Открытие границы между Киргизией и Казахстаном

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат доданд вориди Қирғизистон шаванд

3306
Тибқи қарори Ҳукумати Қирғизистон акнун шаҳрвандони тамоми кишварҳо имкони вуруд ба ин кишварро тариқи ҳавопаймо дастрас карданд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Қирғизистон маҳдудиятҳо барои ворид шудан ба ҷумҳурриро, ки ба сабаби пандемияи вируси корона ҷорӣ карда буд, аз байн бурд, иттилоъ додааст  дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Қирғихистон.

Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифт, ба вориди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандиро, ки тариқи фурудгоҳи байналмилалии Манас, Ош, Иссиқ -кул сурат мегирад, иҷозат диҳад.

Қаблан ворид шудан ба Қирғизистон маҳдуд шуда буд. Қаблан ба ин кишвар танҳо шаҳрвандони 33 кишвар имкони вуруд доштанд. Тоҷикистон дар ин феҳрист набуд.

Вазорати хориҷаи Қирғизистон таъкид намудааст, ки вуруд ба кишвар танҳо дар сурати ироаи санад дар бораи сирояти коронавирус имконпазир мешавад. ин санад бояд на камтар аз 72 соат пеш гирифта шуда бошад.

Инчунин, нозирони байналмилалӣ, ки дар интихоботи Президентӣ ва порлумонӣ дар соли 2021 ширкат хоҳанд кард имкони вуруд ба Қирғизистонро низ гирифтанд.   

3306
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, вируси корона, шаҳрвандон, вуруд, Тоҷикистон, Қирғизистон
Работа компании по производству пластиковых окон

Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ кушода шуд

0
(Таҷдидшуда 15:01 20.01.2021)
Дар корхона таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Туркия дастрас ва васлу насб гардида, дар ин коргоҳ 10 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Зиракӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ бо номи "Ҳаким" ба баҳрабардорӣ расид.

Дар маросими ифтитоҳи корхона, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлол дар шаҳри Кӯлоб, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ва дигар намояндагони корхона ширкат карданд.

Дар ин бора бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Ҷамъбасти соли 2020 ва супоришҳо барои 2021: маҷлиси Расулзода дар вилояти Хатлон

Гуфта мешавад, дар корхона таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлати Туркия дастрас ва васлу насб гардидааст.

"Дар ин коргоҳ 10 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Зиракӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд", - омадааст дар хабарнома.

Дар корхона тиреза, дар, мизу курсӣ ва дигар намуди мебел истеҳсол мешаванд.

Раҳмонзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода таваҷҷуҳи соҳибмулк ва коргарони корхонаро ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хушсифат ҷалб намудаанд.

0
Барчаспҳо:
корхона, истеҳсол, ш. Кӯлоб
Самолет, на фоне заката

Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро сар кард

10
(Таҷдидшуда 15:36 20.01.2021)
Парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳар ҳафта як маротиба рӯзи чоршанбе сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Uzbekistan Airways парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро аз сар гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

Нахустин парвози ҳавопаймо дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд имрӯз, 20 январ пас аз танаффус, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба вуқӯъ пайваст, бори аввал аз баҳор сурат гирифт.

Манбаъ мегӯяд, дар оянда парвозҳо рӯзи чоршанбе тибқи ҷадвал сурат мегиранд.

Ҳавопаймо аз Тошкандро соати 8-и субҳи вақти маҳаллӣ парида, пас аз як соат дар пойтахти Тоҷикистон фуруд хоҳад буд.

Бозгашти ҳавопаймо аз Душанбе соати 11 бо вақти маҳаллӣ сурат гирифта, соати 12-и нисфирӯзӣ вориди Тошканд мешвад.

Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон аз 16 марти соли 2020 бо сабаби таҳдиди паҳншавии COVID-19 иртиботи нақлиёти мусофирбарро бо кишварҳои дигар қатъ кард.

Барои шаҳрвандон ва ҳамватанони хориҷӣ парвози махсуси содиротӣ ба ватанашон ташкил карда шуд.

Охирин парвози махсус байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 5 январ сурат гирифт.

Пешниҳоди Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Русия: шарҳи сафир

Қаблан директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба хабарнигорон гуфта буд, ки ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" парвозҳо байни Душанбе ва Тошкандро низ ҳар ҳафта - рӯзҳои ҷумъа анҷом хоҳад дод.

10
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, парвозҳо, Тоҷикистон