Ҷамъбасти озмуни Китобхони беҳтарин дар РВКД Душанбе

Озмун: генерал Назарзода милисаҳои китобхонро қадрдонӣ кард

235
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе озмуни китобхонӣ баргузор гардид, ки раёсат ғолибонро қадрдонӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Миёни кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ баҳри боз ҳам баланд бардоштани завқи китобхонӣ озмуни "Китобхони беҳтарин" гузаронида шуд, гузориш медиҳад Раёсати ВКД дар Душанбе.

Дар РВКД дар Душанбе озмуни Беҳтарин китобхон ҷамъбаст шуд
Раёсати ВКД дар Душанбе
Дар РВКД дар Душанбе озмуни "Беҳтарин китобхон" ҷамъбаст шуд

Гуфта мешавад, озмуни дар ду давр, даври якум дар байни кормандони Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва даври дуввуму ҷамъбастӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Онро муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ, Директори институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарифзода Боймурод, корманди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Ятимзода Акбар доварӣ карданд.

Барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғ” аз зебоии олами адабиёту муҳити хароби фарҳангӣ дар шаҳр гуфт

Дар умум, дар "Китобхони беҳтарин" 30 довталаб ширкат доштанд.

Аз рӯи натиҷаҳои баргузории озмуни "Китобхони беҳтарин" ҷойи аввалро Қаландарзода Омина, нозири гурӯҳи таҳлилии Шуъбаи нозиротӣ-ташкилии РВКД дар шаҳри Душанбе, ҷойи дуввумро лейтенанти милитсия Рустамов Маҳмаднабӣ, корманди ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюмро Ҳошимова Бибимарям корманди котиботи Раёсат ишғол намуданд.

Ғолибон дар ҷаласаи тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти милитсияи пойтахт бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

235

Омори муҳоҷират дар Тоҷикистон: чанд нафар омаду чӣ қадар кишварро тарк кард

408
(Таҷдидшуда 15:02 17.01.2021)
Дар умум дар робита бо ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзи аксари кишварҳо, сатҳи муҳоҷират дар Тоҷкистон коҳиш ёфт

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар давоми соли 2020 - 740,2 ҳазор шаҳрванд Тоҷикистонро тарк кард, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта, 1 миллиону 517 ҳазор ё 67,2% камтар аст.

Ҷуғрофияи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби агентӣ дақиқ гуфта нашудааст.

Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

Бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои зерин омадаанд: Ӯзбекистон - 271,5 ҳазор (66,2% аз шумораи умумии воридшудагон), Русия - 54,9 ҳазор (13,4%), Қирғизистон - 45,9 ҳазор ( 11,2%), Қазоқистон - 9,3 ҳазор (2,3%).

Бекорӣ аз байн меравад? Амонзода дар саросари ҶТ ярмаркаи ҷойи кори холӣ ташкил мекунад

Аз кишварҳои хориҷии дур ба Тоҷикистон бештар аз Афғонистон - 6 ҳазор нафар (1,5%), Чин - 3,1 ҳазор нафар (0,8%), Туркия - 2,7 ҳазор нафар (0,7%), 1,9 ҳазор нафар (0,5%), Эрон - 1,3 ҳазор нафар (0,3%), ИМА - 1,2 ҳазор нафар (0,3%), Олмон - 0,5 ҳазор нафар (0 , 1%), Покистон - 0,4 ҳазор нафар (0,1%) сабт шудааст.

408
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, муҳоҷират, омор

Тоҷикистонро шаб заминҷунбии сахт такон дод

1647
(Таҷдидшуда 03:21 17.01.2021)
Макони заминҷунбӣ на Тоҷикистон, балки наздикии ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон буд, ки дар он ҷо шиддати ларзиши замин ба 5,5 дараҷа мерасид

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тоҷикистонро заминҷунбии шадид такон дод. Заминларза соати 1- и шаби рӯзи 17 январ рух дода буд.

Баъзе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, шиддати заминларза дар Душанбеву Хуҷанд низ сахт буд.

Бар хабари марказҳои зилзиланигории ҷаҳон, заминҷунбӣ дар наздикии ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон рух дода, шиддаташ дар онҷо ба 5.5 дараҷаи Рихтер баробар аст.

Заминҷунбӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Тибқи баъзе маълумот дар Афғонистон, зилзила як қатор музофотҳои ин кишварро такон додааст. Манобеи Афғонистон дар як гузориши хабарӣ гуфтаанд, ки зилзилаи шадид Кобул ва баъзе вилоятҳои дигарро такон дод.

Гуфта мешавад, ки сокинони вилоятҳои Балх, Панҷшер, Кундуз, Самангон ва Нангарҳор низ заминларзаро эҳсос кардаанд.

Ҳоло дар мавриди талафоти ҷонӣ ва ё хисороти молӣ маълумоте рӯи даст нест.

1647
Барчаспҳо:
Афғонистон, заминҷунбӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон

Русия аз рӯи теъдоди муҳоҷирон дар рӯйхати пешсафҳо ҷой гирифт

0
(Таҷдидшуда 19:17 17.01.2021)
Бино ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид, феълан дар Русия дувоздаҳ миллион муҳоҷир кору зиндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Русия дар соли 2020 ба феҳристи топ 5 кишвар аз рӯи теъдоди муҳоҷирон ворид шуд.

Дар ин бора гузориши Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид нашр шудааст.

Омори муҳоҷират дар Тоҷикистон: чанд нафар омаду чӣ қадар кишварро тарк кард

Бино ба гузориши СММ, дар қаламрави Русия 12 миллион муҳоҷир аб сар мебарад. Аз рӯи ин нишондод Русия дар ҷаҳон дар ҷойи 4 - ум қарор дорад.

"ИМА макони асосии ҷолиб барои муҳоҷирон дар соли 2020 боқӣ мемонад. Дар ин кишвар 51 миллион муҳоҷир кору фаъолият мекунад. Ин миқдор 18 дарсади шумораи умумии муҳоҷирон дар ҷаҳонро ташкил медиҳад", - омадааст дар гузориш.

Дар баробари ИМА ва Русия ба панҷгонаи макони муҳоҷирпарвар - Олмон, Бритониё ва Арабистони Саудӣ ворид мешавад.

Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

Манбаъ афзуда, ки аз се ду дарсади муҳоҷирон дар 20 кишвари дунё ба сар мебаранд.

0
Барчаспҳо:
ҷои аввал, Русия, муҳоҷират