Лампочка, архивное фото

Барқро сарфакорона истифода кунед: дар Хуҷанд гурӯҳи корӣ ба фаъолият шурӯъ кард

156
(Таҷдидшуда 12:35 17.12.2020)
Дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳи корӣ ба сокинон мӯҳтавои муроҷиатномаи "Барқи тоҷик"-ро тавзеҳ медиҳад. Ин гурӯҳ чанд рӯз аст, ки ба фаъолият шурӯъ кардааст

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Амали мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардидааст, тавзеҳ додааст котиботи раиси шаҳри Хуҷанд.

Гуфта мешавад, гурӯҳҳои корӣ аз намояндагони раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр ва кормандони масъули шабакаҳои барқӣ иборатанд.

"Зимни мулоқот дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд аз сокинони ин маҳалла даъват ба амал оварда шуд, ки бояд ҳар оила ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки неруи барқ эътибори ҷиддӣ диҳад. Ҳамагонро зарур аст, ки баҳри кам кардани талафоти неруи барқ аз таҷҳизоти каммасраф истифода баранд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Директори шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд, Рустам Пӯлотов баён дошт, ки “чанд соли охир аст, ки бо дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат фаъолияти Шабакаҳои барқии шаҳр бо амалишавии лоиҳаҳои грантӣ дар самти сарфакории неруи барқ бештар ба роҳ монда шудаст".

Раҳмон аз таъмини барқ гуфту ба сокинон ҳушдор дод: "лимит" ҷорӣ мешавад, агар...

Аз ҷумла бори аввал дар Тоҷикистон низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика роҳандозӣ гардид.

Амалишавии лоиҳаи мазкур имкон дод, ки тамоми таҷҳизоти барқрасони шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷдиду навсозӣ шуда, 2 адад зеристгоҳи нави барқӣ бунёд, талафоти неруи барқ паст ва шиддатнокии он беҳтар гардад.

156
Барчаспҳо:
барқ, Хуҷанд, гуруҳи корӣ, Тоҷикистон
Центр города Душанбе

Пеш аз паёми раисҷумҳур: Рустами Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис даъват кард

31
Иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 январ дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ вакилони маҷлисро ба ҷаласаи навбатӣ даъват кардааст.

Тавре котиботи Маҷлиси миллӣ гузориш медиҳад, дар ин бора қарори вижаи Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Тибқи қарори мазкур иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати шашум 25 январ, соати 11:00 дар Душанбе баргузор карда хоҳад шуд.

"Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарор мекунам: иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 25 январи соли 2021, соати 11-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад", - омадааст дар қарори раис.

Ёдрас мешавад, дар ҳамин ҳол пештар раиси Маҷлиси намоянагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода қарореро имзо кард, ки мувофиқи он рӯзи 26 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Ҷаласаи якҷоя: рӯзи паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон маълум шуд

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи муштарак Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаашро ба парлумон ироа кунад. Ҳамасола раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷияшро баён медорад.

Одатан паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон охири декабр сурат мегирифт, аммо паёми имсола ба моҳи январ гузаронда шуд.

31
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Метавонед бисанҷед: Рустами Эмомалӣ ба Палатаи ҳисоб дархост ирсол кард

134
Интизор меравад, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи наздик фаъолияти шаҳрдории Душанберо мавриди санҷиши навбатӣ қарор диҳад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар ин бора раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ин ниҳоди кишвар дархост ирсол кардааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, мақсад аз дархости санҷиши фаъолят аз ҷониби раиси шаҳр, таъмини шаффофияти фаъолияти шаҳрдорӣ ва истифодаи буҷаи он аст.

"Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2020 дархост  ирсол намуд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҳамин тавр, интизор меравад, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи наздик фаъолияти шаҳрдории Душанберо мавриди санҷиши навбатӣ қарор диҳад. Айнан чунин даъватро соли гузашта низ раиси шаҳри Душанбе ба палатаи мазкур ирсол карда буд.

Палатаи ҳисоб гуфт, барои хунукназарӣ чанд мансабдори давлатиро ҷазо доданд

Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи январи соли 2020 Палатаи ҳисоб гузориш дода буд, ки дар соли сипаригардида аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоб соли  сипаригардида беш аз 300 санҷиши аудиторӣ дар  вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо субъектҳои  хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ гузаронида шуданд, ки  дар натиҷа беш аз 234 миллион  сомонӣ  зарари молиявӣ  муайян гардид.

134
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров гуфт, Русия Қарабоғи Кӯҳиро ҳамроҳ мекунад ё не

0
(Таҷдидшуда 15:39 18.01.2021)
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мавқеи расмии Русияро нисбати Қарабоғи Кӯҳӣ ва ҳамроҳшавии он изҳор кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти хабарӣ мавқеи Федератсияи Русияро дар масъалаи пайвастан ба кишвари Қарабоғи Кӯҳӣ шарҳ дод.

"Дар мавриди пешниҳоди экзотикӣ дар бораи ҳамроҳ кардани Қарабоғи Кӯҳӣ ба Федератсияи Русия ... Шумо медонед, ки истиқлолияти Қарабоғи Кӯҳиро касе эътироф накардааст, аз ҷумла Арманистон. Мо чунин фикрҳо надорем", - гуфт Лавров.

Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия илова намуд, ки Русия аз он бармеояд, ки ҳама масъалаҳо дар ин минтақа бояд байни кишварҳои воқеъ дар минтақа, пеш аз ҳама байни Арманистон ва Озарбойҷон ҳал карда шаванд.

Арманистон сабаби шикасташ дар Қарабоғи Кӯҳиро гуфт

Лавров афзуд: "Мо омодаем дар пайдо кардани як ҳалли мусоидат ба сулҳ, субот ва амният дар ин минтақа кумак кунем".

0
Барчаспҳо:
Сергей Лавров, Русия, Қарабоғи Кӯҳӣ