Автобус на дороге

Ҳушдори КҲФ аз хатари яхбандӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ

200
(Таҷдидшуда 13:49 29.12.2020)
КҲФ мегӯяд, ба сабаби якбора иваз шудани боду ҳаво, дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Хоруғ ва Хоруғ-Мурғоб, хатари яхбандӣ ва афтиши ғарафи барф боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ахиран дар қаламрави ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар километри 417 ва километри 64 ноҳияи Варзоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар паи ин ҳодисоти табиӣ, касе зарар надидааст.

Барои рафъи паёмадҳои лағзиши тарма ва поксозии роҳҳо Хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва ширкати  "IRS" техникаи махсус ҷудо карданд ва ҳоло роҳҳо аз ду ҷониб бозанд.

Манбаъ афзуда, ки наҷотдиҳандагони гурӯҳҳои вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон навбатдории шабонарӯзии худро идома медиҳанд. Ҳадаф таъмини амнияти ронандагон дар шоҳроҳҳо ва расонидани кӯмаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад.

Аммо ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, бинобар гарм шудани ҳаво дар рӯзҳои охир ва сипас сар шудани боришот дар ноҳияҳои кӯҳӣ, хавфи лағзиши тарма ва фурӯ рехтани сангҳо вуҷуд дорад.

"Дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, хатари яхбандӣ ва афтиши ғарафи барф боқӣ мондааст", - ҳушдор медиҳад Кумита.

Дар ин росто, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез ва роҳҳои пурхатари кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Ҳамеша ҳушёриро аз даст надиҳанд.

КҲФ тавсия медиҳад, ки ронандагон пеш аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аз мақомоти марбута иттилои лозимиро дар мавриди вазъи роҳҳо бигиранд. Ҳангоми сафар  қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд.

200
Барчаспҳо:
ҳушдор аз яхбандӣ, яхбандӣ, Тоҷикистон, КҲФ Тоҷикистон
Зима в городе Душанбе

Ҳавои сарди Русия ба Тоҷикистон меояд: ҳушдори ҳавошиносон аз бӯҳрони барфӣ ва яхбандӣ

595
(Таҷдидшуда 14:42 20.01.2021)
Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои намноки баҳримиёназаминӣ ва ҳавои сард аз самти урупоии Русия дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буҳрони барфӣ, яхбандӣ, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф аз эҳтимол дур нест

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Рӯзҳои 22-23 январ дар Тоҷикистон обу ҳаво якбора номусоид шуда, бориши борон бо гузариш ба барф дар назар аст.

Дар ин рӯзҳо ҳарорат шабона то 8-10 ва рӯзона то 10-15 дараҷа (ба истиснои ВМКБ) паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд, хабар медиҳад агентии "Ховар" бо такя ба Ожонси ҳавошиносӣ.

Ба Тоҷикистон гармӣ меояд - пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои ҳафтаи нав

Зимнан, Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ медиҳад, ки 22 январ  дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон бориши пуршиддат пешбинӣ мешавад.

Вазиши бод аз самти ғарб бо шиддати то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.

"Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои намноки баҳримиёназаминӣ ва ҳавои сард аз самти урупоии Русия дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буҳрони барфӣ, яхбандӣ, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест", - омадааст дар хабарнома.

Дар ноҳияҳои водигии ҷумҳурӣ часпидани барфи тар ба ноқилҳои барқӣ ва шохи дарахтон дар назар буда, дар роҳҳои нақлиётгард пайдо шудани қабати барф пешгӯӣ мешавад.

595
Барчаспҳо:
номусоид, Тоҷикистон, Русия, сардӣ, обу ҳаво
Драка, архивное фото

Рашки шавҳар: таҳдиди куштори марди 60-сола ва зани 31-сола

182
(Таҷдидшуда 13:21 20.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як марди 39-соларо бо иттиҳоми таҳдиди куштор боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Кормандони милитсия мардеро боздошт намуданд, ки ба сӯиқасд ба куштор муттаҳам дониста мешавад, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда сокини ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич буда, бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, номбурда 4 январи соли 2021, тахминан соати 06:40-дақиқа, ҳамдеҳааш марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкурро ба хонаи истиқоматиаш даъват намуда, бо гумоне, ки гӯё номбурда бо ҳамсараш, зани 31-сола муносибати ошиқона дорад, ба гардани ӯ ва ҳамсараш корд гузошта, таҳдиди куштан намудааст.

Вазорат мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Рашк сабаби қатли ҳамсар шуд: мард ҳамсарашро 13 корд зада кушт

Ёдовар мешавем, дар гузашта низ вазорат аз рухдоди чунин ҳодисаҳо хабар дода буд, ки баъзан бо поёни ногувори қатлу куштор хотима ёфтаанд.

182
Барчаспҳо:
боздошт, Деваштич, Тоҷикистон
Вакцина против COVID-19 Pfizer-Biontech

Оғози сабти ваксинаи сеюм алайҳи COVID - 19 дар Русия

0
(Таҷдидшуда 14:58 20.01.2021)
Маркази ба номи Чумаков барои тасдиқи ваксина аҳайли COVID - 19 дар Русия ҳуҷҷатҳояшро ба Вазорати тандурустии кишвар пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Дар Русия сабти номи ваксинаи сеюми зидди коронавирус, ки онро Маркази Чумаков таҳия кардааст, оғоз ёфт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҳуҷҷатҳои дахлдор ба Вазорати тандурустии Федератсияи Русия пешниҳод шудаанд. Ин дору "КовиВак" ном гирифт.

"Ҳамин тариқ, дар Русия ваксинаҳое, ки бо истифода аз се технологияи мухталиф сохта шудаанд, пайдо мешаванд, ки ин бешубҳа саҳми ҷиддӣ дар пирӯзӣ бар пандемияи COVID-19 хоҳад буд", - гуфт вазири тандурустӣ Михаил Мурашко.

Қарор аст, ки ҳамаи таҳқиқот то нимаи моҳи феврали имсол ба анҷом расонида шаванд.

Гуфта мешавад, ки ваксина дар асоси вирусҳои ғайрифаъол, яъне "мурда" таҳия шудааст.

Эмгузаронии ваксинаи "Sputnik V" дар Қазоқистон аз 1 феврал оғоз мешавад

Ба гуфти олимон, дар ин ҳолат, организм коронавирусро беҳтар мешиносад ва ҳангоми тамос бо он, аллакай барои муҳофизат омода мешавад. Инчунин қайд карда мешавад, ки ваксина бар зидди мутатсияи COVID-19 низ самаранок хоҳад буд.

Тахмин меравад, ки ин дору барои эмгузаронии пиронсолон, кӯдакон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин истифода мешавад.

Ёдовар мешавем, аввалин ваксинаи Русия алайҳи коронавирус "Спутник V" моҳи августи соли гузашта ба қайд гирифта шуд. Дар миёнаҳои моҳи октябр дуввумаш - "ЭпиВакКорона" ба қайд гирифта шуд.

"Русия дунболи пул нест". Урупо пуштибони "Спутник V" шуд

То кунун, бо ваксинаи "Спутник V" беш аз 1,5 миллион нафар эм карда шудааст.

0
Барчаспҳо:
сабт, сабти ном, вируси корона, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон