Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Баррасии 4 масъалаи муҳим дар иҷлосияи чаҳоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

223
(Таҷдидшуда 13:21 24.12.2020)
Дар пойтахти Тоҷикистон иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, 25 декабр иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад.

Гуфта шудааст, ки айни замон ба рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 4  масъала - дар бораи ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе “Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2020”,  Лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019,  иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шудаанд.

Ҳамчунин тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10 декабри соли 2020  барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд.

Тибқи ин қарор, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 22 декабри соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххас  пешниҳод  намуданд.

Гурӯҳи корӣ ин таклифу пешниҳодҳоро барои баррасӣ дар иҷлосия пешниҳод менамояд.

223
Барчаспҳо:
раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ, масъала, вакилон, иҷлосия, Душанбе, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Таъиноти кадрӣ аз Бонки миллӣ то Прокуратураи генералӣ: президент кадрҳоро ҷобаҷо кард

167
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як қатор ниҳодҳои кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дода, кадрҳоро ҷобаҷо кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Презиндент кадрҳои таъингардидаро имрӯз ба ҳузур пазируфтааст.

"Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва Ёқубзода Мирҳаёт ба вазифаҳои муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардиданд. Восидиён Фарҳод бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, сардорони Раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва дигар Раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии мазкур аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба таъин гардиданд.

Бо фармони Раҳмон ваколати судяи суди вилояти Хатлон қатъ шуд

"Ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокуророни ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Ховалинг, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони собиқадору соҳибтаҷриба таъин шуданд", - меафзояд манбаъ.

 Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо кадрҳо аз мушкилоту камбудӣ ва қонуншиканиҳо дар сохторҳои зикргардида ёдовар шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар системаи идораи бонкӣ, бурдани назорати ҷиддии прокурорӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо дар самти замин, роҳ надодан ба қочоқи молу маҳсулот, мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб мисолҳои мушаххас оварда, иҷрои ҳатмии камбудиҳоро дар муҳлатҳои майян талаб намуданд.

167
Семья смотрит телевизор, архивное фото

"Тоҷикони дунё": лоиҳаи нави ҷолиб дар телевизиони давлатӣ дар Тоҷикистон

29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дод, ки барои ҷолиб шудани барномаҳои телевизиони давлатӣ ва муаррифии тоҷикистониён барномаи тозаеро пешниҳоди бинандагон гардонад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тавре Фатҳиддини Замон, муҷрии телевизиони "Тоҷикистон" ва муаллифи барномаи нави "Тоҷикони дунё" ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ин барнома, ки ҳадафаш муаррифии тоҷикистониёни дунёст, аллакай дар се кишвари дунё ба навор гирифта шуд ва ба назикӣ рӯи экран хоҳад омад.

Ба қавли муаллифи барнома, он дар кишварҳое, ба навор гирифта мешавад, ки дар онҳо  ҷамъияти тоҷикон, донишҷӯён, шаҳрвандони муқим, диаспораҳои тоҷикон ва омӯзгорону олимону соҳибкорон ба сар баранд.

Дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ ифтитоҳ мешавад

"Тоҷикони дунё" ба ҳайси "Андешаи Миллӣ" барои ҳар як тоҷик новобаста дар кадом нуқтаи ҷаҳон буданаш, бояд хидмат кунад. Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки фарзандони миллати пароканда,  Тоҷикистонро ҳамчун хонаи умед эътироф, муаррифӣ ва муҳофизат намуда, онро дар газанди ояндаи олам ва ҷангҳои иттилоотиву ҷангҳои геополитикии пинҳонмондаи минтақа муҳофизат намоянд", -  мегӯяд муаллифи барнома.

То ҳол 3 қисм аз ин барнома дар хориҷи кишвар ба хусус Малайзия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қатар сабт гардид, ки тоҷикони муқими ин кишварҳо иштирок намуданд.

"Дар ояндаи наздик бо боз шудани марзҳо аз таҳдиди COVID 19 нақша дорем оид ба тоҷикони Руссияву Амрико ва Аврупову Африқо барнома таҳия созем", - меафзояд Фатҳиддини Замон.

Ин лоиҳа бо чунин шаклу услуб бори нахуст дар телевизиони "Тоҷикистон" аст. Дар назар ҳаст баъзе аз барномаҳои "Тоҷикони Дунё" дар дохил ва хориҷи кишвар ба тариқи онлайн сурат гирад.

29