ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Нурмуҳммад Қаҳҳоров, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён ба рӯзномаи “Фараж” таъкид доштааст, ки дар ин давра 3 километру 277 метр роҳ таъмири асосӣ, 142 километр таъмири ҷорӣ, даҳо километр роҳ сангфарш гардида, пулу қубурҳо таъмир шуданд.
Ҳамзамон вай илова кардааст, ки омодагии муассиса ба фасли зимистон хуб буда, маводи зидди лағжиш, сару либос барои коргарон, хӯрокворӣ захира карда шуда, инчунин техникаҳои роҳдорӣ барои тоза кардани роҳҳо аз барф омода мебошанд.
Бонки аврупоӣ ба ВМКБ 28 адад техникаи роҳсозӣ дод
Ҳамзамон вай гуфт, дар умум дар мувозинаи ин идора 230,1 километр роҳ вобаста карда шудаст. Масъулони мақомоти ноҳия ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён талош доранд, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ҳолати хуби роҳҳои мошингардро пурра барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт таъмин созанд.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ҳудуди 70 дарсади меҳмононе, ки ба маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов даъват шудаанд, намояндагони халқ мебошад, хабар медиҳад Суюнбек Қасмамбетов роҳбари кумитаи ташкилоти ин маросим.
“Даъватнома унвонии намояндагони фарҳанг ва элитаи илмӣ ирсол шудааст. Мо асосан дархостҳои штаби президент Ҷабборовро ба инобат гирифтем. Аз ин рӯ, бо дархости онҳо ҳудуди 70 дарсади меҳмононро одамони оддӣ ташкил медиҳанд”, - шарҳ додааст Қасмамбетов.
Ӯ таъкид намуд, ки ба маросими савгандёдкунии кишвардори нави Қирғизистон элитаи хориҷӣ даъват нашудааст. Танҳо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, аъзои ҳукумати Қирғизистон, Суди Олӣ, Палатаи конститутсионӣ ва мақомоти марказии давлатӣ ҳузур пайдо мекунанд.
Барои доир шудани маъракаи савгандёдкунӣ 15 миллион сом, муодили 177 ҳазор доллар ихтисос дода шудааст. Ҳоло бошад, аллакай 10 миллион сом (118 ҳазор доллар) масраф шудааст.
Зимнан, чанде пеш Ҳукумати Қирғизистон бо роҳбарии Содир Ҷабборов дубора ба истеъфо рафт.
Коршинос дар бораи зарфиятҳои Ҷабборов барои ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистон
Ин тасмимро кабинаи вазирони Қирғизистон дар робита ба эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ гирифтааст.
Ҷабборов дар ҷараёни тазоҳуротҳо, ки пас аз интихоботи парлумонии моҳи октябр сар зада буд, нахуствазир интихоб шуд ва номзадии худро ба мақоми раисҷумҳурӣ пешниҳод кард ва бо ба даст овардани раъйи бештари интихобкунандагон кишвардори Қирғизистон баргузида шуд.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар баробари чанд масоил, ки дар машварати васеъ бо раиси вилоят муҳокима шуд, ҳамчунин масъалаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба иттилои котиботи раиси ВМКБ, дар мавриди омодагӣ ба маъракаи баҳорӣ, муовини коммисари ҳарбӣ Давлатбеки Абру ба Файзов ҳисобот дод.
Қарори нави раиси шаҳр: нақшаи даъвати баҳорӣ барои хизмати ҳарбӣ дар соли 2020 тасдиқ шуд
Зимнан, худи раиси вилоят ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва ҳамчунин коммисариятҳои ҳарбӣ супориш дод, ки маъракаи даъвати ҳарбиро бо сифати баланд анҷом диҳанд.
Раиси вилоят таъкид намудааст, ки анъанаи дар рӯзҳои аввал иҷро гардидани нақшаи даъватро ҳамоно идома диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ВМКБ давоми се соли охир даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамалкат дар ҳудуди вилоят давоми 1 руз иҷро мегардад.
Рӯзи гузашта, тарҳи қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон қабул гардид.
Акнун ҷавононе, ки дар синни хизмат қарор доранд, вале аз хизмат канор мемонанд, метавонанд бо пардохт намудани маблағ ва машқи якмоҳа дар ҳайати неруҳои захиравӣ, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.
Навигариҳои хизмати ҳарбӣ: хизмати пулакӣ, дипломдорҳо ҳам раванд, ба кор намегиранд
Гузашта аз ин, ҷавононе, ки донишгоҳҳоро новобаста аз кафедраи ҳарбӣ доштанашон хатм мекунанд, танҳо пас аз як соли хизмати аскарӣ, соҳиби рутба мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои дорои кафедраҳои ҳарбӣ доштаро хатм мекарданд, рутбаи афсари эҳтиётиро мегарифтанд ва аз хизмат озод буданд.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Воксина бар зидди вируси корона Sputnik V-и сохти Русия нисбат ба дигар воксинаҳо самаранокии беҳтареро нишон додааст, гуфт Карлос Сала, коршиноси шӯрои илмию тадқиқотии байналмилалӣ.
"Мо ҳамеша ба стратегияи истифодаи векторҳои гуногуни аденовирус, ки фарзияи самаранокии зиёд дорад, таваҷҷӯҳ хос зоҳир мекунем. Ва мо ҳоло шоҳиди он ҳастем, чунки дар муқоиса бо ваксинаҳои дигар дар як платформа, "Спутник V" натиҷаҳо беҳтар нишон дод", - гуфт ӯ ба РИА Новости.
Коршинос инро як навоварӣ донист.
Воксинаи "Спутник V" дар асоси векторҳои аденовирус сохта шудааст, ки ба он яке аз сафедаи вируси SARS-CoV-2 ҳамроҳ карда шудааст. Дар баробари ин, худи аденовирусҳо аз қобилияти бунёди такрорӣ маҳруманд - онҳо системаи интиқоли маводи генетикӣ (антиген) ба ҳуҷайраҳои бадани инсон мебошанд.
Воксинаҳои Русия бар зидди COVID-19
Дар моҳи август, вазорати тандурустии Русия аввалин воксинаи зидди COVID-19 дар ҷаҳонро ба қайд гирифт, ки онро Маркази Гамалеяи Русия таҳия намуда, дар якҷоягӣ бо Бунёди сармоягузории мустақими Русия истеҳсол мекунад.
Ба ин воксина номи "Спутник V" гузоштанд. Воксина аз ду компонент иборат аст, ки бо фосилаи се ҳафта эм мешавад.
Воксинаи дуюми Русия бар зидди коронавируси "ЭпиВакКорона" аз тарафи маркази "Вектор" -и Новосибирск таҳия шудааст.
Ғайр аз ин, воксинаи "зинда" -и Маркази тадқиқот ва таҳияи маводҳои иммунобиологии ба номи Чумакови Академияи улуми Русия низ дар марҳилаи озмоишҳои клиникӣ қарор дорад.
Ба вазорати тандурустӣ алакай барои сабти ин воксина санадҳои дахлдор равон карда шудааст.
Қаблан радио Sputnik хабар дода буд, ки мақомоти назоратии Маҷористон истифодаи воксинаи "Спутник V"-ро иҷозат додааст.