Туман в Душанбе

Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

167
(Таҷдидшуда 13:42 29.12.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.

Бод аз сӯи ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17, дар баъзе ноҳияҳо то 20-22 сард ва рӯзона аз 4-9 то 12-14 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  аз 26-31 то 34-39  ва рӯзона то 18-23  дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳамин тавр, ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳаво 10-15 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук  мешавад.

Обуҳавошиносон ҳавои чанд рӯзи ахири соли 2020-ро пешбинӣ карданд

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 7-12  дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона аз 7-12  то 15-17 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  8-10 дараҷа хунук  ва рӯзона   1+3 дараҷа гарм мешавад.

167
Барчаспҳо:
Маркази обуҳавошиносӣ, Оҷонсии обуҳавосанҷӣ, Тоҷикистон
Карабиненко Александр

Коршинос сабаби нест шудани коронавирус дар Тоҷикистонро шарҳ дод

38
Табиби хизматнишондодаи Русия, Александр Карабиненко маълумоти Вазорати танудурстии Тоҷикистонро дар бораи якбора коҳиш ёфтани ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз коронавирус шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз аввалҳои моҳи январ якбора шумораи ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус коҳиш ёфт. Дар давоми ду ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 12 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.

Зичии аҳолӣ дар Тоҷикистон, фарз кунем  нисбат ба вилояти Маскав хело кам аст. Маҳз ҳамин далел шароит фароҳам меоварад, ки паҳншавии вирус бозистад, мегӯяд коршинос.

Ҳамчунин, Карабиненко дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки шароити экологӣ ва климати кишвар метавонист боиси камшавии омори коронавирус шавад.

"Феълан ин масъала пажӯҳиш нашудааст, бояд солҳо мушоҳида кард ва он вақт метавон ҷавоби дақиқ дод", - меафзояд ӯ.

Ба гуфтаи табbби рус, бадани одамони гуногун иммунитетро гуногун коркард мекунад. Бархе нафарон умуман ба ин беморӣ антитела ҳосил намекунанд.

"Дар ин ҳолат эмгузаронӣ боиси ҳосил шудани иммунитет дар бадан мешавад ва дар ин ҳолат аз коронавирус антитела ҳосил мегардад", - таъкид кард Карабиненко.

Вазири тоҷик: табибони кишвар аз имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ аз COVID-19 гузаштанд

Ба гуфтаи вай, ваксинаи зидди грипп низ кӯмак мекунад, ки бемории коронавирус сабуктар гузарад ва барои ҳамин бояд ҳама эм карда шаванд.

"Инфексияи коронавирус то абад дар бадани инсон мемонад. Аз вирус ҷои гурез нест ва ба он иммунитети коллективӣ пайдо мешавад", - тавзеҳ дод вай дар анҷом.

38
Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода

Вазири тоҷик: табибони кишвар аз имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ аз COVID-19 гузаштанд

43
(Таҷдидшуда 19:52 16.01.2021)
Имрӯз, дар ҷаласаи навбатии мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади ҷамъбасти фаъолият дар соли 2020 баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни ҷаласа иброз намудааст, ки соли 2020 барои кормандони соҳаи тандурустии кишвар соли пурмасъулият ва имтиҳони донишу маҳорат будааст.

“Дар соли сипаригашта бо назардошти пайдоиши бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 масъулияти табибони кишвар дар ҷомеа бамаротиб бештар гардида, дар чунин як давраи душвор онҳо тавонистанд бо истифода аз донишу маҳорати касбӣ дар пешгирӣ ва табобати ин беморӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд”, - қайд кардааст вазир.

Вай афзуд, ки соли 2020 табибони Тоҷикистон аз як имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 гузаштанд.

Вазири тандурустӣ қайд кардааст, ки дар ин давра ҷиҳати вусъат бахшидани чорабиниҳои пешгирикунандаю табобатӣ барои ҳифзи солимии аҳолии кишвар, аз ҷумла дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ  як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуданд.

Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода зимни суханрониаш иброз доштааст, ки давлат имрӯзҳо соҳаи тандурустӣ дар кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, аллакай дар ин самт як қатор пешравиҳои муҳиму назаррас  ба даст омадаанд.

Таъкид шудааст, ки дар идомаи ҷаласа роҳбарони хадамоти соҳавӣ, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ низ доир ба фаъолияти хеш дар соли 2020 ҳисобот доданд.

Ҳамзамон, дар охири ҷаласа қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ қабул гардида, барои бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ба тамоми масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

43
Барчаспҳо:
ҷаласа, ҷамъбаст, вируси корона, тандурустӣ, вазир
Мороженое в вафельном стаканчике

Шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар Чин

0
(Таҷдидшуда 20:06 16.01.2021)
Хабаргузории Сен-Хуа аз шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар шаҳри Тиянзин дар шимоли Чин ва наздикии Пекин хабар дод

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ахиран расонаи чинӣ гузориш дод, ки баррасиҳои муқаддамотии сироятӣ нишон медиҳад, ки яхмосҳои олуда дар як ширкати тавлиди маводи ғизоӣ дар Чин бо истифода аз маводи аввалияе монанди хокаи шир воридшуда аз Зеляндияи нав ва хокаи панири воридотӣ аз Украина тавлид шуда аст, иттилоъ додааст   радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинод ба хабаргузории Сен-Хуа.

Тибқи гузориши мақомоти тандурустии Чин ин ширкат таътил шуда аст.

Ба маҳзи мушаххас шудани олудагии яхмосҳо ба корона, тамоми 1662 корманди ширкат таҳти карантина қарор гирифта ва озмоиши корона додаанд.

Коршиносон мегӯянд вирус метавонад ба далели дараҷаи сард ва равғани яхмос то муддатҳо дар маҳсул зинда бимонад.

Мавҷи нави густариши вируси корона аз чанд рӯз пеш дар Чин оғоз шудааст, ки боиси карантина шудани вилояти Хубей дар шимоли ин кишвар шудааст.

Чин рӯзи шанбе 16 январ нахустин марги вобаста ба вируси коронаро дар ин кишвар дар ҳашти моҳи гузашта гузориш кард, ки дар вилояти Хубей ба қайд гирифта шудааст.

0
Барчаспҳо:
Пекин, яхмос, вируси корона, Чин