На заседании Совета Безопасности ООН

190 кишвар дастгирӣ кард: тасвиби қатъномаи пешниҳодии Тоҷикистон дар бораи об дар СММ

206
(Таҷдидшуда 15:13 22.12.2020)
Маҷмаи умумии СММ рӯзи 21 декабр қатъномаи ҷаҳонии об барои тавсеаи пойдори соли 2018-2028-ро, ки аз сӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Голландия ироа шуда буд тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории АМИТ Ховар, ин қатънома бо раъйи мувофиқ 190 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид.

Дар чорчӯби қатъномаи об барои тавсеъаи пойдори 2018 -2028 қарор аст ҳамоиши байналмилалӣ дар соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милал баргузор шуд.

Ҳамчунин дар соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ нақши об дар коҳиши фақру бекорӣ, беҳбуди хадамоти беҳдоштӣ, дармонӣ ва тадвини барномаи таъмини оби мавриди ниёзи кишварҳо баргузор хоҳад шуд.

Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси ҷаҳонии об, ки ноябри соли 2015 дар Будапешт, пойтахти ҷумҳурии Маҷористон баргузор шуд тарҳи ҷаҳонии об барои тавсеъаи пойдор дар даҳаи 2018 -2028-ро пешниҳод кард.

206
Барчаспҳо:
об, тасвиб, қатънома, СММ, Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, председатель ГБАО

Қонунро иҷро намекунанд: интиқоди Ёдгор Файзов аз бархе роҳбарону раисони ноҳияҳои ВМКБ

6
(Таҷдидшуда 16:41 21.01.2021)
Раиси ВМКБ аз шикояти зиёд шаҳрвандон дар бораи нақзи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби бархе роҳбарони идораву муассисаҳо ва раисони ноҳияҳои вилоят таъкид кард

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар машварати ​васеи назди раиси вилоят  супориш дод, ки масъалаи мазкур​ таҳти назорати ҷиддӣ қарор​ гирифта, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар ин ҷаласа Ёдгор Файзов бо изҳори нигаронӣ аз иштироки ғайрифаъоли​ табақаҳои гуногуни​ вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба хусус дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва​ “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” гуфт, ки​ дар баробари толибилмони муассисаҳои таълимӣ бояд​ донишҷӯёни донишгоҳ, коллеҷи тиббӣ ва аъзои бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ дар чунин озмунҳо иштирок намуда, маҳорати​ баланди донишандӯзӣ нишон диҳанд.​

​Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ​ дар ҳудуди ВМКБ​ зимни машварати васеъ​ мавриди таҳлил қарор дода шуда​, муовини комиссари ҳарбии вилоят Давлатбеки Абру​ дар ин бора маълумот пешниҳод намуд.

Қайд шудааст, ки давоми се соли охир​ даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳудуди вилоят дар муддати 1 рӯз иҷро гардида, ҷавонписарони ватандӯсту худогоҳи кишвар барои хизмати Ватан - ​ ихтиёрона ба хизмат  сафарбар гардиданд.​

Раиси ВМКБ​ Ёдгор Файзов роҳбарони шаҳру​ ноҳия ва комиссарони ҳарбиро даъват кард, ки барои​ ​ ​бо сифати баланд иҷро намудани нақшаи даъвати​ баҳорӣ ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи мамлакат аз имрӯз омодагӣ дида,​ анъанаи​ иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввалро идома диҳанд.

6
Барчаспҳо:
шаҳрванд, ноҳия, раис, интиқод, ВМКБ, Тоҷикистон
Мубинджон Ахмедов на соревнованиях

Баъди муолиҷаи захмҳои корд, Мубинҷон Аҳмадов ба тамрин шурӯъ намуд

19
(Таҷдидшуда 16:54 21.01.2021)
Мубинҷон Аҳмадов, ҷавонпаҳлавони шинохтаи тоҷик, ки дар оғози моҳи декабри соли 2020 дар пайи ҳамлаи як гурӯҳ ҷавонон дар Хуҷанд аз зарби корд захмин гашта буд, аз бемористон рухсат шудааст

ДУШАНБЕ, 21 янв – Sputnik. Аҳмадов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, табибони Бемористони шаҳрии № 1 - и Хуҷанд беш аз ду ҳафта захмҳои бардоштаашро тадобӣ намуда, дар поёни моҳи декабр барои рухсат шудан ба хонааш иҷоза додаанд.

Бино ба гуфтаи табибон, захми корд ба ноҳияи шуш ва гурдаи варзишгар осеб расонидааст.

"Худоро шукр, ки ҷарроҳии захмҳо ба хубӣ сипарӣ шуд. Ташаккур ба табибон, ки дар барқароршавии саломатии ман кӯшиш намуданд. Ҳоло кам-кам ба машқу тамрин сар кардаам", - гуфт варзишгар.

Мубинҷон Аҳмадов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳодисаи захминшавиаш аз зарби кордро нақл кард. Ӯ гуфт, "шоми санаи 6  декабри соли 2020, ҳамроҳ бо як гурӯҳ ҷавонон дар варзишгоҳи воқеъ дар боғи "Ғалаба" - и Хуҷанд футбол бозӣ кардем ва дар ҷараёни бозӣ бо як ҷавон "нофаҳмие" ба вуҷуд омада, аз ҳамдигар узр пурсида ба бозӣ идома додем.

" Баъди берун шудан аз варзишгоҳ ҳудуди 20 нафар бо он ҷавон якҷо шуда, бо корд ба ман ҳамла карданд. Дар шоми хира кӣ маро бо корд зад, дуруст дида натавонистам", - шарҳ дод Аҳмадов.

Аз Комроншоҳу Хушқадам то Баҳодур: 10 варзишгари беҳтарин Тоҷикистон аз нигоҳи АЖРВТ

Акбар Шарифӣ котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд ҳодисаи рухдода ба Аҳмадовро шарҳ дода гуфт, ки ду нафар аз омилони ҳамла ба варзишгар дастгир шуда, нисбати онҳо, ки яке хонандаи мактаб (15 - сола)  ва дигаре ҷавони 21 - сола аст, парвандаи ҷиноӣ ба ҷурми "авбошӣ" ва "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" оғоз карда шудааст.

"Кормандони милиса муайян кардаанд, ки ҷавони 21 ва ноболиғи 15-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи боғи фароғатии "Ғалаба", воқеъ дар маҳаллаи 18-уми шаҳри мазкур бо ду ҷавони 24-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

"Сипас ноболиғи 15-сола бо корд 1 маротиба ба шиками ҷавони 24-сола задааст. Баъдан, шахси ба тафтишот номаълум ба ҷанҷоли онҳо ҳамроҳ шуда, бо корд ба бадани ҷавони дигари 24-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - гуфт манбаъ.

Мубинҷон Аҳмадов сокини 24 - солаи шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ барандаи медали бринҷии қаҳрамоии Осиё аз рӯи гуштини тарзи юнонӣ - румӣ дар вазни 63 кг аст, ки феврали соли 2020 дар шаҳри Деҳлии кишвари Ҳиндустон ба даст овардааст.

Ба ҷуз ин, ӯ соли 2019 дар чандин мусобиқаҳои минтақавию байналмиллалӣ дар кишвари Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Фаронса иштирок карда, мақоми ифтихориро ишғол намудааст. Ғолиби 5 каратаи Тоҷикистон аз рӯи гуштини тарзи юнониву румӣ дар вазни 63 кг аст.

Ӯ аз соли 2007 то соли 2018 дар мактаб ва Омӯзишгоҳи захиравии олимпии Русия дар шаҳри Маскав таҳсил кардааст. Шурӯъ аз соли 2018 ӯ ба кишвар баргашта, узви тими мунтахаби Олимпии Тоҷикистон мебошад.

Аҳмадов гуфт, мутаасифона бо сабаби рухдоди ҳодисаи рӯзи 6 декабр ба мусобиқаи ҷаҳонии шаҳри Белгарди кишвари Сербистон иштирок карда натавонист.

“Кӣ медонад, ки пагоҳ чӣ иттифоқе рух медиҳад, ба ҷуз Офаридгор ҳеҷ кас. Барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиядаи шаҳри Токиои Ҷопон омодагӣ мебинам ва умедворам, ки ба ин ниятам муваффақ гардам", - зикр кард варзишгар.

19
Барчаспҳо:
тамрин, корд, Хуҷанд, варзишгар