ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Сафари кории Расулзода дар вилояти Хатлон, ки аз 17-уми декабр оғоз гардидааст, то 19-уми ҳамин моҳ идома меёбад.
"Зимни сафар Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст аз раванди корҳои сохтмонии бинои нави 5-ошёнаи шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара боздид намуд", - менависад "Ховар".
Дар ҷараёни сафар аз марҳилаи ба истифододадиҳии хати оби тозаи нӯшокӣ, воқеъ дар деҳаи Офтобрӯяи ноҳия дидан намуда, барои ба деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳия кашидани хати оби мазкур супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Сипас сарвазир аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Кангурт боздид намуд.
"Қоҳир Расулзода ва дигар меҳмонон бинои нави Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаро дар ҷамоати шаҳраки Совет мавриди истифода қарор дода, бо бархе нафақахӯрони ноҳия суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд", - афзудааст манбаъ.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода корҳои сохтмониро дар Коллеҷи тиббии байниноҳиявии ҷамоати шаҳраки мазкур назорат карда, барои мувофиқ ба талаботи сохтмонӣ бунёд шудани он дастур дод.
Дар идомаи сафари корӣ Расулзода, раиси вилояти Хатлон ва дигар меҳмонон ба ноҳияи Восеъ рафтанд. Дар ин ноҳия нахуствазир дар маросими ба истифода додани чанд маркази савдо ширкат кард.
Расулзода ба вилояти Хатлон сафар кард
Ҳамчунин ӯ зимни мулоқот ёдрас шуд, ки мардум қувваи барқро сарфакорона истфода баранд.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Дар гузориши ҷадиди Созмони шафофияти байналмилалӣ (Transparency International) дар бораи радабандии кишварҳо аз нигоҳи фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар соли 2020, Тоҷикистон аз миёни 180 кишвари ҷаҳон дар радифи 149 қарор гирифта, ки ҷойгоҳаш нисбат ба соли 2019 тағйир накардааст.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон фасодзадатарин ва Қазоқистон камфасодтарин кишвар муаррифӣ шудаанд.
Ӯзбекистон бо як пилла беҳбуди ҷойгоҳи хеш дар муқоиса бо соли 2019 дар радаи 146 ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Эълони ҳукми зиндони Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб
Пешсафҳои ин радабандӣ – Зеландияи Нав, Дания - 88 холӣ, Финляндия – 85 хол, Швейтсария, Сингапур ва Шветсия - 85 хол мебошанд.
Дар феҳристи фасодзадатаринҳо Сомалӣ – 12 хол, Судони Ҷанубӣ – 12 ва Сурия бо 14 хол шомил шудаанд.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Авазхон Кабиров муассиси бозори "Султони Кабир" ба вазири корҳои дохилӣ, генерал - полковники милиса Раҳимзода Рамазон Ҳармо изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст, хабар медиҳад нашрияи СССР.
Манбаъ аз қавли Кабиров менависад, ки баробари аланга гирифтани оташ, раёсати ВКД ва ҳатто худи вазир ба макони ҳодиса ташриф оварда, кори оташнишононро назорат ва сафарбар мекард.
Муассиси бозори мазкур саҳми оташнишонону кормандони раёсати ВУД - ро махсусан қайд карда, изҳор доштааст, ки "агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВУД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори "Султони Кабир" вуҷуд дошт".
Ёдовар мешавем, рӯзи 25 январ дар бозори "Султони Кабир" сӯхтор сар зад. Омили асосии сӯхтор ба расиши кӯтоҳи ноқилҳо рабт дода шуд.
Боздошти як гурӯҳ дуздони кисабур дар бозори “Султони Кабир”
Зарари расонидашуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор фаъолият мекунанд мекунанд.
Шаршараҳои Ниагара маҷмааи шаршараҳо дар дарёи Ниагара, иёлоти Ню-Йорки Амрикоро аз вилояти Онтариои Канада ҷудо мекунад.
Гарчанде ки ин шаршараҳо баландии на он қадар калон доранд, аммо онҳо хеле васеъанд ва аз ҷиҳати ҳаҷми обе, ки аз он мегузарад, шаршараи Ниагара пуриқтидортарин дар Амрикои Шимолӣ аст.
Баландии шаршараҳо 53 метр аст. Таҳкурсии шаршараи амрикоиро тӯдаи сангҳо пинҳон мекунанд, ки барои ҳамин баландии он ҳамагӣ 21 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии шаршараҳои амрикоӣ 323 метр, шаршараҳои наъл 792 метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми оби афтидан ба 5700 ва аз он ҳам бештар аст.
Зебоии ин мӯъҷизаи табиӣ сайёҳони зиёдеро аз тамоми ҷаҳон ба худ ҷалб мекунад, ки ин ба ободии шаҳрҳои дар соҳилҳои шаршараҳо ҷойгирбуда мусоидат мекунад.
Қасри шоҳон, маъбад ва хонае болои шаршара : меросҳои нави ЮНЕСКО - акс
Дар фасли сармо шаршараи Ниагара боз ҳам зеботар мешавад. Тамоми буттаву дарахтони гирду атрофи он яхпӯш мешаванд. Сафи сайёҳону хоҳишмандон барои тамошо ва аксбардорӣ аз чунин манзараи зебо новобаста аз хунукӣ ҳам коҳиш намеёбад.
Зебогӣ ва манзараи фасонавии шаршараи Ниагараро аз тасвирбаён тамошо кунед.
Аксбардории духтаре дар назди шаршараи Хорсшу - Фолс
Тасвири зебои шаршараи Хорсшу - Фолс
Ин шаршара дар фасли сармои зебистон боз зеботар мешавад
Ҳазор нафар барои бевосита шоҳиди чунин тасвирҳои зебо шудан, ба шаршараи Хорсшу - Фолс ташриф меоранд
Оби яхкардаи шаршара ҳар гуна шаклу намудҳои ғайримуқаррариро касб мекунад
Хоҳишмандон дар назди ин зебогиҳо акс мебардоранд
Новобаста ба ҳавои сард сафи хоҳишмандони чунин табиати зебо кам нест
Буттаҳои атрофи шаршара ҳама ях бастаанд
Шаршараи Хорсшу - Фолс дар Канада ҷойгир аст
Мард дар пеши шаршараи Хорсшу - Фолс аксбардорӣ мекунад