Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар Ховалинг

Раҳимзода ваъда дод, ки аз ҳисоби ВКД мактабҳои Ховалингро бо ангишт таъмин мекунад

890
(Таҷдидшуда 16:30 21.12.2020)
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, дар ноҳияи Ховалинг гуфтааст, ки ба мактабҳои ноҳия аз ҳисоби вазорат ангишт мефиристад

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Вазир, ки ҳамакун раиси Ситоди нав оид ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аст, дар ноҳияи Ховалинг бо фаъолон ҷаласа баргузор кардааст.

Раҳимзода гуфтааст, ки бояд феълан то 15 фоиз истифодаи қувваи барқро коҳиш дод.

Вазир дар ҳамин ҷаласа гуфтааст, ки мактабҳову беморхонаҳои ноҳияро бо ангишт таъмин мекунад.

"Вазири корҳои дохилӣ  зикр кард, ки  бо корҳои анҷомдодашуда барои зимистонгузаронии мактабҳо ва беморхонаҳо шинос шуд ва аз ҳисоби вазорат онҳоро бо захираи ангишт таъмин менамоянд", - менависад котиботи ВКД.

Нигаронии Расулзода аз истифода зиёди барқ дар Бохтар: ҳамчун ватандор бояд муносибат кард

Пештар Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон зимни як ҷаласа бо намояндагони ин ниҳод ва масъулони соҳаи энергетика ва ширкати “Барқи Тоҷик” дар минтақаи Хатлон дастур дод, ки барои ошкорсозии “барқдуздҳо” санҷишҳо гузаронида шавад.

890
Наручники висят на дверной ручки, архивное фото

Боздошти ду мард: дилхоҳ ҳуҷҷатҳои ронандагиро қалбакӣ тайёр мекарданд

20
(Таҷдидшуда 13:06 21.01.2021)
Вазорати умури дохилааи Тоҷикистон мегӯяд, даст доштани онҳо дар ҳафт ҳолат тасдиқ шуд ва акнун нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Тоҷибоев Ибодуллои 60 - сола ва Неъматуллоев Зарифҷони 45 - соларо кормандони милитсия дастгир намуданд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ду боздоштшуда сокинони вилояти Хатлон буда, дар сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам дониста мешаванд.

Ба номи варзишгарон, аммо ба киссаи худ: боздошти мақомдорони Конибодом

Манбаъ меафзояд, номбурдагон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои ронандагӣ машғул будаанд.

"Аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА "Амонатбонк" оиди пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекарданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки даст доштани онҳо дар 7 ҳолат ошкор шудааст. 

Феълан, нисбат ба номбурдагон бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

20
Барчаспҳо:
ҳуҷҷат, сохтакорӣ, боздошт
Гости и участники форума предпринимателей

Дар Тоҷикистон бештар аз 20 ҳазор соҳибкор муфлис шуданд

39
(Таҷдидшуда 12:50 21.01.2021)
Соли гузашта дар пайи пандемия бештар аз 23 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон фаъолияташонро боздоштаанд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон соли 2020 даҳҳо ҳазор соҳибкор муфлис шудаанд, хабар медтиҳад "Авеста" дар истинод ба Агентии омори кишвар.

Бино бар омор, аз моҳи январ то ноябри соли 2020 бештар аз 23,8 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ фаъолрияташаонро боздоштанд.

Аз ин ҳисоб 850 ҳолати шахсони ҳуқуқӣ ва боқимонда 23 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ буданд.

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки аз авоили моҳи январи соли 2021 дар Тоҷикистон 641 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аз онҳо бештар аз 529 ҳазорашон соҳибкорони инфиродӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, аз авали сол шумораи субъектҳои хоҷагидории фаъолияткунанда ба 339 ҳазор баробар будааст.

Самбӯсаҳои "ғайриқонунӣ": милисаҳои Душанбе соҳибкори барқдуздро ошкор карданд

Ёдрас мешавем, ки охирҳои соли гузашта дар Тоҷикистон шумораҳои ташкилоти молиявии хурд кам шуд. Бештари онҳо фаъолияташонро барҳам доданд.

Феълан дар ҷумҳурӣ 19 бонк, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 ташкилоти қарзии хурд, 27 бунёди қарзии хурд фаъолият мекунанд.

39