Боздошти хлопушкафурӯшон дар Душанбе: алайҳи онҳо парванда боз шуд

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузариш ба медиабонкХлопушка, архивное фото
Хлопушка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли ҷорӣ ба далели авҷи маризии коронавирус, Тоҷикистон ҷашнгирии Соли нави мелодиро лағв кард. Аммо бо наздик омадани ин ид дар хиёбонҳои пойтахт садои гушхароши хлопушка шунида мешавад

ДУШАНБЕ,  10 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон мувофиқи қонунгузорӣ хариду фурӯши маводи тарфгарӣ қатъиян манъ аст, вале ҳамасола аз ҷониби кормандони милитсия теъдоди зиёди фурӯшандаҳои ин мавод боздошт мешаванд.

Хлопушки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабс ё ҷарима: боздошти 4 донишҷӯ барои интиқоли "хлопушка" ба Душанбе - навор

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар чанд рӯзи охир, пулиси Душанбе дар 12 ҳолат зиёда аз 350 ҳазор дона маводҳои тарфгариро дарёфту мусодира намуданд.

Мусодираи 6 ҳазору 800 дона "хлопушка" дар Суғд

Ба иттилои манбаъ, кормандони милитсия ду сокини пойтахтро боздошт намуданд, ки ба фурӯши маводи пиротехникӣ машғул буданд.

Гуфта мешавад, аз Мирзоев Абубакр ва Ҷунайдзода Муҳаммадӣ зиёда аз 17 ҳазор маводи тарфгарӣ мусодира шуд.

"Ҳамзамон дар ҷараёни як амалиёти дигар аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт Эргашев Авазбеки 18 - сола, сокини  Душанбе, дастгир карда шуд, ки номбурда низ ба фурӯши маводи тарфгарӣ машғул будааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Аз Эргашев 3 500 дона  маводи тарфгарӣ бо номи "Трения" мусодира шуд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, айни замон нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот ҷараён дорад.

Лентаи хабарҳо
0