Туман в Душанбе 28 ноября

Обуҳавошиносон: рӯзона дар пойтахт то 6 дараҷа гарм мешавад

65
(Таҷдидшуда 14:02 16.12.2020)
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон кардааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда  шуда, туман мефарояд.  Ҳарорати ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук  ва рӯзона  + 4 то +6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  абрнок  ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  22-29  ва дар баъзе ноҳияҳо то 37-42 дараҷа хунук ва рӯзона аз 8-13 то 15-20  дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12-17 дараҷа  хунук ва рӯзона 0-5  дараҷа хунук то мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1  дараҷа гарм мешавад.

65
Барчаспҳо:
боришот, рӯзона, гармо, обу ҳаво, Тоҷикистон

Ҷаласаи васеи ҳукумат: Рустами Эмомалӣ ба президент ҳисобот дод

4
(Таҷдидшуда 23:49 27.01.2021)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт дар ҷаласаи васеи Ҳукумат ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода, раисиҷумҳур дар навбати худ фаъолияти ҳукумати Душанберо қаноатманд арзёбӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 27 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси  васеи Ҳукумати мамлакат ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ аз натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2020 шунида шуд.

Ба гузориши Рустами момалӣ, соли 2020 дар пойтахт 33 корхонаи нави истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ 32 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфт, ҳамзамон барои эъмори 10 корхонаи нав санги асос гузошта шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки алҳол дар пойтахт бунёди 450 иншооти муосири иҷтимоию истеҳсолӣ идома дорад.

Тибқи иттилои манбаъ, бунёди 34 километр роҳи замонавӣ, 47 истгоҳи нав, банақшагирии боз 16 километр роҳи нав ва 21 истгоҳи дигар, харидории 50 адад автобуси истеҳсоли ватании ширкати “АКИА” ва 100 адад троллейбуси замонавӣ аз Беларус, навсозии 22 километр шабакаҳо ва 10 бунгоҳи гармидиҳӣ, таъмини 2560 манзили истиқоматӣ бо гармӣ, ҷалби 1 миллиарду 760 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ дар як сол ва ба 11 миллиард сомонӣ расонидани сармоягузорӣ дар чор соли охир аз нишондиҳандаҳои эътимодбахшу бобарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе арзёбӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар пас аз шунидани ҳисоботи Рустами момалӣ бо сипосу қаноатмандӣ ба шаҳрдорӣ ва сокинони пойтахт аз дастовардҳои назаррас дар соли сипаришуда, изҳори эътимод намудааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Раисиҷумҳур ҳамзамон изҳори итминон кардааст, ки дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ симои шаҳри Душанбе комилан дигар шуда, ҳамчун кошонаи умеду ифтихори тоҷикони дунё шукуфову дилработар мегардад.

 

 

4
Барчаспҳо:
ҳисобот, Душанбе, Маҷлиси ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ

Таъкиди Раҳмон ба таъйиноти кадрӣ ва ҳисоботи рондани тасодуфиҳо аз гумрук, андоз ва бонк

292
(Таҷдидшуда 22:37 27.01.2021)
Музафффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи Ҳукумат ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод, ки мақомоти гумрук, андоз, идораи давлатӣ ва бонкҳо аз шахсони тасдуфию ғайрикасбӣ тоза карда шуданд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси  васеи Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашуриён оид ба натиҷаи аттестатсияи кормандон шунида шуд.

Вазир гузориш додааст, ки аттестатсияи корманди сохторҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бонки миллӣ ва бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”,  аз 3 марти соли 2019 то 7 декабри соли 2020 идома дошт

Вазири адлия таъкид кардааст, ки аз сохторҳои зикршуда 7523 нафар аз аттестатсия гузаштанд.

“Аз руи натиҷаи аттестатсия аз сохторҳои номбаршуда шахсони тасодуфӣ, ғайрикасбӣ ва нафароне, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, аз вазифа озод ва баъзеашон ба вазифаҳои паст гузаронида шуданд”, - изҳор дошт вазири адлия. Аммо Ашӯриён нагуфтааст, тасодуфиён дар ин мақомот чанд нафарро ташкил додаанд.

Дар посух Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаст, ки минбаъд низ ба хотири ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар вазорату идораҳои давлатӣ назорат пурзӯр гардида, тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Аттестатсия дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон қаблан аз фасодкории густурда дар мақомоти молия, аз ҷумла андоз, гумрук ва бонкҳо интиқод карда, таъкид намуда буд, ки афроди баландпоя низ дар он даст доранду барои ислоҳи вазъ супориш дод.

292
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон, Тоҷикистон