Коко Джонмухаммад

Рафиқи рӯзҳои сахт: Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмондори Аҳмадшоҳ Масъуд

1109
(Таҷдидшуда 16:10 24.12.2020)
Коко Ҷонмуҳаммад, меҳмондори Аҳмадшоҳи Масъуд дар даврону ҷиҳоду муқовимат, аз сафари 24 сол пеши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба Хусдеҳ ҷузъиёти ҷолиберо ироа кард

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Коко Ҷонмуҳаммад, ки бо иттифоқи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Душанбе сафар карда буд, дар як суҳбати сарироҳӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қабл аз сафари раисҷумҳур Раҳмон ба Хусдеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд аз ӯ хост, ки аз Панҷшер ба Тахор ояд ва меҳмондории ҳайатҳои тоҷикиро бар дӯш гирад. Вай афзуд, Масъуд ӯро масъули меҳмондорӣ ва марҳум Муҳаммаддовуди Довуд, фармондеҳи вулусволии Фархорро масъули амнияти раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин кард.

Коко Ҷонмуҳаммад нақл кард, ки нн минтақаро Чамани Хусдеҳ мегуфтанд ва хонае ё бинои дигаре дар он ҷо марбути Омир соҳиб (Аҳмадшоҳи Масъуд - идора) набуд. Ӯ афзуд, ки он ҷо фақат камари кӯҳ буду чайлаҳои саҳроии брезентӣ, ки раис соҳиби ҷумҳур суҳбатҳои худро халос карданду омаданд ва шаб он ҷо монданд.

"Мо барои он кас се утоқ ё се чайла ҷӯр карда будем. Омир соҳиб ҳам гапҳои худро халос карду пушти кори худ рафт. Ман мондаму раис соҳиби ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон. Гуфтанд, ки биё, коко, як чакар занем. Аз наздикӣ дарёи Тахор мегузарад. Лаби дарёву ин тарафу он тараф гаштем. Раис соҳиб аз рӯзу рӯзгору кору борам пурсон кард ва ҳам қиссаҳое аз Тоҷикистон гуфт. Пас баргаштем ба чайла", - гуфт Коко Ҷонмуҳаммад.

Хусдеҳ як деҳае дар вулусволии Фархори вилояти Тахори Афғонистон аст, ки дар замони муқовимат алайҳи Толибон ва терроризми байнулмилалӣ пойгоҳи муҳимтарини неруҳои Ҷабҳаи Муттаҳиди Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳисоб мерафт. Чамани Хусдеҳ дар канори ин деҳа ҷойгир буда, дар гузашта тафреҳгоҳи шоҳони Афғонистон будааст.

Аммо дар таърихи Тоҷикистон Хусдеҳ ба масобаи як макони таърихие ёд мешавад, ки 10 - 11 декабри соли 1996 мизбони мулоқоти сеюми роҳбарони ҳукумату мухолифини тоҷик буд. Дар фарҷоми он ҷонибҳо як изҳороти муштарак пахш карданд ва протокол "Дар бораи танзими авзои низомию сиёсии минтақаи муқовимат” – ро ба имзо расонданд.

Ин мулоқотро дар Тоҷикистон, ки бо ибтикори Бурҳонуддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбарони Давлати исломии Афғонистон, баргузор шуд, як нуқтаи гардишӣ дар музокироти сулҳи тоҷикон арзёбӣ мекунанд, зеро пас аз он шиддати ҷангҳо дар дохили Тоҷикистону сарҳадаш бо Афғонистон бамаротиб поён омад.

“Ҳатман биёӣ!”

Аммо он шаби 10 ба 11 декабр барои Коко Ҷонмуҳаммад ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғози як рафоқати тӯлонӣ гашт. Меҳмондори Масъуд мегӯяд, он шаб Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ даъват кард, ки ба  Душанбе ояд.

“Гуфтам, раис соҳиби ҷумҳур, дар Душанбе чӣ кунам? Моро кӣ мегузорад, ки пеши худат биравам? Китобчаи ёддоштҳои маро гирифту навишт, ки “Рафиқ Зуҳуров (Сайидамир Зуҳуров, раиси вақти Кумитаи амнияти Тоҷикистон), вақте ки Коко меояд, оҷил пеши худам биёраш!”. Инро навишта карду дар дастам дод ва дар ҷайбам гузоштам. Чойро хӯрдему худоҳофизӣ кард. Боз таъкид кард, ки ҳатман биёӣ. Ҳамин тавр, мо дар зарфи як рӯз рафиқ шудем ва 24 сол ба ин сӯ рафоқат дорем”, - гуфт Коко Ҷонмуҳаммад.

Меҳмондори Масъуд мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмонро он замон як ҷавонмарди соҳиби қавл ва ҳадафманде дарёфт, ки ба сулҳу ояндаи ватанаш на фақат бовар, балки талош мекард ва худ сафараш ба Хусдеҳ як нишони азхудгузаштагии ӯ буд.

“Омир соҳиб дар бораи Эмомалӣ Раҳмон як гап мегуфт: ӯ як инсони бошахсият аст. Ва эҳтироми зиёд дошт. Ҳамеша занг мезаду ҳолу аҳвол мепурсид. Худи раис соҳиб низ алоқамандии зиёде ба Омир соҳиб дошт ва равобиташон хеле дӯстона буд”, - гуфт Коко Ҷонмуҳаммад.

Коко Ҷонмуҳаммад, зодаи рустои Бозораки вилояти Панҷшери Афғонистон аст, ки ҳанӯз солҳои 80 – уми асри гузашта ба нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд пайваст ва яке аз афроди наздики ӯ ба шумор мерафт. Ӯ дар замони ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ дар Кобул (1992 – 1996) ва ҳам даврони муқовимат алайҳи Толибон ва терроризми байнулмилалӣ (1996 – 2001) масъулияти меҳмондории тамоми меҳмонхонаҳои Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистонро ба дӯш дошт.

Меҳмондори хушсалиқа

Аммо он чӣ Коко Ҷонмуҳаммадро барои ҳама, қабл аз ҳама Аҳмадшоҳи Масъуд, маҳбуб карда буд, фарҳанги баланди меҳмондорӣ ва хулқу атвори инсонии ӯ буд.

Генерал Назирхон, собиқ корманди сафорати Афғонистон дар Душанбе, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳар меҳмоне ба сатҳи олӣ ё ба сатҳи пойин, ки дар вақти муқовимат дохили Панҷшер ё самти Шимол мешуд, аз сӯи Коко Ҷонмуҳаммад пазироӣ мешуд.

“Ӯ як инсони хушсалиқаву батамкин ва ҳам шӯху бозарофат аст. Иззату эҳтироми меҳмононро дар ҳама сатҳ ба ҷо меовард. Меҳмондориро бисёр ба хубиву хушӣ такмилу пайгирӣ мекард. Ҳама корро ба сатҳи оливу аҳсан анҷом медод. Аз ин хотир, тамоми меҳмонхонаҳое, ки марбути Омир соҳиб буд, масъули умумиаш ҳамин кас буд”, - гуфт генерал Назирхон.

Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ва ҳам шахси Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ки дар як маҷлис бо афғонҳои муқими Душанбе суҳбат мекарданд, ҳар як суханони баланду болое дар васфи Коко Ҷонмуҳаммади ҳозир дар толор гуфтанд.

Аммо нуктаи ҷолиби дигареро ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон зикр карданд, ки он ҳам ба рафоқати Эмомалӣ Раҳмон ва Коко Ҷонмуҳаммад аст. Ба қавли онҳо, Коко танҳо нафарест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамеша ӯро бо оғӯши боз ва бидуни таоруфҳои расмӣ мепазирад ва бо ӯ бо хандаву дилгармӣ соатҳо ба суҳбат мепардозад.

Муҳтавои ин ду рафиқе, ки 24 сол ба ин сӯ рафоқат доранд, ба касе маълум нест. Коко Ҷонмуҳаммад низ чизе нагуфт, зеро вақти парвозаш буд ва бояд мерафт.

Он чӣ фурсат нашуд аз ӯ пурсем, ин буд, ки чӣ гуна ду террористи араб - қотилони Масъудро пазироӣ карда буд. Ба қавли огаҳони ҳол, ӯ аз аввалин афроде буд, ки ба истихбороти Масъуд аз рафтори машкуки он ду нафар гузориш дода буд, аммо ҳарфҳои ӯро ҷиддӣ нагирифта буданд...

1109
Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳод, Аҳмадшоҳи Масъуд, Афғонистон
Сотрудники КЧС помогли мальчику освободить палец из гайки

Дар ангушти кӯдаки чорсола гайка руст шуд: табибон ҳам натавонистанд кумак кунанд

3
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз наҷоти тифле хабар медиҳанд, ки аз беназоратии волидонаш дар нагушташ гайка руст шудааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ба Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар вилояти Суғд хабар расидааст, ки дар ангушти тифли чорсола гайка рус шудаасту табибон ҳам илоҷи беосеб берун кардани онро намеёбанд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин занги телефонӣ субҳи имрӯз, соати 11:00 аз беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов расидааст.

Бо дарёфти хабар имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд фавран ба беморхона сафарбар шудаанд. Амалиёти имдод дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб ва осебшиносӣ бо истифода аз таҷҳизоти махсуси наҷот бо риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва санитарӣ гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, ки гайка аз ангушти ӯ берун оварда шуд. Вазъи саломатии кӯдак дар ҳолати хуб қарор дорад.

Маълум шуд, ки тифл ҳамагӣ чор сол доштаву аз беназоратии волидайн даст ба гайкаву дигар таҷҳизот задаст ва билохира гайка дар ангушташ руст мондааст.

Кормандони Раёсат бо падари тифл ҳамсуҳбат шуданд ва гуфтанд, ки фарзандашонро набояд беназорат гузоранд, чун метавонад муҷиби нохушиҳои дигар шавад.

3
Барчаспҳо:
наҷотдиҳӣ, наҷот, КҲФ ҶТ, кӯдак, табибон
Олимпиада 2020, архивное фото

Бозиҳои олимпии Токио - 2020 баргузор мешаванд? шарҳи Томас Бах

27
(Таҷдидшуда 15:57 22.01.2021)
Томас Бах Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ изҳор доштааст, ки акнун омиле мавҷуд нест, то дигарбора Бозиҳои олимпии Токио - 2020 лағв шаванд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik.  Бах ин изҳоротро дар мусоҳиба бо "Kyodo News"-и Ҷопон дар ҳоле иброз дошт, ки тахминҳо дар бораи баргузории Бозиҳои олимпӣ ва параолимпии имсола зиёд мешаванд.

"Мо дар ҳоли ҳозир ҳеҷ асосе надорем, ки бовар кунем, Бозиҳои олимпӣ дар Токио рӯзи 23 июл дар Варзишгоҳи олимпии Токио боз нахоҳанд шуд, - гуфтааст ӯ. - Ин аст, ки чаро нақшаи "B" вуҷуд надорад ва аз ин рӯ мо комилан саъй дорем, ки бозиҳоро бехатар ва муваффақ доир намоем", - изҳор доштааст Бах.

Нигаронӣ аз сарнавишти бозиҳо, ки бори аввал бо сабаби пандемияи COVID-19 як сол ба таъхир гузошта шуд, аз соли нав шиддат гирифт.

Ин ба афзоиши ҳолатҳои коронавирусӣ дар якчанд кишвар, аз ҷумла Ҷопон вобаста аст. Дар робита ба ин, сарвазири Ҷопон Йошиҳидэ Суга маҷбур шуд, ки дар якчанд минтақа, аз ҷумла дар пойтахти Токио, вазъи фавқулода ҷорӣ кунад.

Баҳодур Усмонов нахустин роҳхати олимпиро аз Тоҷикистон ба даст овард

Як пурсиши ахири "Kyodo News" нишон дод, ки тақрибан 80 фоизи мардуми Ҷопон мехоҳанд, Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар Токио имсол низ лағв карда шаванд ё ба таъхир гузошта шаванд, ҳамчунин даъватҳо барои таҳвили Токио-2020 ба соли 2024 низ садо додаанд.

Новобаста ба ин, Томас Бах барои баргузории бозиҳои муваффақ хушбин аст, аммо иқрор мешавад, ки шумораи мухлисон дар варзишгоҳҳо шояд маҳдуд карда шавад.

На дертар аз тобистони соли 2021: лағви замони бозиҳои олимпии Токио

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. Феълан ду варзишгари Тоҷикистон Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс ба бозиҳо роҳхат гирифтаанд.

27
Барчаспҳо:
Токио, Бозиҳои олимпик

Клинтон Трампро дар робита бо Путин айбдор кард. Чаро? - навор

0
Дар ИМА боз “изи русӣ” меҷӯянд. Ин дафъа дар ҳамла ба Капитолия. Собиқ котиби давлатии ИМА, Хилларӣ Клинтон гуфт, гӯиё Русия дар ҳамла даст дорад.

Тибқи ин ривоят, Доналд Трамп дар ин рӯз бо Владимир Путин тамоси телефонӣ дошт. Хилларӣ Клинтон равобити Трампу Путинро санҷиданист. Клинтон гумон дорад, ки Трамп қабл аз ҳамлаи 6 январ ба Капитолия бо Путин суҳбати телефонӣ дошт.

Ҷонибдорони ҷумҳурихоҳ ҷаласаи якҷояи Конгрессро халалдор карданд, ки дар он пирӯзии демократ Ҷо Байдент дар интихобот тасвиб мешуд.

Собиқ котиби давлатии ИМА хостори сабтҳои суҳбатҳои телефонии Трамп дар 6 январ шуд. Ӯ аз гумону нақшаҳояш дар подкасти  You and Me Both гуфт. Хилларӣ Клинтон, ректори донишгоҳи Квинс, собиқ котиби давлатии ИМА: “Мо дар бораи низоми идориямон тайи чор соли охир – аҳди президенте, ки демократияро хуш надорад, зиёд фаҳмидем”.

Бо Клинтон роҳбари Конгресс, Ненсӣ Пелосӣ суҳбат дошт, ки бетартибӣ дар Вашингтонро “туҳфаи Путин” хонд.

Владимир Ҷабборов, ноиби аввали Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсияи Русия, мегӯяд,  Клинтон – хонуми хеле қасосгир аст.

“Трампро, ки замоне барои президентшавияш монеа шуд, намебахшад... Ин чеҳраи рафта аст, бигзор дар бораи чизҳои шахсияш фикр кунад. Вақташ дар сиёсат гузашт”, - изҳор дошт ӯ. . 

Соли 2016 дар ИМА чунин иттиҳомот садо дода буданд. Аз ҷумла бе далел Русияро ба дахолат дар интихобти президентӣ айбдор карданд.

Вашингтон зиёд мушкилоти дохилияшро бори нерӯҳои набудаи хориҷӣ мекунад.

0
Барчаспҳо:
ИМА, Русия