Таджикская модель Карина Комил

Бори нахуст: модели тоҷик дар маҷаллаи Vogue

1160
(Таҷдидшуда 20:33 20.12.2020)
Лутфу хироми як зани арабро дар сафҳаҳои маҷаллаи Vogue, модели зодаи Тоҷикистон, Карина Комил муаррифӣ кард, ки аз нахустин баромадҳояш дар чунин сатҳ мебошад

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Шумораи моҳи декабрии Vogue Arabia бо эҷодкориҳои тарроҳ Нура Сулаймон дар  муқоваи аввалаш нашр шуд. Чеҳраи намоиши мӯд дар саҳифаҳои яке аз маъруфтарин маҷаллаҳо, модели тоҷик Карина Комил шуд.

Нусхаи коғазиро танҳо дар Дубай пайдо кардан мумкин аст, аммо нусхаи электронии мақола дар вебсайти Vogue дастрас аст.

"Хеле хушбахтам, ки аввалин зани тоҷик мебошам, ки шомили Vogue гардидам. Аксҳои ман дар маҷалла, вебсайт ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд. Мо ҳеҷ гоҳ дар чунин миқёс баромад накарда будем. Касе бовар намекунад, аммо як моҳ пеш орзу карда будам, ки ба Vogue - ба қуллаи кори моделӣ шомил шавам ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ман бениҳоят хушбахтам! Ман аз хушбахтӣ ҷаҳида, гиря кардам ва бовар накардам, ки ин чӣ қадар ҳаяҷонбахш аст", - изҳор дошт модели тоҷик дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Модел худаш ҳам ҳайрон аст, ки чӣ гуна шуд, ки регистонҳои бепоёни Арабистонро як зодаи Тоҷикистони кӯҳӣ муаррифӣ мекунад.

Страница декабрьского журнала Vogue Arabia
Страница декабрьского журнала Vogue Arabia

Шумораи декабри ин маҷаллаи мусаввара ба Арабистони Саудӣ, пеш аз ҳама ба ҷойу масирҳои нави сайёҳӣ - Ал-Ула ва Неом бахшида шудаанд, ки фаъолона инкишоф меёбанд. Наворбардории тарроҳони машҳур маҳз дар ин ҷойҳои намоён сурат гирифтаанд. Ба Карина, ки ҳоло дар Риёз зиндагӣ мекунад, тавре мегӯянд, бахташ хандид.

"То нашри мақолаи "Назокат аз ҳама чиз болост" тарроҳи саудӣ Нура Сулаймон аввалин маҷмӯаи эҷодкориҳояшро намоиш дода, ба саҳифаҳои Vogue роҳ ёфт. Маҷалла маҷмӯаи ӯро хеле шево ва маро  - хеле зебо дарёфт" - мегӯяд духтар.

Тарроҳи саудӣ, сарфи назар аз таҷрибаи ками худ, худро устоди воқеӣ нишон дод: вай ба интихоби моделҳо, интихоби тасвир, мувофиқ кардани сарулибос ва ҳатто ҷузъиёти хурд - то сояранги маникюр хеле бодиққат буд, - нақл кард Карина Комил.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от 📍Саудовская Аравия / 🇸🇦RIYADH (@karina_komil)

Тарроҳ ба он таваҷҷуҳ кардааст, ки либосҳояш дар акс ҷаззобу зебо ба назар расанд.

"Вай пас аз омӯзиши акс дар Instagram маро интихоб кард, зеро дар Арабистони Саудӣ агентии моделӣ вуҷуд надорад", - илова кард Карина Комил.

Бо вуҷуди иқлими гарми нимҷазира, коллексияи пешниҳодшуда зимистонӣ аст.

"Аксбардорӣ дар хонаи дизайнер сурат гирифтааст, ки чанд рӯзро дар бар гирифт. Ин як раванди печида аст, аммо муҳит  сабук ва гуворо буд. Ҷузъиёти ҷолиб ин аст, ки ман тақрибан пардоз, ороиши рӯй надоштам", - гуфт модели тоҷик.

Карина Комил гуфт, баъди нашри аксҳо дар маҷалла муносибати муштариён низ ба самти мусбат тағйир ёфтааст. Пешниҳодҳо аз тамғаҳои маъруф ворид шуда истоданд, онҳо мехоҳанд, ки либосҳояшонро "модел аз  Vogue" намоиш диҳад.

"Ман мехоҳам бигӯям, ҳама чиз имконпазир аст, агар воқеан хоҳиш бошад. Бале, хоҳиш доштам ва ба сатҳи нав расидам ва омодаам ба сӯи орзуҳои дигар ҳаракат кунам. ", - изҳор дошт модел.

1160
Барчаспҳо:
маҷалла, Арабистон, Тоҷикистон
Денежные купюры.

Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард

0
(Таҷдидшуда 00:23 02.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард, ки асъори миллӣ нисбат ба ҳафтаи гузашта каме тақвият ёфтааст

ДУШАНБЕ, 2 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1527 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6174 то 13.8100 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1527 то 0.1540 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1515 - 0,1540 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1515 то 0.1545 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.

Пешгӯиҳо дар мавриди қурби рублу доллар дар моҳи март

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

 

0
День 2 марта

Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих

56
(Таҷдидшуда 19:06 01.03.2021)
Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд

Рӯзи 2 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1993 Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба нафту газ ташкил карда шуд.

Соли 1923 дар ИМА аввалин шумораи маҷаллаи "Time" нашр шуд.

Соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Ӯзбекистон  ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви Созмони Милали Муттаҳид шуданд.

Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд.

День 27 февраля нац
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2011 дар Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ гардид.

Соли 2016 аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 март

  • Рӯзи байналмилалии гӯгирд.
  • Дар Ливия – Рӯзи тахлия.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1946 - журналист Мухиддин Олимпур. 

Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.

Соли 1959 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.

56
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон