Ду духтар ва ду писар: зане дар Душанбе чоргоник таваллуд кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонк Младенцы , новорожденные.
 Младенцы , новорожденные. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон боз чоргоник ба дунё омад. Ба гуфтаи табибон, ин гуна ҳолатҳо кам рух медиҳанд — аслан аз чандсад ҳазор як ҳолат.

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Чоргоникҳо дар Душанбе таваллуд шудаанд.

"Дар таваллудхонаи №3-и пойтахт як модар ду писар ва ду духтар таваллуд кард", - хабар додааст "Фараж".

Новорожденный - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон таваллуд каму фавт зиёд шуд

Ба гуфтаи табибон, ин гуна ҳолатҳо кам рух медиҳанд — аслан аз чандсад ҳазор як ҳолат.

Модари кӯдакон 34 сол доштаву ин таваллуди севумаш будааст.Ӯ ва шавҳараш Далер Файзалиев ду писари дигар 14 ва 3-сола доштаанд.

"Вақте бори аввал аз ташхис гузаштам, табибон гуфтанд, ки дар батнам чор дил метапад. Бовар накардам. Боз дар ду-се ҷои дигар ташхис кардам, он ҷо ҳам айни ҳамин гапро гуфтанд", — гуфтааст модари хушбахт.

Ба гуфтаи духтури шуъбаи эҳёгарии навзодон Фарида Кароматуллоевна, кӯдакон пеш аз муҳлат таваллуд шудаанд ва чанд муддат модару кӯдакон зери назорати мутахассисон қарор хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки чунин ҳолат соли 2018 дар Душанбе ва дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуда буд ва ҳамон замон дар ВМКБ низ бори аввал чоргоникҳо таваллуд шуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0