Похороны в Таджикистане, архивное фото

Даргузашти собиқ мудири бахши Кумитаи дин дар Бӯстон

1753
(Таҷдидшуда 21:07 29.12.2020)
Боқӣ Қудратов, мудири гимназияи рақами 2-и шаҳри Бӯстон ва собиқ мудири бахши Кумитаи дини шаҳр дар синни 59-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Тавре манбаи Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум чанд моҳи ахир аз бемории саратони мағзи сар азият мекашид.

Маросими ҷанозаи Боқӣ Қудратов имрӯз дар назди манзили марҳум баргузор шуд ва ӯро дар оромгоҳи шаҳр ба хок супориданд.

Боқӣ Қудратов, ки 5 сол вазифаи роҳбарии бахши кумитаи динро дар Бӯстон дошт, то дами марг ба ҳайси мудири гимназия дар хизмати халқ буд.

Қудратов Боқӣ Бобокалонович 5-уми ноябри соли 1961 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, соли 1985 Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Душанберо бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти фаронсавӣ хатм намудаанд.
Фаъолияти меҳнатиашонро соли 1979 ба ҳайси коргари комбинати "Тоҷик-атлас"-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, солҳои 1985-1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмат намудаанд.

Аз соли 1987 сармураббӣ ва аз соли 1991 то соли 1993 директори интернати ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, солҳои 1993-1994 омӯзгори муассисаи таҳсилоти умумии рақами 7 шаҳри Бӯстон адои вазифа намудаанд.
Саҳми босазои устод Боқӣ Қудратов дар пешрафти кори ҳизбию ҷамъиятӣ низ назаррас буда, солҳои 1994-2001 ба ҳайси Котиби якуми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон фаъолият намудаанд.

Ҳамзамон заҳматҳои беназири Боқӣ Қудратов дар тарбия ва камолоти маънавии садҳо нафар ҷавонони замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арзишманд буда, мавсуф солҳои 2001-2012 директори литсейи рақами 1 шаҳри Бӯстон адои вазифа намудаанд.

“Як умр бо Айнӣ”: даргузашти адабиётшиноси маъруф аз “вируси корона”

Баъдан фаъолияти устод дар соҳаи хизмати давлатӣ идома ёфта, солҳои 2013-2015 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон ва аз соли 2015 то соли 2020 ба ҳайси мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон муваффақона фаъолият намуданд.

Аз моҳи апрели соли 2020 то моҳи ноябри соли равон ба ҳайси директори гимназияи 2-и шаҳри Бӯстон адои вазифа намуданд.

1753
Базар Султони Кабир в Душанбе

Сӯхтор дар Бозори “Султони Кабир” - видео

104
(Таҷдидшуда 10:09 25.01.2021)
Субҳи имрӯз дар "Султони Кабир", ки яке аз бозорҳои калонтарини пойтахти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад оташсӯзӣ сар зад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бозори “Султони Кабир”, ки яке аз бозорҳои калони пойтахти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад субҳи 25-уми январ (тақрибан соати 07:00 субҳ) оташ гирифт.

Бино бар иттилои шоҳидони ин ҳодиса, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин наворҳо нашр карданд, ҳоло мағозаҳои наздики бозор пура ба коми оташ рафтанд.

Бархе аз соҳибкорон таъкид карданд, ки  оташсӯзӣ дар қисмати дохилӣ ва ҷойи фурӯши чархҳои мошинҳо сурат гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои вижаи интизомӣ маҳалро баста соҳибкоронро намегузоранд, ки дохили бозор шаванд.

Кормандони милитсия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда то ҳол сабабҳои сӯхтор шарҳ надодаанд, аммо ба назар мерасад, ки сӯхтор ба сабаби  риоят нашудани қоидаҳои бехатарӣ, эълон шавад. Чунки ба гуфтаи бархе дигари шоҳидон сӯхтор дар тарафи чапи бозор, яъне ҳавлии Бозори Султони Кабир, ки макони фурӯши балонҳои газ аст, сар задааст.

Ҳаҷми хисороти ин сӯхтор низ ҳанӯз муайян карда нашудааст.

Гуфта шудааст, ки ҳодисаи сӯхтор аз ҷониби кормандони милитсия ҳаматарафа таҳқиқ ва барассӣ карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки ин бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори “Султони Кабир” оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.

104
Барчаспҳо:
Душанбе, оташ, сӯхтор, Султони Кабир, Тоҷикистон
Доллар на земле, архивное фото

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 3,5 млрд. доллар дар Тоҷикистон

39
(Таҷдидшуда 00:42 25.01.2021)
Ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар Тоҷикистон 70 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 39,9 млрд. сомонӣ ё 3,5 млрд. доллар мавриди татбиқ қарор доштааст

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Ахиран дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва фаъолияти агентиҳои амаликунандаи онҳо дар соли 2020 баргузор гардид.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ иштирок намуданд.

Таъкид шудааст, ки зимни ҷаласа татбиқ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2020, натиҷаҳои ноилгардида ва камбудию норасогиҳои дар доираи лоиҳаҳо баррасӣ шуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа қайд гардидидааст, ки барои рушди соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳолати 1 январи соли 2021, 70 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 39,9 млрд. сомонӣ ё 3,5 млрд. доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дошта, аз онҳо 29 лоиҳаи грантӣ, 6 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант иборат мебошанд.

Дар ин ҷаласа Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид барои ҳалли масъалаҳои ба миён омада ва бартараф намудани камбудию норасогиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

39
Барчаспҳо:
маблағ, лоиҳа, сармоягузорӣ, Тоҷикистон