Ҳайати Горди миллии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Фармони Президент: тарбиятгари сиёсии низомиёни Горди Миллӣ иваз шуд

793
(Таҷдидшуда 18:48 11.12.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдувоҳид Замоновро масъули тарбияи сиёсии ҳайати Горди миллии кишвар таъйин намуд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тибқи фармони раисиҷумҳур, полковник Замонов Абдувоҳид Давлатович сардори Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии Горди миллии Тоҷикистон таъйин шуд.

Бо фармони дигар полковник Шарипов Шавкат Сафарович мақоми сардори раёсати корҳои фармондеҳии Горди миллиро гирифт.

Гвардияи миллии Тоҷикистон, воҳиди мустақили ҳарбии ҳарбии таъйиноти махсус, ки бевосита ба Президент, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ тобеъ буда, анҷоми вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад.

Бар асоси донишномаи озод, 17 январи соли 1995 бо фар­мони раисиҷумҳур, Гвардияи президентӣ таъсис дода шуда, сол­ҳои аввали соҳиб­ис­тиқ­лолии То­ҷи­кистон афсарону сарбозони он дар ни­гоҳ дош­тани тартиботи ҷамъия­тӣ, қону­нӣ, барқарор намудани сох­ти конс­титутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими истиқ­лоли давлатии То­ҷикистон фаъолона шир­кат намуданд.

Таъйини раиси нави “Тоҷикстандарт” ва мансаби дигари мудири пешӣ

Баъдан 26 январи 2004 дар пайи та­ғйи­ро­ти сохторӣ бо фар­мони Президенти То­ҷи­кис­тон ин сохтор ба Гвардияи миллии Тоҷикистон табдили ном кард.

793
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Президент, Тоҷикистон
Наручники висят на дверной ручки, архивное фото

Боздошти ду мард: дилхоҳ ҳуҷҷатҳои ронандагиро қалбакӣ тайёр мекарданд

21
(Таҷдидшуда 13:06 21.01.2021)
Вазорати умури дохилааи Тоҷикистон мегӯяд, даст доштани онҳо дар ҳафт ҳолат тасдиқ шуд ва акнун нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Тоҷибоев Ибодуллои 60 - сола ва Неъматуллоев Зарифҷони 45 - соларо кормандони милитсия дастгир намуданд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ду боздоштшуда сокинони вилояти Хатлон буда, дар сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам дониста мешаванд.

Ба номи варзишгарон, аммо ба киссаи худ: боздошти мақомдорони Конибодом

Манбаъ меафзояд, номбурдагон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои ронандагӣ машғул будаанд.

"Аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА "Амонатбонк" оиди пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекарданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки даст доштани онҳо дар 7 ҳолат ошкор шудааст. 

Феълан, нисбат ба номбурдагон бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

21
Барчаспҳо:
ҳуҷҷат, сохтакорӣ, боздошт
Гости и участники форума предпринимателей

Дар Тоҷикистон бештар аз 20 ҳазор соҳибкор муфлис шуданд

41
(Таҷдидшуда 12:50 21.01.2021)
Соли гузашта дар пайи пандемия бештар аз 23 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон фаъолияташонро боздоштаанд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон соли 2020 даҳҳо ҳазор соҳибкор муфлис шудаанд, хабар медтиҳад "Авеста" дар истинод ба Агентии омори кишвар.

Бино бар омор, аз моҳи январ то ноябри соли 2020 бештар аз 23,8 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ фаъолрияташаонро боздоштанд.

Аз ин ҳисоб 850 ҳолати шахсони ҳуқуқӣ ва боқимонда 23 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ буданд.

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки аз авоили моҳи январи соли 2021 дар Тоҷикистон 641 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аз онҳо бештар аз 529 ҳазорашон соҳибкорони инфиродӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, аз авали сол шумораи субъектҳои хоҷагидории фаъолияткунанда ба 339 ҳазор баробар будааст.

Самбӯсаҳои "ғайриқонунӣ": милисаҳои Душанбе соҳибкори барқдуздро ошкор карданд

Ёдрас мешавем, ки охирҳои соли гузашта дар Тоҷикистон шумораҳои ташкилоти молиявии хурд кам шуд. Бештари онҳо фаъолияташонро барҳам доданд.

Феълан дар ҷумҳурӣ 19 бонк, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 ташкилоти қарзии хурд, 27 бунёди қарзии хурд фаъолият мекунанд.

41