Фаррух Ҳамрализода, акс аз бойгонӣ

Собиқ вазиру мушовири Президент сафир дар ИМА таъйин шуд

913
(Таҷдидшуда 17:18 04.12.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон Салим Фарҳод аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико озод кард

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар фармони имзокардаи Раҳмон, сабаби барканории Салим Фарҳод гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст. Аммо феълан мақоми нави Салим Фарҳод маълум нест.

Бо фармони дигари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъйин гардид.

Зариф гуфт, Эрон дубора дар бораи тавофуқоти ҳастаӣ музокирот намекунад

Ҳамрализода то ҳол роҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистонро ба уҳда дошт. 

Фаррух Ҳамрализода 54 сол дошта, қаблан ба ҳайси вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон, мушовири раисиҷумҳур дар масоили иқтисодӣ, роҳбари Палатаи ҳисоби Тоҷикистон кор кардаст.

913
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Қадами "лимит" ба Мурғоб низ, ки 30 дараҷа сард аст, расидааст

0
(Таҷдидшуда 16:30 16.01.2021)
Расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки дар ноҳияи Мурғоб, ки минтақаи сардтарини Тоҷикистон аст, интиқоли барқ маҳдуд шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Сармо кӯҳистоннишинони Тоҷикистонро бо камбуди барқ рӯбарӯ кард, гузориш медиҳад "Парс тудэй дар истинод ба "Топ тиҷи".

Манбаъ менависад, сармои шадиди зери 30 дараҷа сокинони ноҳияи Мурғоб баландтарин минтақаи вилояти Бадахшони Тоҷикистонро бо камбуди барқ рӯбарӯ кардааст.

"Бо вуҷӯди ин ки дар ду соли ахир аз нерӯгоҳи барқи обии ҳазору 500 мегаватии нерӯгоҳи офтобии 220 киловаттӣ дар ноҳияи Мурғоб баҳрабардорӣ шуда, аммо акнун ба хонаҳои сокинони ин ноҳияи кӯҳистонӣ, ки дар иртифоъи 3 ҳазору 600 метрӣ аз сатҳи дарё воқеъ шудааст, 12 соат дар шабонарӯз барқ мунтақил мешавад", - менависад хабаргузорӣ.

Дар ҳамин ҳол, Шоҳфозил Шоҳнизиров, корманди ширкати барқи вилояти Бадахшон гуфтааст, ки кам будани об дар нерӯгоҳи барқи обии Мурғоб мӯҷиби таваққуфи фаъолияти яке аз ду турбини ин нерӯгоҳ шудааст. Бо ҳамин далел масъулон маҷбуранд даст ба маҳдудияти барқ бизананд.

Вай афзуд, ин ширкат қасд дорад, ки дар 61 рӯстои ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон нерӯгоҳҳои офтобӣ бисозад то аз манобеи оби камтаре истифода шавад ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ низ таъмин шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки қимат ҳар киловатт/соат барқ дар вилояти Бадахшон 27 дирам аст, ки дар муқоиса бо соири манотиқи Тоҷикистон гаронтар аст.

Мақомоти Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” аз рӯзи 6 январи имсол ба далели камбуди об дар сади нерӯгоҳи барқи обии Норак интиқоли барқро маҳдуд кардаанд.

Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд

Дар чорчӯби ин маҳдудияти сокинони манотиқи рустоии Тоҷикистон танҳо аз соати 6 субҳ то 23 шаб барқ доранд.

Аҳолии ноҳияи Мурғоб, тибқи омори соли 2010,  6 ҳазору 300 нафар гуфта мешавад.

0
Банк Эсхата, архивное фото

Мақомоти Норак гуфтанд, дар соли гузашта муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ қадар маблағ равон карданд

8
(Таҷдидшуда 17:01 16.01.2021)
Мақомоти шаҳри Норак дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр хабар доданд, ки муҳоҷирони меҳнатии ин минтақа беш аз 631 миллион рубли русӣ, 4 миллион доллар ва зиёда аз 130 ҳазор Евро равон кардаанд

ДУШАНБЕ, 16 январ – Sputnik. Ахиран дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ шаҳр дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2021 натиҷагирӣ карда шуд.

Қайд карда шуд, ки дар ҷамъоварии маблағи андозҳо 101 фоиз иҷро гардида, ба буҷа 54,9 млн сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 801,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак.

Гуфта шудааст, ки ҳиссаҷудокунӣ ба буҷаи вилоят, яъне андоз аз фоида 59,3 фоиз ё 2,6 миллион сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 5,8 миллион сомонӣ ё 67,3 фоиз таъмин гардид.

Бақияпулиҳои андоз нисбати аввали сол 41,9 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Ҳамзамон тибқи иттилоъ, дар 12 моҳи соли 2020 корхонаҳои саноатии шаҳр 2,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давра 102,9 фоиз ё ин ки 67 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи соҳибкорон 90 адад иншоот ба маблағи 44,9 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар ҳудуди шаҳр дар асоси асоси лоиҳаҳои меъморию шаҳрсозӣ 132 хонаи истиқоматӣ ба миқдори 32,5 ҳазор метри мураббаъ ё ба маблағи 22,2 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Мақомот таъкид доштааст, ки барои бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳр 193 адад иншооти гуногун ба нақша гирифта шуд, аз ин шумора 152 адад иншоот мавриди истифода қарор гирифта шудааст, ки 78,7 фоизро дар бар мегирад.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки аз хориҷи кишвар 631,2 миллион рубли русӣ, 4,1 млн доллар, 130,9 ҳазор Евро ворид гардидааст.

Инчунин мақомот иттилоъ додааст, ки дар ин давра ба 261 нафар шаҳрвандон ба маблағи 235,2 ҳазор сомонӣ кӯмакпулиҳо расонда шудааст. 752 нафар ҷавонону шаҳрвандони бекор ба омӯзиши касбҳо ҷалб карда шуданд.

Дар 12 моҳи соли 2020 Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард 1007 километр роҳро таъмири ҷорӣ ва нигоҳдорӣ намуда, аз ҳисоби маблағҳои муассиса ба масоҳат 1024 метр роҳҳо аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар шаҳр 214 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, дар 12 моҳи соли 2020 ба маблағи 77,9 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 11,2 млн сомонӣ афзун гардидааст.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 116,8 фоиз таъмин карда шуда, ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сектори ҷамъиятӣ 17,3 фоиз ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 82,7 фоизро ташкил медиҳад.

Қайд карда шудааст, ки раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ҷаласаро натиҷагирӣ намуда , роҳбарони корхонаю муассисаҳоро вазифадор намуд, ки барои сазовор пешвоз гирифтани чашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ, оқилона истифодабарии замин, зимистонгузаронӣ, сари вақт ва хушсифат ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, иҷрои андозҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.

 

8
Барчаспҳо:
евро, рубл, доллар, муҳоҷирон, маблағ, иқтисод, Норак, Тоҷикистон