Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Рубл ҳамоно болост: Бонки миллӣ арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ ъэлон кард

342
(Таҷдидшуда 10:28 28.12.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Бар пояи нишондоди он, арзиши рубл дар Тоҷикистон ҳамоно болост

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1515 сомонӣ нишон дода шудааст.

Доллари амрикоӣ низ пас аз якбора боло рафтан чанд муддат аст, дар ҳоли суқут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.7578 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1515 то 0.1535 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" ва "Спитаменбонк" бошад, арзиши рубл чун ҳарвақта каме баландтар нишон дода шудааст.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

342
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Лампочка

Барқ боз гарон мешавад? дар Тоҷикистон ҳисобкунакҳои ҳушманд насб мекунанд

192
(Таҷдидшуда 11:59 21.01.2021)
Ҳисобкунакҳоро Бонки Рушди Осиё насб мекунад ва ба навиштаи бархе расонаҳо, яке аз шартҳои ин бонк барои вогузории ин манобеи молӣ гарон шудани қимати барқи масрафӣ аст, ки бояд зина ба зина, ҳамасола афзоиш ёбад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Тоҷикистон то соли 2025 бо кумаки 105 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё барномаи насби ҳисобкунаки ҳушманди барқро амалӣ мекунад, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба хабаргузории "ТОП Тҷ".

Бино ба иттилои манбаъ, яке аз шартҳои Бонки Рушди Осиё барои вогузории ин манобеи молӣ гарон шудани қимати барқи масрафӣ аст, ки бояд зина ба зина, ҳамасола афзоиш ёбад.

"Дар марҳалаи нахусти ин тарҳ, насби 398 ҳазор дастгоҳи шуморишгари ҳушманди барқ бо 50 миллион доллар ҳазина дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Бӯстон, Конибодом ва Данғара барномарезӣ шудааст", -менависад манбаъ.

Тоҷикистон дар самти содироти нерӯи барқ ​​ба хориҷ тақрибан 40 миллион доллар зарар дид

Бо насби ин шуморишгарҳои ҳушманд, муштариёни барқ муваззаф ҳастанд, ки оғози ҳар моҳ пули барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ҳисоби ширкати "Барқи Тоҷик" ворез кунанд ва интиқоли барқ ба хонаҳо фақат бо доштани корти вижаи пардохти пули хадамот, имконпазир хоҳад буд.

Ҳамчунин агар муштариён бамавқеъ ҳазинаи барқи масрафиро напардозанд, дар муддати 10 то 15 рӯз барқи онон қатъ мешавад.

192
Автомобильная пробка на дороге в Душанбе

Пойтахтро ифлос мекунед: дар Душанбе 150 ронандаи боркашро ба ҷавобгарӣ мекашанд

24
(Таҷдидшуда 11:39 21.01.2021)
Роҳбарони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз масъулини корхонаю идораҳои сохтмонӣ, новобаста аз шакли моликият эҳтиромона хоҳиш менамоянд, ки ҳангоми амалӣ намудани интиқоли бору масолеҳи сохтмонӣ талаботи меъёру қоидаҳои сохтмониро қатъиян риоя намоянд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар Душанбе 150 ронандаро барои ифлос кардани кӯчаҳои шаҳр ба ҷавобгарӣ кашиданианд.

Шаҳрдории Душанбе аз ҳисоби худ барои нақлиёти ҷамъиятӣ ронанда омода мекунад

Тавре РВКД Душанбе гузориш медиҳад, нисбати ронандагони зикргардида тибқи моддаи 322-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардиданд.

"Инчунин ба роҳбарони 18 иншооти сохтмонӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёна амрномаҳои мақомоти давлатии Бозрасии давлатии автомобилӣ супорида шуданд", - афзудааст манбаъ.

 

Роҳбарони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз масъулини корхонаю идораҳои сохтмонӣ, новобаста аз шакли моликият эҳтиромона хоҳиш менамоянд, ки ҳангоми амалӣ намудани интиқоли бору масолеҳи сохтмонӣ талаботи меъёру қоидаҳои сохтмониро қатъиян риоя намоянд.

24

Байден чанд фармони Трампро бекор кард: ӯ ба вуруди мусалмонон иҷозат дод

164
(Таҷдидшуда 12:02 21.01.2021)
Қаблан собиқ кишвардори Амрико Доналд Трамп бо судури фармоне вуруди мусалмонони аксар кишварҳоро манъ карда буд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ҷо Байден рӯзи 20 январ расман савганд ёд кард. Пас аз анҷоми маросими савгандёдкунӣ нахустин коре, ки Байден анҷом дод, ин бекор кардани чандин фармонҳои Трамп буд.

Кишвардори феълӣ аз ҷумла фармон дар мавриди манъи вуруд барои мусалмонони аксар кишварҳо ба Амрикоро лағв кард. Гузашта аз ин, Амрикоро дигарбора ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Созишномаи иқлими Порис баргардонд.

Паёми хайрбодии Трамп: Амрико кишвари инсонҳои ноустувор нест

Ҳамчунин дар робита ба вазъият дар марзи Мексика вазъи фавқулодаро бекор ва сохтмони деворро дар марз бо он давлат низ лағв намуд.

Байден аз тамоми амрикоиҳо даъват кард, ки давоми 100 рӯз режими ниқобро риоя кунанд ва дар ҳама ҷо ниқоб пӯшанд.

Илова бар ин, Байден 20 январро ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон кард.

Мушовири Байден аз нақшаи музокира бо Русия гуфт

Қаблан, Қасри сафед хабар дода буд, ки Доналд Трамп чор соат пеш аз маросими савгандёдкунӣ Вашингтонро тарк мекунад.

164
Барчаспҳо:
фармон, Доналд Трамп, Амрико