Меғ дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Меғ мефарояду барф меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

449
(Таҷдидшуда 11:19 09.12.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 5  дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад.

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво шабона тағйир ёфта, 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8  дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, барфи суст меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 3  дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+3  дараҷа гарм мешавад.

Пешгӯии сардии шадид дар Русия

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар буда, туман мефарояд Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук  ва рӯзона  3+5  дараҷа гарм мешавад.

449
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, сардӣ, барф, меғ мефарояд
День 22 января

Ҷашнҳои рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:27 21.01.2021)
Рӯзи бисту дуюми январ дар Ҷумҳурии Точикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук ва дар Боливия – Рӯзи таъсиси давлати сермиллат мебошад

Рӯзи 22 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1939 нахустин маротиба дар Донишгоҳи Колумбия (ИМА) зарраи атоми уран тақсим карда шуд.

Соли  1960 дар натиҷаи таркиш дар кони назди Йоханнесбург (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2002 шумораи муштариёни ширкати "Мегафон" ба як миллион нафар баробар шуд.

Рекламный баннер сотового оператора Мегафон в Таджикистане
© Sputnik / Стас Этвеш
Рекламный баннер сотового оператора Мегафон в Таджикистане

Соли 2014 дар шаҳри Мадриди Испания 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ («FITUR»)  – аввалин ва калонтарин ҷамъомади сайёҳӣ дар ҳамон сол баргузор гардид.

Рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

День 3 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2010 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ базми ҷавонон баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро "Ҷамъияти пушкинӣ"- и Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҳамватанони русиягии Тоҷикистон баргузор намуданд.

Соли 2010 дар шаҳри Павлодари Қазоқистон паҳлавонони сабки гурҷӣ-римии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии хотиравии бародарон – Сергей ва Иван Ярмоленковҳо иштирок намуданд.

Соли 2014 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА муҳокима гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешниҳод "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон рамзи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро тасдиқ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 22 январ

Дар Ҷумҳурии Точикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.
Дар Боливия – Рӯзи таъсиси давлати сермиллат.

Рӯзи 22 январ кӣ ба дунё омадааст

Александр Ермолев (1914 1987) рассом. Ходими шоистаи ҳунарии Тоҷикистон.

Муҳиба Ёқубова (1937) доктори илми биологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурӣ.

Зебои Хатлонӣ (Сафарова ) (1967)- шоира.

Тӯлқин Муродалиев (1944)- доктори илми тиб, профессор.

Шавкия Почоҷонова (1945) доктори илми тиб.

Ҷумъа Расулов (1949) Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Ҳотами Ҳомид (1967)- нависанда.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
 Председатель Демократической партии  Саидджафар Усмонзода

Роҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ маълум шуд

168
(Таҷдидшуда 21:07 21.01.2021)
Мақсуд Нуруллоев раиси бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ интихоб шудааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж” интихоби Мақсуд Нуруллоев дар ҳолест, ки моҳи апрели соли гузашта раиси собиқи бахши ҲДТ дар ноҳияи Панҷ Шариф Назаров, бинобар сабаби гирифторӣ бемории ҳамагири коронавирус аз олам даргузашт.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода таъкид доштааст, ки  Мақсуд Нуруллоев аз соли 2013 инҷониб узви ҳизб аст. Вай қайд кардааст, ки ҲДТ дар ноҳияи Панҷ 227 аъзо дорад.

Усмонзода сабаби интихоби шудани Нуруллоевро ба раисии бахши ҳизб дар ин ноҳия ба “фаъолу дилсӯз” будани ӯ рабт дод.

Манбаъ зикр кардааст, ки Мақсуд Нуруллоев соли гузашта дар баробари раиси феълии ноҳияи Панҷ Шоҳиён З. дар интихобот ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии Панҷ-54, тариқи худпешбарӣ, номзад буд, аммо мутаасифона интихоб нагардид.

Нуруллоев Мақсуд Бекмуродович 26-уми июли соли 1977 дар деҳаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, дар оилаи ронанда ба дунё омада, солҳои 1983-1993 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳааш таҳсил кардааст. Ихтисосаш ронанда аст. Ӯ то чанд соли охир раисии кумитаи маҳаллаи деҳаи ба номи Ҳасан Шеровро ба уҳда дошт.

168
Барчаспҳо:
интихоб, Панҷ, раис, Ҳизби демократи Тоҷикистон