Олимони тоҷик узви Академияи илмҳои байналмилалӣ шуданд

Ду олими тоҷик академики Академияи илмҳои байналмилалӣ шуданд

365
Номзадҳо ба Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ бояд докторони илм ва профессорони дар арсаи ҷаҳонӣ шинохташуда бошанд. Шахсоне, ки аъзои ҳақиқии Академия интихоб мешаванд ба унвони Академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ мушарраф мегарданд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ду олими тоҷик аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  Акобир Мирзораҳимов ва Саидмуроди Хоҷазод академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд.

Дар ин бора "Ховар" дар истинод ба донишгоҳ гузориш медиҳад.

Тавре аз Донишгоҳи мазкур ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,

Гуфта мешавад, доктори илмҳои биология, профессор Акобир Мирзораҳимов муаллифи беш аз 15 таълифот ва доктори илмҳои филология, профессор  Саидмуроди Хоҷазод муаллифи беш аз 20 китоб, дастур, монография ва васоити таълим мебошанд.

Олимони мазкур бо дастовардҳои бунёдӣ дар ҷодаи илм ва маориф чун мутахассисони варзидаи соҳаҳои худ эътироф шудаанд.

Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ соли 1992 бо мақсади мусоидат ба ҳалли мушкилоти муассисаҳои олии таълимӣ дар ҷодаи гузариш ба низоми нави таҳсилот, рушди илм, ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар низоми таҳсилоти касбӣ таъсис ёфтаст.

Беш аз 1200 олимони муътабари сатҳи ҷаҳониро   аз 45 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон муттаҳид менамояд.

Президенти АИБ МО ходими илм ва техникаи Федератсияи Россия Валентин Ефимович Шукшунов буда, марказаш дар шаҳри Маскав  ҷойгир аст.

Бояд тазаккур дод, ки номзадҳо ба Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ бояд докторони илм ва профессорони дар арсаи ҷаҳонӣ шинохташуда бошанд.

Шахсоне, ки аъзои ҳақиқии Академия интихоб мешаванд ба унвони Академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ мушарраф мегарданд.

Донишманди тоҷик узви Академияи илмҳои табиии Русия интихоб шуд

Аъзои Академия бояд бобати рушди соҳаҳои маориф ва илм пайваста саҳми фаъол гузоранд, барои реформаи  ин соҳаҳо пешниҳодҳои ҷолиб намояд, ҷиҳати ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи маориф ва илм ва таҳаввулоти соҳа иқдом варзанд.

 

365
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Метавонед бисанҷед: Рустами Эмомалӣ ба Палатаи ҳисоб дархост ирсол кард

7
Интизор меравад, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи наздик фаъолияти шаҳрдории Душанберо мавриди санҷиши навбатӣ қарор диҳад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар ин бора раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ин ниҳоди кишвар дархост ирсол кардааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, мақсад аз дархости санҷиши фаъолят аз ҷониби раиси шаҳр, таъмини шаффофияти фаъолияти шаҳрдорӣ ва истифодаи буҷаи он аст.

"Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2020 дархост  ирсол намуд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҳамин тавр, интизор меравад, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи наздик фаъолияти шаҳрдории Душанберо мавриди санҷиши навбатӣ қарор диҳад. Айнан чунин даъватро соли гузашта низ раиси шаҳри Душанбе ба палатаи мазкур ирсол карда буд.

Палатаи ҳисоб гуфт, барои хунукназарӣ чанд мансабдори давлатиро ҷазо доданд

Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи январи соли 2020 Палатаи ҳисоб гузориш дода буд, ки дар соли сипаригардида аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоб соли  сипаригардида беш аз 300 санҷиши аудиторӣ дар  вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо субъектҳои  хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ гузаронида шуданд, ки  дар натиҷа беш аз 234 миллион  сомонӣ  зарари молиявӣ  муайян гардид.

7
Сотрудники милиции

Пулис ду сокини Хатлонро дар Душанбе барои ташкили "алик-малик" боздошту ҳабс кард

23
(Таҷдидшуда 14:05 18.01.2021)
Ин ду ҷавони боздоштшуда қаблан низ аз ҷониби кормандони милитсия барои кирдорҳои ғайриқонунӣ боздошт ва ҷазо дода шуданд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ҳафтаи гузашта кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе назди бозорҳо ва ҳамчунин дар кӯчаҳо рейдҳо роҳандозӣ намуданд, хабар медиҳад Раёсати умури дохила дар пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, кормандони пулис асосан қиморбозонро дастгир мекарданд.

Рейд: боздошти гургҳои қиморбози "алик-малик" дар Душанбе

Ҳамин тариқ, РВУД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду ҷавони 26 ва 27 - сола хабар медиҳад, ки яке сокини шаҳри Кӯлоб ва дигаре сокини ноҳияи Фархор мебошанд.

"Ҳомидов Хуршед ва Юнусов Самандар, ки дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ ба бозии "алик-малик" машғул буданд, дастгир шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ки ҳар ду боздоштшуда қаблан низ аз ҷониби кормандони милитсия барои кирдорҳои ғайриқонунӣ боздошт шуда буданд.

Ҳамин тариқ, бо ҳукми суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

23
Барчаспҳо:
ҷилавгирӣ аз фаъолияти қиморхонаҳо, боздошт, Душанбе

ИМА манъи вуруд аз бархе кишварҳои мусалмониро бекор мекунад

0
(Таҷдидшуда 14:20 18.01.2021)
Ҷо Байден, раисиҷумҳури тозаинтихоби ИМА, ният дорад, манъи вуруди шаҳрвандони бархе аз кишварҳои мусалмониро бекор кунад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Лағви манъи вуруд аз бархе кишварҳои мусалмонӣ аз нахустин қадамҳои Ҷо Байден дар мақоми раисиҷумҳури ИМА хоҳад буд, хабар додааст CNN.

Манбаъ афзуд, Байден дар рӯзи нахустини корияш инчунин бархе тағйироти ҷиддии дигарро анҷом доданист. Аз ҷумла зикр шудааст, ки ИМА ба созишномаи Париж дар бораи тағйирёбии иқлим бармегардад. Ин созишнома коҳиши партовҳо ба ҳаворо дар назар дорад.

Байден инчунин ният дорад, ба Конгресс тарҳи бузурги умури муҳоҷиратро пешниҳод кард, ки бар асоси он миллионҳо муҳоҷири беҳуҷҷат дар қаламрави ИМА метавонанд шаҳрвандии ин кишварро ба даст оранд.

Инчунин маълум шуд, ки Байден бархе дастуроти раисиҷумҳурии феълии ИМА-ро бекор карданист. Аз ҷумла баромадани ИМА аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ғайраро.

Маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави ИМА 20 январ дар назар аст. Ба далели пандемия ин маросим бо бархе тағйирот сурат хоҳад гирифт.

0
Барчаспҳо:
мусалмонон, қарор, президент, ИМА