День 14 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 14 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

128
(Таҷдидшуда 20:48 13.12.2020)
Чордаҳуми декабр Рӯзи табрики иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Неругоҳи атомии Чернобил мебошад

Рӯзи 14 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1918 дар овоздиҳии интихоботи умумӣ дар Британияи Кабир аввалин маротиба занони аз 30-сола боло иштирок намуданд.

Соли 1934 дар Туркия ба занон ҳуқуқи интихоб дода шуд.

День 13 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1946 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи сохтани қароргоҳи Созмон дар Ню-Йорк розигӣ дод.

Рӯзи 14 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1930 дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) таъсис дода шуд.

Соли 2006 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тақсимоту муайянкунии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2006 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Япония баргузор гардид.

Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомад бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.

День 10 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2009 Вазири вақти маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо мақсади ба танзим даровардани таътили мактаббачагон дар мактабҳои миёнаи умумӣ ва таъмини саломатии онҳо дар бораи ба муддати 2 ҳафта дароз намудани таътили зимистона дар мактабҳои миёнаи умумӣ фармон баровард.

Соли 2015 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ворид кардани ислоҳот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» баррасӣ гардид.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони ҳамватани россиягӣ баргузор гардид

Ҷашнҳои рӯзи 14 декабр

Рӯзи кормандони додситонӣ.

Рӯзи табрики иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Неругоҳи атомии Чернобил.

Рӯзи 14 декабр кӣ таваллуд шуд

  • Дониш (Аҳмад – Махдум ибни Носир) (1826 – 1897) – нависанда, олим, хаттот, рассом, меъмори тоҷик.
  • Нуралӣ Давлат (1964)- журналист, муаррих.
  • Файзулло Кароматов (1925) – доктори илми санъатшиносӣ, профессор.
  • Александр Мазаев (1904-1962)- арбоби давлатӣ (1938-1960 муовини аввали Раиси ҳукумати Тоҷикистон).
  • Юрий Николаев (1923 – 1977) – доктори илми таърих, профессор.
  • Носир Саидӣ (1902-1980)- нависанда ва тарҷумон;
  • Ғафур Хушвахтов (1939-2012) – доктори илми иқтисод, профессор.
  • Анастасия Чеховская (1908 -?) – драматург.
  • Бунёд Ширин (1941-2011) – Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • Муҳаммадҷон Шокиров (1948) – доктори илми тиб, профессор.
  • Баҳодур Саодатшоев (1948)- журналист.
  • Сайфиддин Қараев (1967)- журналист.
128
Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде

Гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд: буд ё набуд? вокуниши вазорати корҳои дохилӣ

2049
(Таҷдидшуда 18:35 22.01.2021)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Хуҷандро рад кард

ДУШАНБЕ, 22 янв – Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин як машқҳои таълимӣ-дастурӣ буданд, ки ҳамасола дар ҷузу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо баргузор мешаванд, аммо “афроди фурсатталаб” онро ба аҳдофи “муғризона” дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб додаанд.

Машқи гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд. Генерал Навҷувонов иштирокдоронро қадрдонӣ мекунад
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон
Машқи гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд. Генерал Навҷувонов иштирокдоронро қадрдонӣ мекунад

“Ин машқҳои таълимӣ 21-уми январ дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳҳои зудамали дастгоҳи марказии Раёсат, қисми ҳарбии 3501 Раёсати корҳои дохилии ВКД, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти давлатии "Муҳофиза", Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, масъулини шӯъбаи тиббии Раёсат ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД бо муваффақият баргузор шуданд”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯянд, дирӯз 21 январ дар кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд шоҳиди чунин амалиёт буданд.

Нигаронии Ализода аз масъулини Хуҷанд: омори дурӯғ пешниҳод кардаанд

Яке аз онҳо гуфт, дар майдон воқеан як гурӯҳи муътариз дида мешуд ва кормандони милиса, ки либосҳои мухталифи низомӣ ба бар доштанд, барои маҳор кардани эътироз сафарбар шуда буданд.

“Аксари мардум ин манзараро дида, дарк карданд, ки воқеан, машқи тактикӣ аст ва вокуниши хосе ба он надоштанд. Тамошо мекарданду пайи кори худ мешуданд”, - гуфт ӯ.

Аммо ба тахмини ҳамсӯҳбатони мо, воҳимаи ин машқҳо пас аз он ба вуҷуд омадааст, ки дар телевизиони вилоятӣ ин машқҳои тактикии ҷилавгирӣ аз бетартибиҳои оммавиро гузориш шуданд.

Сухангӯи ВКД – и Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз бозтоби муғризонаи машқҳои таълими дастурӣ аз сӯи “душманони амнияту субот дар Тоҷикистон” ин машқҳо баргузор хоҳанд шуд, чун онҳо дар нақшаи кории вазорат ҳастанд.

2049
Дорога Душанбе - Худжанд, архивное фото

Маҳдудияти ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ: шарҳи IRS

268
Вобаста ба шароити ҳаво зарурат пеш омад, ки ҳаракат дар яке аз роҳҳои мушкилгузар дар Тоҷикистон - шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ маҳдуд карда шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ширкати IRS, ки ба нигаҳобин ва танзими ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мутасаддӣ аст, эълон кард, ки дар пайи бад шудани шароити ҳаво дар кишвар дар ин роҳ бархе маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд. Аз ҷумла ҳаракат барои мошинҳои боркашон маҳдуд карда шуд.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, шурӯъ аз шоми дирӯз дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ бориши барф беист ва пуршиддат буда, баландии барф дар баъзе минтақаҳо ба 50 сантиметр расид.

"Дар робита ба ҳолати баамаломада техникаву механизмҳои филиали Ширкат ба макони зарурӣ сафарбар шуда, фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло роҳ кушода буда, вобаста ба зарурат ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва "Фура"-ҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад", - таъкид мекунад манбаъ.

Ин кор барои эҷод нашудани монеа зимни ҳаракати дигар нақлиёт амалӣ мегардад, меафзояд дафтари матбуотии ширкат.

Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки бидуни омодагие, ки ба мавсими сармо хос аст, ба роҳ набароянд. 

268
Далер Назаров дал интервью

Аз писари вазир то домоди Президент ва дороӣ: ногуфтаҳои Далер Назаров-видео

591
(Таҷдидшуда 21:26 22.01.2021)
Далер Назаров, овозхони шинохтаи тоҷик, дар бораи ҳаёту эҷодиёташ чун писари вазир, домоди президент, дороӣ ва хушбахтияш суҳбат кардааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Далер Назаров дар ин суҳбат бархе аз ҷанбаҳои ҳаёту эҷодиёташро гуфтааст, ки қаблан оммавӣ изҳор надошта бу.

Навори суҳбат дар саҳифаи расмии Daler Nazarov Studio дар Youtube нашр шудааст.

Ӯ гуфт, замоне, ки бори аввал сурудҳои The Beatles-ро шунидааст, майли овозхонияшро дарк кардааст.

Далер Назаров афзуд, талабаи хуб набуд ва аз ягон фан дониши фавқулодае надоштааст. Дар мактаб вохӯрӣ бо дӯстонро хуш медоштааст. Ба суол дар мавриди писари вазир буданаш, Далер Назаров изҳор дошт, ки бо вуҷуд мулоқот бо дӯстон аз қишрҳои гуногунро ҳамеша хуш медошт.

“Ман ҳамеша ҷамъ овардани одамонро дӯст медоштам ва то ҳол ин корро мекунам. Ҳар қадаре одамон гуногунтар бошанд, ҳамон қадар руҳияам роҳат мекунад. Агар одамони миллату табақаҳои гуногун ҷамъ омада бошанд”, - изҳор дошт Далер.

Ӯ инчунин аз солҳои мактабию ишқи наврасияш гуфтааст.

“Бисёри онҳое, ки ошиқашон шудаам, то ҳол ҳам инро намедонанд. Ин ишқе буд, ки наметавонистӣ бо он мухолифат нишон диҳӣ ва наметавонистӣ онро баён кунию наздик шавӣ”, - изҳор дошт овозхон.

Дар суҳбат инчунин аз издивоҷ бо Мунаввара Набиева, духтари нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон Набиев гуфта шудааст, ки дар мактаб шинос шудаанд. Ӯ гуфт, ин хонадорӣ се сол давом кардааст.

“Раҳмон Набиев инсони бисёр нек буд, ки дар чеҳраи ӯ ман падари дуюми худро пайдо кардам. Ӯ маро хеле зуд худӣ қабул кард”, - афзуд Назаров.

Маҳз дар суҳбату муошират бо ин сиёсатмадор, Далер Назаров дарк кардааст, ки чӣ гуна вазнин аст, президент будан, сарфи назар аз бартариятҳое, ки ба назар мерасанд.

Овозхон дар мавриди он ки дар 62-солагияш худро чӣ гуна эҳсос мекунад, изҳор дошт, ки касе нест, варақи тоза аст.

“Ман касе нестам, ҳеч гуна, варақи сафедеям, ки дар он ҳар замон метавонад чизи дигаре навишта шавад”, - илова намуд ӯ.

Овозхон гуфт, тайи ин қадар сол ҳеч дороиеро ҷамъ накардааст. Ӯ мегӯяд, мошин дорад, ки барои ҳаракати роҳаташ миёни Душанбе ва Хоруғ зарур аст. Ба гуфтаи овозхон, наметарсад, ки бе чиз мемонад, зеро дӯстони зиёд дорад.

Вай таъкид кард, ки ягона нишонаи муваффақияти инсон ин хушбахтии ӯст ва илова намуд, ки хушбахт аст.

Ӯ мегӯяд, баъди зиндагияш мехоҳад мусиқияш боқӣ монад, мехоҳад сурудҳояш чун беному халқӣ садо диҳанд.

591