Маълум шуд, ки дар Соли нав барф меборад ё не

779
(Таҷдидшуда 21:10 26.12.2020)
Пештар маълум шуда буд, ки ҳангоми таҷлили Соли нав тоҷикистониён чанд рӯз истироҳат мекунанд: се рӯз

ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Маълум шуд, ки Тоҷикистонро дар рӯзи таҷлили Соли нав бориши барф интизор аст ё не.

Бориши барфро дар Соли нав, ки зеботарин иди зимистон дониста мешавад, мардум рамзӣ медонанд.

Тибқи иттилои Маркази обуҳавошиносии кишвар, дар Соли нав барф ва сардиҳои шадид пешгӯӣ намешавад.

Аммо бориши барф чанд рӯз пеш аз омадани соли 2021 ба амал хоҳад омад, менависад агентии"Ховар".

Ҳамин тавр, аллакай аз 26 то 27 декабр дар Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ шуда, барф меборад ва   ҳаво  сард мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат аз +4 то -15 дараҷа ва дар минтақаи баландкӯҳи Бурункӯли ВМКБ то 31-33 дараҷа сардӣ пешбинӣ шудааст.

То 30-юми декабр боду ҳаво барқарор шуда,  ҳавои абрнок ва соф пешбинӣ мегардад.

Аз 31 декабр то 1 январ боридани борон пешбинӣ нашудааст.

Ҳамзамон, мутахассиси Маркази обу ҳавошиносӣ иброз намуд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво каме абрнок хоҳад буд ва ҳарорати миёнаи он дар мамлакат тақрибан + 5 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Пештар хабар дода шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Соли нав се рӯз истироҳат мекунанд.

Як манбаъ аз Федеросюни иттифоқи касаба ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тоҷикистониён дар Соли нав боназардошти рӯзҳои истироҳатӣ шанбе ва якшанбе, се рӯз истироҳат мекунанд.

Соли Бақар: беҳтарин аксҳои рамзи соли 2021

"Тибқи тақвим Соли нав имсол рӯзи ҷумъа фаро мерасад, ки мувофиқи Қонуни  Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" истироҳат эълон шудааст. Рӯзҳои шанбеву якшанбе истироҳати тақвимӣ мебошад",-афзуд манбаъ.

Тоҷикистониён соли гузашта низ се рӯз-санаҳои 30, 31 ва 1-уми январ истироҳат карда буданд.

779
 Председатель Демократической партии  Саидджафар Усмонзода

Роҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ маълум шуд

160
(Таҷдидшуда 21:07 21.01.2021)
Мақсуд Нуруллоев раиси бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ интихоб шудааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж” интихоби Мақсуд Нуруллоев дар ҳолест, ки моҳи апрели соли гузашта раиси собиқи бахши ҲДТ дар ноҳияи Панҷ Шариф Назаров, бинобар сабаби гирифторӣ бемории ҳамагири коронавирус аз олам даргузашт.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода таъкид доштааст, ки  Мақсуд Нуруллоев аз соли 2013 инҷониб узви ҳизб аст. Вай қайд кардааст, ки ҲДТ дар ноҳияи Панҷ 227 аъзо дорад.

Усмонзода сабаби интихоби шудани Нуруллоевро ба раисии бахши ҳизб дар ин ноҳия ба “фаъолу дилсӯз” будани ӯ рабт дод.

Манбаъ зикр кардааст, ки Мақсуд Нуруллоев соли гузашта дар баробари раиси феълии ноҳияи Панҷ Шоҳиён З. дар интихобот ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии Панҷ-54, тариқи худпешбарӣ, номзад буд, аммо мутаасифона интихоб нагардид.

Нуруллоев Мақсуд Бекмуродович 26-уми июли соли 1977 дар деҳаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, дар оилаи ронанда ба дунё омада, солҳои 1983-1993 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳааш таҳсил кардааст. Ихтисосаш ронанда аст. Ӯ то чанд соли охир раисии кумитаи маҳаллаи деҳаи ба номи Ҳасан Шеровро ба уҳда дошт.

160
Барчаспҳо:
интихоб, Панҷ, раис, Ҳизби демократи Тоҷикистон
Первая в мире вакцина от коронавируса

Тоҷикистон аз Русия дар бораи воксинаи “Спутник V” маълумоти пурра гирифт

196
(Таҷдидшуда 21:09 21.01.2021)
Русия ба Тоҷикистон дар мавриди воксинаи зидди вируси корона “Спутник V” пурра маълумот додааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров эълон кардааст, ки ҷониби Русия дар мавриди воксинаи зидди вируси корона “Спутник V”  пурра маълумот ирсол кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.

Ҷаъфаров зикр кардааст, ки маълумот тавассути каналҳои дипломатӣ дастрас шуд.

Гуфта шудааст, ки воксинаи “Спутник V” –ро як гурӯҳи кории махсус меомӯзад ва сипас дар бораи хариди он тасмим гирифта мешавад.

Наврӯз Ҷаъфаров инчунин қайд кардааст, ки ҳоло Тоҷикистон воксинаи Pfizer сохти Амрикоро низ омӯхта истодааст.

Вай афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон инчунин иттилоъ дар бораи воксинаи AstraZeneca- и Бритониёро низ интизор аст.

“Мо тамоми имконоти мувофиқ ба афзалиятҳои муайянкардаи кишварамонро баррасӣ хоҳем кард. Таъсирнокӣ ва бехатарии воксина бояд аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) сертификат шуда, инчунин интиқол аз кишвари истеҳсолкунанда ба Тоҷикистон осон бошад”,-таъкид кардааст Наврӯз Ҷаъфаров.

196
Барчаспҳо:
вируси корона, Спутник, маълумот, Русия, Тоҷикистон