Туман в горах, архивное фото

Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

196
(Таҷдидшуда 13:01 11.12.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, фаромадани меғ ва эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва  рӯзона  2+3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 23-28  ва рӯзона 4-9 дараҷа сард мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона -2+3 дараҷа  хунук ва рӯзона  1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1 дарҷа хунук ва 4 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4 дараҷа хунук ва 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1  дараҷа гарм мешавад.

Тавсияҳои КҲФ ба ронандагону пиёдагардон дар рӯзҳои яхбандиву меғфароӣ

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок  ва тағйирёбанда  шуда, эҳтимоли боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона  5+7  дараҷа гарм мешавад.

196
Барчаспҳо:
меғ мефарояд, обу ҳаво, Тоҷикистон
Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде

Гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд: буд ё набуд? вокунии вазорати корҳои дохилӣ

1
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Хуҷандро рад кард

ДУШАНБЕ, 22 янв – Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин як машқҳои таълимӣ-дастурӣ буданд, ки ҳамасола дар ҷузу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо баргузор мешаванд, аммо “афроди фурсатталаб” онро ба аҳдофи “муғризона” дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб додаанд.

“Ин машқҳои таълимӣ 21-уми январ дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳҳои зудамали дастгоҳи марказии Раёсат, қисми ҳарбии 3501 Раёсати корҳои дохилии ВКД, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, масъулини шӯъбаи тиббии Раёсат ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД бо муваффақият баргузор шуданд", - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Новобаста аз бозтоби муғризонаи онҳо аз сӯи душманони амнияту субот дар Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд, чун онҳо дар нақшаи кории вазорат ҳастанд, афзуд вай.

1
Дорога Душанбе - Худжанд, архивное фото

Маҳдудияти ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ: шарҳи IRS

14
Вобаста ба шароити ҳаво зарурат пеш омад, ки ҳаракат дар яке аз роҳҳои мушкилгузар дар Тоҷикистон - шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ маҳдуд карда шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ширкати IRS, ки ба нигаҳобин ва танзими ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мутасаддӣ аст, эълон кард, ки дар пайи бад шудани шароити ҳаво дар кишвар дар ин роҳ бархе маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд. Аз ҷумла ҳаракат барои мошинҳои боркашон маҳдуд карда шуд.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, шурӯъ аз шоми дирӯз дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ бориши барф беист ва пуршиддат буда, баландии барф дар баъзе минтақаҳо ба 50 сантиметр расид.

"Дар робита ба ҳолати баамаломада техникаву механизмҳои филиали Ширкат ба макони зарурӣ сафарбар шуда, фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло роҳ кушода буда, вобаста ба зарурат ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва "Фура"-ҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад", - таъкид мекунад манбаъ.

Ин кор барои эҷод нашудани монеа зимни ҳаракати дигар нақлиёт амалӣ мегардад, меафзояд дафтари матбуотии ширкат.

Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки бидуни омодагие, ки ба мавсими сармо хос аст, ба роҳ набароянд. 

14