои иҷрои ин супориш ба Албания рафтанд, аммо боздоштшудагон кушторро ба анҷом нарасонданд.

0
Барчаспҳо:
терроризм, Олмон, ҳукм, тоҷикистонӣ