Меғ ва барфу борон: пешбинии ҳавошиносон барои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевСкамейки в городе Душанбе
Скамейки в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд., хабар медиҳад Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбанда шуда, эҳтимолии бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. 

Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 7-12 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  29-34  ва рӯзона аз 9-14 то 16-21  дараҷа хунук мешавад.

Прохожие разговаривают с Дедом Морозом в Александровском саду в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, ки дар Соли нав барф меборад ё не

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳаво 8-13 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. 

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8  дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2-7  то 5-10 дараҷа хунук мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти  ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  5-7 ва рӯзона   1-3 дараҷа гарм мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0