Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи вирусологӣ ва эпидемиологӣ ифтитоҳ мешавад

© PixabayМикроскоп
Микроскоп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ бе доштани чунин озмоишгоҳҳо ихтироъ ва истеҳсоли маводи доруворӣ бар зидди коронавируси COVID-19 ғайриимкон аст

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи вирусологӣ ва эпидемиологӣ ифтитоҳ мешавад. Дар ин бора раиси Академияи улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ хабар додааст.

Ин рӯйдоди муҳим  ба соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Фарход Рахими - Sputnik Тоҷикистон
Озмоиши дастгоҳҳои нафаскашии сунъии сохти Тоҷикистон ба анҷом расид

Озмошигоҳ дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода хоҳад шуд.

"Академияи миллии илмҳо дар самти омода кардани мутахассисони соҳаи вирусология ва эпидемиология бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ва Академияи миллии илмҳои Белорус созишнома бастааст", - изҳор доштааст Фарҳод Раҳимӣ ба "Ховар".

Тавре вай афзудааст, баробари  кушода  шудани роҳҳо  курсҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои Минск ва Пекин оғоз гардида, мутахасисон ба онҷо равон карда мешаванд.

“Камолид” ва “Седармона”: олимони тоҷик дастгоҳи нафсдиҳиву ду доруи зиддивирусӣ сохтаанд

Имрӯз дар ҷумҳурӣ бе доштани чунин озмоишгоҳҳо  ихтироъ ва истеҳсоли маводи доруворӣ бар зидди коронавируси COVID-19 ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, сараввал Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мекӯшад, ки мутахассисон дар пояи ин муассисаҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ коромӯзӣ намуда, тадқиқот баранд ва баъдан чунин озмоишгоҳҳо  таъсис дода шаванд", - таъкид кардааст раиси АИТ.

Ба зикри номбурда имрӯз барои таъсиси озмоишгоҳ имконияти молиявӣ ҳаст.

 

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0