Туман в горах, архивное фото

Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

207
(Таҷдидшуда 11:38 14.12.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани барф ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 2  дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок  шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо барфи суст меборад. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона тағйир ёфта аз  19-24 то 28-33 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5-10 то 11-16  дараҷа сард мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона  0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 4  дараҷа хунук то 1 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона тағйир ёфта аз 1-6 то 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа сард то 1  дараҷа гарм мешавад.

Ҳушдори КҲФ: эълони ҳавои номусоид давоми чор рӯзи оянда

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. 

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок  шуда, барф меборад. Меғ мефарояд. бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа сард ва рӯзона  0+2  дараҷа гарм мешавад.

207
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, меғ мефарояд, барф, гармӣ
Самолет на закате, архивное фото

Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои нав

17
Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди кишвар дар соли 2020, ки имрӯз тақрибан тамоми рӯз идома ёфт, президенти кишвар ба масоили хадамоти ҳавоӣ низ дахл кардааст

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси  васеи Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини хадамоти ҳавоии кишвар дастур додааст, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд.

“Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром, директорони генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбони Алимардон дастур доданд, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд”,-афзудааст, котиботи президент.

Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта зимни ироаи паёми солона Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон ба зудӣ парвозҳоро бо дигар кишварҳо барқарор мекунад.
Дар баробари ин, президент санаи дақиқи бозкушоии марзҳоро нагуфт.

Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон аз саргирии парвозҳо бо шарафи пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус даст медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26 январ аз пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус эълом кард.

Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард

Дар баробари ин президент қайд кард, ки дар сурати бозкушоии марзҳо, карантини 14 - рӯза низ барқарор мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз тобистони соли гузашта инҷониб бо Русия, ки хатсайри маъмул ба шумор меравад, масъалаи барқарор кардани парвозҳоро баррасӣ дорад. Аммо то кунун чизе дар ин самт рушан нашудааст.

17
Барчаспҳо:
дастур, парвозҳо, Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи васеи ҳукумат: Рустами Эмомалӣ ба президент ҳисобот дод

25
(Таҷдидшуда 23:49 27.01.2021)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт дар ҷаласаи васеи Ҳукумат ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода, раисиҷумҳур дар навбати худ фаъолияти ҳукумати Душанберо қаноатманд арзёбӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 27 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси  васеи Ҳукумати мамлакат ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ аз натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2020 шунида шуд.

Ба гузориши Рустами момалӣ, соли 2020 дар пойтахт 33 корхонаи нави истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ 32 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфт, ҳамзамон барои эъмори 10 корхонаи нав санги асос гузошта шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки алҳол дар пойтахт бунёди 450 иншооти муосири иҷтимоию истеҳсолӣ идома дорад.

Тибқи иттилои манбаъ, бунёди 34 километр роҳи замонавӣ, 47 истгоҳи нав, банақшагирии боз 16 километр роҳи нав ва 21 истгоҳи дигар, харидории 50 адад автобуси истеҳсоли ватании ширкати “АКИА” ва 100 адад троллейбуси замонавӣ аз Беларус, навсозии 22 километр шабакаҳо ва 10 бунгоҳи гармидиҳӣ, таъмини 2560 манзили истиқоматӣ бо гармӣ, ҷалби 1 миллиарду 760 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ дар як сол ва ба 11 миллиард сомонӣ расонидани сармоягузорӣ дар чор соли охир аз нишондиҳандаҳои эътимодбахшу бобарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе арзёбӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар пас аз шунидани ҳисоботи Рустами момалӣ бо сипосу қаноатмандӣ ба шаҳрдорӣ ва сокинони пойтахт аз дастовардҳои назаррас дар соли сипаришуда, изҳори эътимод намудааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Раисиҷумҳур ҳамзамон изҳори итминон кардааст, ки дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ симои шаҳри Душанбе комилан дигар шуда, ҳамчун кошонаи умеду ифтихори тоҷикони дунё шукуфову дилработар мегардад.

 

 

25
Барчаспҳо:
ҳисобот, Душанбе, Маҷлиси ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ