ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Марзи Тоҷикистону Афғонистонро заминҷунбии 4,3 балла такон дод, гузориш медиҳад Хадамоти воҳиди геофизикии Академияи илмҳои Русия.
Ҷунбиши заминро субҳи имрӯз соатҳои 08:53 бо вақти Душанбе дар жарфои 190 километрӣ ба қайд гирифтаанд.
Чеченистонро заминҷунбӣ такон дод - навор
Дар бораи хисороти моливу ҷонӣ иттилое нест.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ин заминларзаро то ҳол тавзеҳ надодааст.
Тоҷикистонро заминларза такон дод
Ёдрас мешавем, ки ин дувумин заминларза тӯли як ҳафта дар Тоҷикистон мебошад. Пештар заминларза дар шимолу шарқи Тоҷикистон ва марзи Тоҷикистону Чин ба қайд гирифта шуда буд.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ширкати IRS, ки ба нигаҳобин ва танзими ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мутасаддӣ аст, эълон кард, ки дар пайи бад шудани шароити ҳаво дар кишвар дар ин роҳ бархе маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд. Аз ҷумла ҳаракат барои мошинҳои боркашон маҳдуд карда шуд.
Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, шурӯъ аз шоми дирӯз дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ бориши барф беист ва пуршиддат буда, баландии барф дар баъзе минтақаҳо ба 50 сантиметр расид.
"Дар робита ба ҳолати баамаломада техникаву механизмҳои филиали Ширкат ба макони зарурӣ сафарбар шуда, фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло роҳ кушода буда, вобаста ба зарурат ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва "Фура"-ҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад", - таъкид мекунад манбаъ.
Ин кор барои эҷод нашудани монеа зимни ҳаракати дигар нақлиёт амалӣ мегардад, меафзояд дафтари матбуотии ширкат.
Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки бидуни омодагие, ки ба мавсими сармо хос аст, ба роҳ набароянд.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Имрӯз кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд.
Дар ин робита, дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид, ёвари Президент оид ба масоили кадрҳо Асадулло Раҳмон ва собиқадорони мақомоти гумрук ширкат намуданд.
Давлаталӣ Саид гумрукчиёни кишварро бо ин рӯз шодбош гуфта, барои барзиёд иҷро намудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ минатдории Президент Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳар корманди мақомот расонид.
"Асадулло Раҳмон Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи додани рутбаи генерал-лейтенанти хадамоти гумрукро ба сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ба самъи ҳозирин расонд ва Хуршед Каримзодаро бо рутбаи навбатӣ муборакбод намуд", - хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Ҳамчунин, бо фармони сардори Хадамоти гумрук барои иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти гумрук бо мукофот, ифтихорнома, сипосномаву раҳматнома, медали ҷашнии "25-солагии мақомоти гумрук"- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони сарисинагии "Аълочии хадамоти гумрук" қадрдонӣ гардиданд.