Русия барои сохтмони мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо кард

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПредседатель правительства РФ Михаил Мишустин
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуствазири Русия Михаил Мишустин қарор дар бораи ҷудо намудани 30 миллион доллар бари сохтмон ва таъминоти мактабҳои русӣ дар Тоҷикистонро имзо кард

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Русия барои сохтмони ва таъмини мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон 30 миллион доллар ихтисос хоҳад дод.

Қарори нахуствазитри Русия Михаил Мишустин ахиран дар сомоани маълумоти ҳуқуқии Русия нашр шудааст.

Русия маблағҳои мазкурро ба Тоҷикистон тибқи шартномаи байналмилалӣ, ки миёни ду кишвар санаи 17 апрели соли 2019 ба имзо расида буд, ҷудо намудааст.

Тибқи санади мазкур, Русия ба Бунёди устуворшавӣ ва рушди Иттиҳодияи АвруОсиё 30 миллион доллар ихтисос медиҳад. Ин маблағҳо ба сохтмону таъминоти молиявӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ, ки таҳсилот дар онҳо ба забони русӣ фаро гирифта шудааст, равона мегардад.

Сухан пеш аз ҳама дар бораи мактабҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, бохтар ва Турсунзода меравад.

Аз ин маблағ қисми аввали он дар ҳаҷми 3 миллион доллар бояд то охири сол ихтисос ёбад. Қисми дувуми ин маблағ дар ҳаҷми 27 миллион доллар дар соли 2021 ҷудо карда мешавад.

Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон
Мактабҳои русӣ баъди 2 сол дар 5 шаҳри Тоҷикистон бунёд мегарданд

Ин маблағҳо ба корҳои лоиҳавӣ ва пешпардохти корҳои сохтмонӣ равона хоҳанд шуд.

Нахуствазири Русия ба Вазорати умури хориҷаи Русия дастур дод, ки ҳукумати Тоҷикистонро дар ин бора хабардор кунад.  

Вазорати молия бо Бунёди устуворшавӣ ва рушди АвруОсиё тартиби гузаронидани маблағ, инчунин пардохти ин маблағ аз буҷаи давлати Русияро таъмин хоҳад кард.   

Ёдрас мешавем, ки дар моҳи апрели соли 2019 миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия созишномаи 5-сола дар бораи сохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳрҳои мухталифи ҷумҳурӣ, ба имзо расида буд.

Қарор аст, дар ҳар як ин мактаб 1,2 ҳазор кӯдак ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Созишномаи мазкур моҳи феврали соли равон аз тарафи Думаи давлатӣ ва шӯрои Федератсияи Русия тасдиқ ёфт.

Лентаи хабарҳо
0