Вазорати меҳнат дар мардикорбозори Бохтар ҷойҳои кории холӣ ташкил кард

Вазорати меҳнат дар мардикорбозори Бохтар ярмаркаи ҷойҳои корӣ ташкил кард

139
(Таҷдидшуда 13:28 23.12.2020)
Дар ярмаркаи мазкур шуъбаву бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хатлон беш аз 225 ҷойҳои нави кориро пешниҳод намуда, танҳо 43 нафар тавонистанд, ки аз рӯйи ихтисос ва касб бо ҷойи кори доимӣ роҳхат пайдо намоянд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар мардикорбозори шаҳри Бохтар ярмаркаи ҷойҳои корӣ ташкил карда шуд, иттилоъ медиҳад Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

"Иқдоми мазкур дар доираи мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо корҷӯёни шаҳри Бохтар роҳандозӣ карда шуда, беш аз 225 ҷойҳои нави кории холӣ барои корҷӯёни шаҳри Бохтар пешниҳод карда шуд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар ярмарка шуъбаву бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Вахш, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҷойҳои нави кориро пешниҳод карданд.

"Беш аз 225 ҷойҳои нави кориро пешниҳод гардида, танҳо 43 нафар тавонистанд, ки аз рӯйи ихтисос ва касб бо ҷойи кори доимӣ роҳхат пайдо намоянд", - афзудааст манбаъ.

Дар ярмаркаи мазкур Маркази таълимии калонсолони шаҳри Бохтар аз миёни корҷӯёни хоҳишманд 274 нафарро барои омӯзиши курсҳои кутоҳмуддат ҷалб намуда, бақайдгирии хоҳишмандон дар маркази корҷӯёни шаҳри Бохтар то мавсими оғози курсҳои омӯзишии калонсолон идома меёбад.

Таъсир ба бозори “мардикорон” -и Хуҷанд: COVID-19 нархи корҳоро арзон кард

Курсҳои омӯзишӣ барои корҷӯёни шаҳри Бохтар дар Маркази касбомӯзии калонсолони шаҳри Бохтар аввали моҳи январи соли 2021 оғоз гардида, пас аз хатми курс довталабон бо шаҳодатнома ва ё дипломи хатми курс аз рӯи ихтисос дода мешавад.

139
Покупатель на рынке Мехргон в Душанбе

Соли қиматӣ: нархи чиҳо чӣ қадар болову пойин рафтааст? омори расмӣ

33
(Таҷдидшуда 18:53 16.01.2021)
Додаҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки қимати маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар Тоҷикистон соли гузашта як болоравии бесобиқаеро таҷриба кардааст

 ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, шуруъ аз оғози соли 2020 аз гуруҳу намудҳои асосии маводи ғизоӣ бештар аз ҳама афзоиши нархи маҳсулоти рӯғаниву чарбу (42,2%), шакар (40,7%), картушка (19,8%), тухм (18,9%), маҳсулоти нонвоӣ (13,8%), гӯшт (5,7%), меваҷот (4,7%), ширу маҳсулоти ширӣ (4,3%) иттифоқ афтодааст.

“Моҳи декабри соли 2020 аз байни маҳсулоти ғизоии мушоҳидашуда муҳиммтарин афзоиш дар қимати лиму - 24.3% , помидор - 8.2%, равғанӣ - 6.5% , бодиринг - 6.2% , шир - 5.5% , равғани растанӣ - 4.5% , себ - 2.2% , лубиё - 0.9% ва гӯшти гӯсфанд - 0.3% падид омадааст”, - иттилоъ медиҳад агентӣ.

Ҳамзамон, қиматҳои моҳи гузашта барои карам - 4.3, орди гандуми дараҷаи 1 - 3.5, пиёз - 3.4, , сабзӣ - 2.0 шакар - 0.6, гӯшти гов - 0.5 ва тухми мурғ - 0.4 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои агентӣ, тайи соли 2020 беш аз ҳама равғани пахта - 50,7, равғани растанӣ - 42,6, шакар - 40,7, гандуми сиёҳ (гречка) - 38.7, макарон - 30.0, картошка - 19.8, тухми мурғ - 18.9, орди гандуми дараҷа 1 - 16.4, нахӯд - 16.0, равғани маска - 14.3 , сабзӣ - 12.7 , гӯшти гӯсфанд - 8.5% , себ - 7.3%, гӯшти гов - 6.2% ва шир - 5 , 6% боло рафта, дар баробари ин қимати бодиринг - 49.9%, пиёз - 21.2% ва карам - 5.9% коҳиш ёфтааст.

Бензин арзон шуд Шохисҳои қимати маҳсулоти ғайриғизоӣ дар декабри соли 2020 0.6% афзоиш ёфтааст, аз он ҷумла пӯшоку кафш - ҳар кадом 0.9% , қисмҳои эҳтиётии нақлиётӣ - 0.6% ва бензин - 0.7%. Дар канори ин, қимати гази моеъ 1.2 дарсад коҳиш ёфт.

Дар соли 2020 шохисҳои қимати маҳсулоти ғайриғизоӣ 5.8%, умдатан ба далели болоравии қимати маводи шуст (10.1%), масолеҳи сохтмонӣ (8.0%), доруворӣ (7, 8%), қисмҳои эҳтиётии нақлиётӣ - 6.6%, матоҳо - 5.1%, кафшҳо - 4.8% , пӯшок - 4.3% ва гази моеъ - 4,2% афзудааст.

Шаҳрдорӣ гуфт, нархи кадом маҳсулот дар Душанбе чӣ қадар боло рафтааст

Ҳамзамон, коҳиши қимати сӯхти дизелӣ - 17.2 ва бензин - 13.8 дарсад мушоҳида шуд. Шохисҳои қимат ва таруфаҳои хизматрасониҳои пулӣ, ки дар декабри соли 2020 ба мардум ироа мешавад, 0.2% афзоиш ёфтааст. Дар соли 2020 қиматҳо ва таруфаҳои хизматрасониҳои пулӣ, ки ба таври куллӣ ба мардум ироа мешавад, 4.0% афзоиш ёфтааст, аз ҷумла ҳазинаи сафари ҳавоӣ - 30.0% ва хадамоти маошӣ - 6.7%.

33
Походный рюкзак

Мақомот гуфтанд, шумори гардишгарон дар як соли коронавирус чӣ қадар коҳиш ёфтааст

9
(Таҷдидшуда 18:18 16.01.2021)
Боздиди гардишгарони хориҷӣ аз Тоҷикистон дар як соли гузаштаи милодӣ дар муқоиса бо соли 2019 ҳудуди 28 дарсад коҳиш нишон медиҳад

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Беш аз 350 ҳазор гардишгари хориҷӣ порсол аз Тоҷикистон боздид карданд, ки ин омор нишон медиҳад, густариши вируси корона ва баста шудани марзҳо вуруди гардишгарони хориҷиро ба ин кишвар 27.8 дарсад коҳиш додааст, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Тибқи иттилои манбаъ, 332 ҳазор нафар аз гардишгарони хориҷӣ, ки дар соли 2020 аз Тоҷикистон боздид карданд, аз кишварҳои ИДМ ва 18.5 ҳазор нафари дигар аз соири кишварҳо буданд.

Ӯзбекстониҳо, русҳо, қирғизистониҳо, қазоқистониҳо, афғонистониҳо, чиниҳо, ҳиндиҳо, эрониҳо ва амрикоиҳо ба тартиб бештари мусофирони Тоҷикистонро ташкил додаанд.

Умеди Тоҷикистон ба бахши саёҳӣ: ташкили ширкати сайёҳии нав “Силкей эдвенче”

Ин коҳиши мусофир дар ҳоле аст, ки теъдоди ширкатҳои гардишгарӣ дар Тоҷикистон дар соли гузашта бо 54 воҳид афзоиш ба 215 ширкат расидааст.

9
Барчаспҳо:
коҳиш, вируси корона, Тоҷикистон, гардишгарӣ, сайёҳӣ