"Дилашон дошт надод": даргузашти Мӯсоҷон Олимов, собиқ муовини раиси шаҳри Истаравшан

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мӯсоҷон Олимов, собиқ муовини раиси шаҳри Истаравшан ва раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳр, даргузашт

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Хабари даргузашти собиқ муовини раиси шаҳри Истаравшанро ба Sputnik Тоҷикистон яке аз дӯстони наздики марҳум тасдиқ кард.

Бино бар иттилои вай, Олимов, ки аз бемории қалб ранҷ мекашид, шаби чоруми декабр фавран ба бемористон интиқол дода шуд, аммо ба табибон даст надод, ки ӯро наҷот диҳанд.

"Шаб аҳволашон бад шудааст ва ба бемористон интиқол ёфтаанд, аммо дилашон дошт надодаву соатҳои 4-и субҳ қарзи бандагиро ба ҷо овардаанд. Худо раҳмат кунад, инсони хубе буданд", - гуфт вай.

Мӯсоҷон Олимов, ки то имрӯз раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан буд, 65 сол дошт.

Ба гуфтаи дӯсти марҳум, ҷанозаи собиқ муовини раиси шаҳрро дар деҳаи Равғангарони шаҳр имрӯз, соати 12 ба хок месупоранд.

Мӯсоҷон Олимовро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ чун собиқадори хизмати давлатӣ ва ҳизбӣ ва инсони хоксору заминӣ тавсиф мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0