День 7 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 7 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

138
(Таҷдидшуда 21:07 06.12.2020)
Рӯзи ҳафтуми декабр дар Тоҷикистон рӯзи кормандони мақомоти молия, рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ ва дар Арманистон рӯзи ёдбуди қурбониёни бар асари заминларза ҳалокгардида мебошад

Рӯзи 7 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1905 дар Русия сензураи пешакӣ бекор карда шуд.  

День 6 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1922 Парлумони Ирландияи Шимолӣ ба муқобили  шомилшавӣ  ба ҳайати давлати озоди Ирландия овоз дод.

Соли 1987 дарозтарин ҳолати бозмондани таппиши дили одам ба қайд гирифта шуд, ки он 4 соат тӯл кашид.

Соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Удмуртия қабул карда шуд.

Соли 2011 дар идораи Минтақаи озоди  иқтисодии "Суғд" ду корхонаи дигар – ҶММ "Зарафшон" ва ҶММ "Равзана Пластик" ба қайд гирифта шуданд.

Рӯзи 7 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005  бо ширкати президент ва ҳукуматҳои 54 кишвари олам, аз ҷумла Тоҷикистон дар шаҳри Маккаи Мукаррамаи Арабистони Саудӣ иҷлосияи фавқулодаи Созмони Конфронси Исломӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дар хотимаи мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони мазкур санади ниҳоии он бо номи рамзии "Баёнияи Макка" қабул гашт.

Соли 2009 аввалин маротиба хатсайри нави "Душанбе–Оренбург–Душанбе" ба роҳ монда шуд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе рӯнамоии филми ҳуҷҷатии "Тоҷикистон - муқобили маводи мухаддир" баргузор гардид.

Соли 2011 дар идораи Минтақаи озоди  иқтисодии "Суғд" ду корхонаи дигар – ҶММ "Зарафшон" ва ҶММ "Равзана Пластик" ба қайд гирифта шуданд.

День 4 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба масъалаи дохилшавии Тоҷикистон ба он, ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария сафар кард.

Соли 2012 дар Муассисаи давлатии "Маркази худогоҳии бонувони шаҳри Душанбе" -и назди ҳукумати шаҳри Душанбе консерти "Душанбе – шаҳри амн ва дӯстдоштанӣ" доир шуд.

Соли 2017 ҳайати расмии Тоҷикистон бо гурӯҳи калони соҳибкорони соҳаи тибби Арабистони Саудӣ мулоқот ва вазъи ҳамкории дуҷонибаи соҳавиро баррасӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 декабр

Дар Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти молия.
Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ.
Дар Арманистон – Рӯзи ёдбуди қурбониёни бар асари заминларза ҳалокгардида.

Рӯзи 7 декабр дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1924 – ҳунарманди театр Тӯйдӣ Бобиева.

Соли 1936 – олими риёзидон Разиюлло Атохонов.

Рӯзи 7 декабр дар Тоҷикистон кӣ даргузаштааст

Соли 2007 — пас аз бемории тӯлонӣ Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Дилбар Қосимова дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

138
Ливень и град в Душанбе 13 ноября 2015 года

Барфу борон ва меғу жола: ҳавои Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ чӣ гуна мешавад

855
(Таҷдидшуда 19:54 05.03.2021)
Охири ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда хоҳад шуд. Борону жола ва барф иваз мешавад, аммо дар рӯзи Модарон манзара тағйир хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст ва рӯзҳои 6 ва 7 март дар саросари кишвар борон ва жола меборад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияҳои атрофи он борон меборад. Вазиши бод амол метавонад дар як сония то 10-15 метр расад.

Ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ° C ва рӯзона аз + 14 ° C гарм мешавад.

Ҳамзамон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ жола борида ва шамоли сахт аз имкон дур нест. Бориш метавонад дар шакли барф бошад ва ҳарорат дар кӯҳҳо шабона -2 ... + 3 ° C ва рӯзона 6-11 ° C шавад.

Дар Душанбе дар рӯзи Модарон ҳаво абрӣ хоҳад буд, аммо аксаран офтобӣ ва аз ҳама муҳимаш, бориш намешавад. Ҳарорати рӯзона тақрибан 17 ° C гарм мешавад. Ва дар ноҳияҳои тобеи марказ дар баъзе ҷойҳо меғ мефарояд, вале бидуни боришот.

Дар вилояти Суғд, дар Хуҷанд, 7 март борон меборад, дар кӯҳҳо барф меборад, аммо 8 март ҳаво камабри бебориш мешавад.

Дар баъзе ҷойҳо дар шимоли кишвар туман мефарояд, ҳаврорати ҳаво рӯзона 13-15 ° C ва шабона + 3-8 ° C хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 ° C сард ва рӯзона то 4 ° C гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои истироҳат баъзан боришот мешавад - борон ва барф меборад. Ҳарорат шабона то -2 ° C, рӯзона тақрибан 6 ° C гарм пешбинӣ шудааст.

Рӯзи душанбе - 8 март дар Хоруғ бориш дар назар нест, рӯзона 4-6 гарм мешавад. Дар Мурғоб шабона то 18-21 ° С сард пешгӯӣ мешавад.

Дар ҷануби ҷумҳурӣ, дар саросари вилояти Хатлон, борони шадид меборад, аммо то + 11-13 ° С гарм ва дар рӯзҳои истироҳат ҳарорат боз 10 дараҷа боло хоҳад рафт.

855
Барчаспҳо:
бориши барфу борон, ҳушдори ҳавошиносон, боду ҳаво, Тоҷикистон
Вскрытие двери, архивное фото

Наҷоти се кӯдак дар Душанбе аз паси дари баста

148
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз наҷот додани се кӯдак, ки дар паси дари баста монда буданд, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ҳодиса субҳи, 5-март рух додааст.

Аз ин ҳодиса сокини кӯчаи Навбаҳори ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.

Cпасательная группа помогает жителю Душанбе открыть дверь
Cпасательная группа помогает жителю Душанбе открыть дверь

Тибқи иттилои КҲФ, дари манзили истиқоматиаш  аз дарун маҳкам шудаву се тифли ноболиғаш дар хона мондаанд.

Шуғнон: Сарбозон духтари 20-соларо, ки худро ба дарёи Панҷ андохт, наҷот доданд

Баъди дарёфти хабар, Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса расид ва дари шаҳрвандро бо истифода аз воситаҳои техникӣ боз кард.

"Кӯдакони дар хонамонда беосебу саломат ба модарашон супурда шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш низ дар Душанбе ҳодисаи ба ҳамин монанд рух дода буд. Он замон, ду ноболиғ дар манзили сокини пойтахт дар паси дари баста монда буданд ва низ аз ҷониби наҷотдиҳандагони КҲФ наҷот ёфтанд.

148
Барчаспҳо:
кӯдак, наҷотдиҳӣ, КҲФ ҶТ, Душанбе
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол