Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото

Кӣ шикоят дорад? “Барқи тоҷик” баъди "лимит" телефонҳои боварашро фаъол кард

558
(Таҷдидшуда 16:44 18.12.2020)
 “Барқи тоҷик” ба манзури бештар огоҳ будан аз вазъи барқрасонӣ дар кишвар се шумораи телефонҳои бовариро ба кор даровард. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш маҳдудиятҳои барқрасонӣ дар кишвар бардошта шуданд

 ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз роҳандозии ин телефонҳо риояи низоми истифодаи сарфакоронаи барқ, ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот мегардад, муносибати кормандони соҳаи барқ ба муштариён аст.

“Ин рақамҳо имрӯз, 18 декабр, дар ширкати "Барқи тоҷик" фаъол шуданд. Навбатдорон, ки ба таври шабонарўзӣ кор мекунанд, ҳар занги телефонро ба қайд мегиранд, оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи ширкат ва шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва саривақт чораҳои амалӣ меандешанд”, - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат ҳар пагоҳӣ дар ҷаласаи роҳбарияти ширкат баррасӣ мегардад, афзуд вай.

Роҳандозии телефонҳои боварии “Барқи тоҷик” дар ҳолест, ки ин ширкат солҳо ба ин сӯ ба далели камбуд ё қатъи барқ ҳамеша мавриди интиқоди сокинон қарор дошт. Моҳи гузашта низ ширкат ба далоили таъмири нерӯгоҳҳо дар саросари кишвар як гуна маҳдудияти эълоннашудаеро ҷорӣ карда буд, ки ниҳоят 10 декабр ба охир расид.

Ҳамзамон дар гузашта иддае аз сокинони кишвар аз кори шабакаҳои барқдиҳӣ, бахусус ҷамъоварони маблағи барқ, изҳори норизоиятӣ карда буданд ва кор ба ҷое расид, ки як сокини кишвар яке аз кормандони “Барқи тоҷик” – ро барои дағалгуфторӣ латукӯӯб намуда буд.

Сирқати барқ аз сӯи сокинон як мавзӯъи дигарест, ки ҳамасола мавориди фаровонаш аз сӯи ширкат эълон мешаванд. Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, “Барқи тоҷик” умедвор аст, ки пас аз роҳандозии телефонҳои боварӣ бештар аз вазъи воқеии барқрасонӣ ба мардуму дигар мизоҷон огоҳ хоҳад шуд.

Қарзи "Барқи тоҷик" ба 154 миллион доллар расид

“Тавассути телефони боварӣ бо мо ҳамкорӣ намудан ба манфиати ҳар як шахс ва тамоми ҷомеа мебошад. Шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои 93-355-51-51, 93-355-52-52, 235-86-84 занг зада, мушкили худро бо мо дар миён гузоранд”, - гуфт ӯ.

“Барқи тоҷик” танҳо ширкати истеҳсол, интиқол ва фурӯши барқи Тоҷикистон аст, ки солона ҳудуди 20 миллиард киловат-соат барқро истеҳсол ва тавзеъ мекунад.

558
Барчаспҳо:
фаъолсозӣ, лимити барқ, телефони боварӣ, телефон, "Барқи тоҷик"
Зима в городе Душанбе

Вазорати тандурустӣ: омори шабонарӯзи ахири коронавирус ба сифр баробар аст

26
(Таҷдидшуда 18:21 16.01.2021)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориш додааст, ки шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон ягон нафар ба коронавирус гирифтор нашудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ  ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Дар маҷмӯъ то имрӯз, 16 январ дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Қобилҷон Гиёев, собиқ сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт пештар дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикстон гуфт, дар COVID – 19 дар Тоҷикистон ҷазояшро дид, аммо набояд ғафлат кард.

Ин пизишке, ки аз замони оғози гирудор бо “вируси корона” бо усули ғайримаъмулии табобаташ мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор дошт, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пирӯзии мардум ва ҳукумати Тоҷикистон, дар навбати аввал, раҳбарияти вазорати тандурустӣ ва тамоми пизишкони кишвар шароитеро ба вуҷуд овардааст, ки “вируси корона” дигар ба он вусъату паҳно сар боло накунад.

Пас аз бемории коронавирус иммунитети бадан то кай пойдор мемонад?

“Агарчи дар кишварҳои дигари ҷаҳон ин вирус ҳанӯз бедодгарӣ мекунад, дар Тоҷикистон бо сабабҳои комилан маълум шикаст хӯрдааст. Қабл аз ҳама, дар ҷомеа масъунияти умумӣ ба вуҷуд омад, ки густариши ин маризиро батамом кунд кард. Аз сӯи дигар, боду ҳаво, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва ҳам гум шудани воҳимаву тарси мардум мӯҷиби ин шикаст шудааст”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

26
Покупатель на рынке Мехргон в Душанбе

Соли қиматӣ: нархи чиҳо чӣ қадар болову пойин рафтааст? омори расмӣ

77
(Таҷдидшуда 19:08 16.01.2021)
Додаҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки қимати маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар Тоҷикистон соли гузашта як болоравии бесобиқаеро таҷриба кардааст

 ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, шуруъ аз оғози соли 2020 аз гуруҳу намудҳои асосии маводи ғизоӣ бештар аз ҳама афзоиши нархи маҳсулоти рӯғаниву чарбу (42,2%), шакар (40,7%), картушка (19,8%), тухм (18,9%), маҳсулоти нонвоӣ (13,8%), гӯшт (5,7%), меваҷот (4,7%), ширу маҳсулоти ширӣ (4,3%) иттифоқ афтодааст.

“Моҳи декабри соли 2020 аз байни маҳсулоти ғизоии мушоҳидашуда муҳиммтарин афзоиш дар қимати лиму - 24.3% , помидор - 8.2%, равғанӣ - 6.5% , бодиринг - 6.2% , шир - 5.5% , равғани растанӣ - 4.5% , себ - 2.2% , лубиё - 0.9% ва гӯшти гӯсфанд - 0.3% падид омадааст”, - иттилоъ медиҳад агентӣ.

Ҳамзамон, қиматҳои моҳи гузашта барои карам - 4.3, орди гандуми дараҷаи 1 - 3.5, пиёз - 3.4, , сабзӣ - 2.0 шакар - 0.6, гӯшти гов - 0.5 ва тухми мурғ - 0.4 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои агентӣ, тайи соли 2020 беш аз ҳама равғани пахта - 50,7, равғани растанӣ - 42,6, шакар - 40,7, гандуми сиёҳ (гречка) - 38.7, макарон - 30.0, картошка - 19.8, тухми мурғ - 18.9, орди гандуми дараҷа 1 - 16.4, нахӯд - 16.0, равғани маска - 14.3 , сабзӣ - 12.7 , гӯшти гӯсфанд - 8.5% , себ - 7.3%, гӯшти гов - 6.2% ва шир - 5 , 6% боло рафта, дар баробари ин қимати бодиринг - 49.9%, пиёз - 21.2% ва карам - 5.9% коҳиш ёфтааст.

Бензин арзон шуд Шохисҳои қимати маҳсулоти ғайриғизоӣ дар декабри соли 2020 0.6% афзоиш ёфтааст, аз он ҷумла пӯшоку кафш - ҳар кадом 0.9% , қисмҳои эҳтиётии нақлиётӣ - 0.6% ва бензин - 0.7%. Дар канори ин, қимати гази моеъ 1.2 дарсад коҳиш ёфт.

Дар соли 2020 шохисҳои қимати маҳсулоти ғайриғизоӣ 5.8%, умдатан ба далели болоравии қимати маводи шуст (10.1%), масолеҳи сохтмонӣ (8.0%), доруворӣ (7, 8%), қисмҳои эҳтиётии нақлиётӣ - 6.6%, матоҳо - 5.1%, кафшҳо - 4.8% , пӯшок - 4.3% ва гази моеъ - 4,2% афзудааст.

Шаҳрдорӣ гуфт, нархи кадом маҳсулот дар Душанбе чӣ қадар боло рафтааст

Ҳамзамон, коҳиши қимати сӯхти дизелӣ - 17.2 ва бензин - 13.8 дарсад мушоҳида шуд. Шохисҳои қимат ва таруфаҳои хизматрасониҳои пулӣ, ки дар декабри соли 2020 ба мардум ироа мешавад, 0.2% афзоиш ёфтааст. Дар соли 2020 қиматҳо ва таруфаҳои хизматрасониҳои пулӣ, ки ба таври куллӣ ба мардум ироа мешавад, 4.0% афзоиш ёфтааст, аз ҷумла ҳазинаи сафари ҳавоӣ - 30.0% ва хадамоти маошӣ - 6.7%.

77

Навори зебоии шафақи қутбӣ аз Кайҳон

0
(Таҷдидшуда 18:41 16.01.2021)
Кайҳоннаварди рус Сергей Куд-Сверчков нишон дод, ки шафақи қутбӣ (Северное сияние) аз Кайҳон чӣ гунааст

Кайҳоннавард ин падидаи табии зеборо дар телефони ҳамрощи худ аз истгоҳи кайҳонии байналмилалӣ дар режими таймлапс ба навор гирифта, дар саҳифаи Instagram-аш ба нашр расонидааст.

"Мо парвозро аз болои Уқёнуси Ором оғоз карда, аз болои шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида ва Канада парвоз мекунем ва сипас саҳаргоҳро болои Атлантика пешвоз мегирем", - навиштааст кайҳоннавард дар Instagram.

Беҳтарин аксҳо ва паёмҳо аз кайҳон дар моҳи май - гузориши аксӣ

Инчунин Куд-Сверчков гуфт, ки ба шарофати равшании нури Моҳ ҳатто шабона аз истгоҳ уқёнус, абрҳо ва шаҳрҳои шабона дидан имкон аст.

Кайҳоннавард фаҳмонд, ки ин падидаи зебо аз замин чандон намеён нест аз кайон шафақи қутбӣ бисёр зебо ба назар меёбад.

0
Барчаспҳо:
рус, кайҳоннавардӣ, кайҳон