Амрико медонад: Тоҷикистон боз ба феҳрасти поймолкунандагони ҳуқуқи динӣ ворид шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевПраздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати хориҷаи Амрико 10 кишвареро номбар кард, ки гӯё дар онҳо ҳуқуқи динии шаҳрвандон поймол мешавад

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Ахиран котиби давлатии Амрико Майк Помпео, зимни як суханронӣ дар бораи озодиҳои динӣ қайд кард, иттилоъ додааст Вазорати хориҷаи Амрико.

Ба феҳрасти солонаи “поймолкунандагони ҳуқуқи динӣ” аз ҷумла Тоҷикистон ҳам ворид шудааст.

Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дини Тоҷикистон гузориши ИМА оид ба озодии диниро интиқод кард

Ҳамагӣ вазорати хориҷаи Амрико 10 кишварро номбар карданд. Ғайр аз Тоҷикистон ба ин феҳраст Туркманистон, Чин, Эрон, Кореяи шимолӣ, Мянма, Нигерия, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Эритрея ворид гардидааст.  

Дар ҳамин ҳол, Судон ва Ӯзбекистон аз ин феҳрасти вазорати хориҷаи Амрико, ба далели беҳтар шудани вазъи динӣ дар ин кишварҳо хориҷ карда шуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Амрико Русия, Куба, Некарагуа ва Иттиҳоди ҷазираҳои Коморскро ба феҳрасти дигари аҳамиятдор ворид кардааст.

Бояд гуфт, ки дар изҳороти Майк Помпео ягон далеле ё намунае оварда нашудааст.

Бори аввал нест, ки Департаменти давлатии Амрико мақомоти тоҷикро барои озори намояндагони ақаллиятҳои динӣ танқид мекунад.  Соли 2019 дар бораи поймол намудани озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон гузоришеро низ интишор карда буд.    

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба интиқодҳои Департаменти давлатии Амрико розӣ шуда наметавонанд.

Қаблан Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, гуфта буд, ки муаллифони гузориш ба маълумоти расонаҳо такя кардаанд, ки "на ҳамаашон асоси воқеӣ доранд".

Лентаи хабарҳо
0