Кобилчон Гиёев

"Аҷали вируси корона" куҷост? Қобилҷон Гиёев дар бораи вазъи кунунӣ

1703
(Таҷдидшуда 16:53 17.12.2020)
Пизишки тоҷик мегӯяд, марҳалаи вазнини пандемияи “вируси корона” пушти сар шуда, мавориди гирифторӣ ба “илҳтиҳоби шуш” коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Қобилҷон Гиёев, собиқ сардухтури ноҳияи Рашт ва дар миёни мардум маъруф ба "аҷали вируси корона", ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ду моҳи ахир гирифторӣ ба "илтиҳоби шуш" дар кишвар коҳиш ёфта, маъмулан онҳое, ки маризиҳои ҳамроҳ доранд, бистарӣ мешаванд.

"Сабаби коҳиши "илтиҳоби шуш" ва ҳам ба он дараҷае, ки пешгӯӣ мекарданд, авҷ нагирифтани COVID – 19 дар Тоҷикистон ба шароити табиӣ бастагӣ дорад. Масалан, мардуми мо дар тобистон имкон доштанд меваву сабзавоти зиёд истеъмол кунанд, дар муҳити беруна кор карда, обутоби ҷисмонӣ бинанд ва ҳам аз нури офтобу рушанӣ витамини “Д” гиранд. Ин ҳама иммунитети мардумро баланд бардошт", - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Омори расмие, ки вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳамарӯза пахш мекунад, ривоят аз коҳиши мавориди гирифторӣ ба "вируси корона" дорад. Тибқи иттилои ин манбаъ, рӯзи гузашта дар кишвар 38 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шуда, 41 гирифтори дигар ҳам шифо ёфтаанд.

Бино ба он, аз 12 ҳазору 815 нафаре, ки аз 30 апрел то ба ҳол бо гирифторӣ ба ин маризӣ расман сабт шудаанд, 12 ҳазору 253 (95,6%) шифо ёфта, 89 нафар фавтидаанд.

Қаблан мақомоти тандурустии вилояти Суғд эълон доштанд, ки рӯзҳои ахир касеро бо ташхиси "вируси корона" бистарӣ накардаанд.

"Аҷали вируси корона”: Қобилҷон Гиёев куҷост? – мусоҳиба

Дар ҳамин ҳол, Қобилҷон Гиёев ҳушдор медиҳад, ки дар фасли сармо имкони сокинони кишвар барои харидории меваву сабзавот ба далели коҳиши истеҳсоли онҳо поин меравад ва ҳам аз сардӣ аксарият хонашин мешаванд, ки метавонад вазъи баръаксро ба миён орад.

"Ин вазъ то чанд моҳи дигар иммунитети одамонро заиф мекунад, аз ин хотир, онҳоро мебояд, ки бештар бо кору машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд, хӯроку оби сард истеъмол накунанд ва бештар аз офтоб баҳра баранд", - гуфт ӯ.

Куҷост?

Қобилҷон Гиёев моҳи апрели соли равон дар айни авҷи пандемияи "вируси корона", ки касе дақиқ намефаҳмид чӣ мегузарад ва бо ин маризӣ чӣ кор бояд кард, ба забони расонаҳо уфтод.

Он замон ӯ сардухтури Шифохонаи марказии Рашт буд ва бо як доруи ғайримаъмулие ба номи "Пенстреп", ки барои табобати пневмонияи бузҳо истифода мешуд, дар ин ноҳия даҳҳо нафарро шифо бахшид.

Ин дастовардҳо ӯро ба Душанбе оварданд ва як муддат дар пойтахту вилояти Хатлон ба табобати маризони COVID – 19 машғул буд.

Аз гигиена то Гиёев: муаммои ақибнишинии “вируси корона” дар Тоҷикистон

Охирҳои моҳи май, замоне, ки ба истилоҳ, мавҷи аввали "вируси корона" дар Тоҷикистон фурӯкаш шуд, Қобилҷон Гиёев аз вазифаи сардухтурии Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт барканор шуд.

Гуфта мешуд, ки ӯ дар Душанбе ягон вазифаи нав хоҳад гирифт, аммо бо гузашти 8 моҳ аз таъйиноти ӯ хабаре нашр нашудааст.

Вазифаи баланд ё шикояти раис? Сабабҳои барканории Қобилҷон Гиёев

Қариб ним соли ахир худи Гиёев низ аз назари ҷомиаву шабакаҳои иҷтимоӣ ғайб зад. Вай мегӯяд, то ба ҳол касе ӯро суроғ ҳам накардаасту вазифае ҳам пешниҳод накардааст, аммо ин ҳама вақт бо даъвати маризон ба ҷуз Душанбе, ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ сафар карда, бо беморони "вируси корона" ва "илтиҳоби шуш" тамос дошт ва беш аз 4 ҳазор нафарро табобат кард.

"Қариб ки бекор набудам. Гоҳо аз ман мехоҳанд, ки ҳатман ба назди онҳо оям. Гоҳ тариқи телефон тамос гирифта, маслиҳат мепурсанд. Маъмулан онҳое тамос мегиранд, ки вазъашон вазнин аст. Онҳое, ки фикр мекунанд, дигар роҳе надоранд. Аммо бо фазли Худованд аксари кулли онҳо шифо ёфтанд. Худи ҳамин як вазифаи баланд аст", - гуфт ин пизишки тоҷик.

Қобилҷон Гиёев хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буда, аз соли 2017 то 2020 сардухтури ноҳияи Рашт буд.

1703
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, вазъият, вазъ, вируси корона

Вазорати тандурустӣ суханони Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи COVID - 19 тасдиқ кард

29
Вазорати тандурустии Тоҷикистон суханони президенти кишвар аз пирӯзӣ бар вируси коронаро тасдиқ карда, аз сабт нашудани ягон ҳолати гирифторӣ дар давоми 24 соати гузашта хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба гузориши ин ниҳод, дар маҷмӯъ то имрӯз дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Раҳмон аз пандемияву буҳрон гуфт: ҷаҳон чунинро тайи сад сол ёд надошт

Аз ин теъдод то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз кишвардор зимни ироаи паёми солона ба парлумони кишвар аз пирӯзии Тоҷикистон бар вируси корона хабар дод.

"Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 аз байн рафтааст", - гуфт президент.

Раисиҷумҳур таъкид кард, лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

29
Барчаспҳо:
нобудшавӣ, вируси корона, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, нав, омор, Тоҷикистон
Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод

Як сол кам аст: коршинос чуну чарои лағви андози замин дар Тоҷикистонро шарҳ дод

32
(Таҷдидшуда 19:22 26.01.2021)
Коршинос таъкид кард, ки барои самараноктар шудани натиҷаи лағви андози замин як сол аст, аммо, ба гуфтаи вай, ба ҳар ҳол ин амали дуруст ва натиҷаовар аст

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Изҳороти роҳбари давлати Тоҷикистонро дар бораи бекор кардани андози замин коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисодӣ Леонид Холод тавзеҳ дод.

"Дар Тоҷикистон дар бозори озуқа вазъи ғайриоддие ба миён омад, ки сабабаш дар охири соли 2020 ва оғози соли 2021 коҳиш ёфтани сомонӣ нисбат ба рубл, доллар ва евро буд", - гуфт Холод дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба қавли вай, ин маънои онро дорад, ҷумҳурие, ки маҳсулоти озхуқа ва кишоварзиро бештар ворид мекард, қисме аз аҳолиро аз хатари бе ин намуди маҳсулот мондан, наҷот додан мехоҳад, зеро мардум маводи воридгардидаро бо нархи наву гаронтар харидан маблағ надоранд.

"Вобаста ба ин бозор бояд вокуниш кунад. Вақте рақиби берунӣ гарон мешавад, пас ин бояд истеҳсолоти ватаниро ҳавасманд гардонад. Равандҳои бозори худтанзимкунӣ вақт мехоҳад ва давлат бояд ин мушкилиро тезтар ҳал кунад", - мегӯяд Холод.

Ба гуфтаи иқтисодшинос, маҳз барои ҳамин Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон соҳаи кишоварзиро бояд ба ҳар роҳ рушд диҳад.

"Имрӯзҳо имконияти аграрии ҷумҳурӣ пурра истифода намешавад. Дар Тоҷикистон он қадар заминҳои барои кишту кор мувофиқ мавҷуд нестанд, аммо он чизе, ки мавҷуд аст, бояд истифода шавад", - афзуд вай.

Маблағи андози замин дар Тоҷикистон ҳудуди 200 миллион сомонӣ (ҳудуди 20 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.

"Барои Тоҷикистон ин маблағи калон аст, барои деҳқонони тоҷик бошад, ин пули хело калон аст. Яъне, онҳо ин миқдор маблағро намесупоранд ва вазъи молиашон беҳтар мешавад. Онҳо ин маблағро ба нарх изофа намекунанд ва дар натиҷа имкон фароҳам меояд, ки нархи дар натиҷаи асъор болоравандаро танзим карда тавонанд", - гуфт коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, лағви андози замин боиси аз худ кардани заминҳои боқимонда мегардад.

Рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон

"Агар ин чораҷӯӣ барои як сол аст, ин кам аст ва беҳтараш онро барои якчанд сол ҷорӣ кунанд, то минтақаҳое, ки истифода намешуданд, аз худ карда шаванд. Аз нуқтаи назари рушди хоҷагии қишлоқ ин чораҷӯӣ самарабахш ва дуруст аст", - гуфт дар анҷом Холод.

32
Барчаспҳо:
замин, андоз, коршиносон
Сотрудники полиции недалеко от места теракта в Берлине

Ҳукми зиндони як тоҷик ба ҷурми терроризм дар Олмон

0
Парвандаи пурсарусадо ифшои гурӯҳи террористӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар даст доштан ба он гумонбар мешуданд, ба анҷом расид ва ҳукми додгоҳ содир шуд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Олмон яке аз аъзои гурӯҳи террористӣ, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, менависад Deutsche Welle.

Тибқи маълумоти додгоҳ, маҳкумшуда гуноҳи худро қисман эътироф кардааст ва инчунин аз амалҳои худ пушаймон шуда, иқрор кардааст, ки "аз кардааш сахт пушаймон аст."

Шояд маҳз изҳори пушаймонӣ буд, ки маҳкумшуда аз ҷазои сангинтар раҳоӣ ёфт: додситонӣ  8,5 соли зиндонро талаб карда буд.

Сарнавишти панҷ айбдоршавандаи дигари парванда номаълум боқӣ мондааст. Ҳамаи шаш шаҳрванди Тоҷикистон аъзои яке аз ячейкаҳои ДИИШ мебошанд (як созмони террористии дар Русия мамнӯъ).

Ёдовар мешавем, ки қаблан як зодаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ як гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар Олмон таъсис дода, дар Аврупо ҳамлаҳои террористӣ омода карда, ба шариконаш кӯмаки молиявӣ мерасонд.

Аз ҷумла, яке аз пешвоёни ДИИШ дар Сурия ба як ҷавони 30-сола дастур додааст, ки дар Олмон алайҳи "кофирон" ҷиҳод оғоз кунад ва ба ӯ амали террористӣ дод.

Раҳмон хостори таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ дар ИДМ шуд

Мувофиқи тафтишот, гурӯҳ инчунин силоҳи ҳастаӣ ва якчанд маҷмӯа барои сохтани бомбаҳо дошт.

Дар рӯйхати ҷиноятҳо инчунин кӯшиши куштор мавҷуд аст. Айбдоршавандаҳо барои куштор дар Албания 40 000 доллар фармоиш қабул карданд. Ду тоҷик барои иҷрои ин супориш ба Албания рафтанд, аммо боздоштшудагон кушторро ба анҷом нарасонданд.

0
Барчаспҳо:
терроризм, Олмон, ҳукм, тоҷикистонӣ