ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо камабри бебориш мешавад.
Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 дараҷа хунук ва рӯзона аз 9-14 то 17-22 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 27-32 то 35-40 ва рӯзона аз 9-14 то 17-22 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳаво 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон ҳавои чанд рӯзи ахири соли 2020-ро пешбинӣ карданд
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо то 6-11 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини хадамоти ҳавоии кишвар дастур додааст, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд.
“Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром, директорони генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбони Алимардон дастур доданд, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд”,-афзудааст, котиботи президент.
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта зимни ироаи паёми солона Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон ба зудӣ парвозҳоро бо дигар кишварҳо барқарор мекунад.
Дар баробари ин, президент санаи дақиқи бозкушоии марзҳоро нагуфт.
Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон аз саргирии парвозҳо бо шарафи пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус даст медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26 январ аз пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус эълом кард.
Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард
Дар баробари ин президент қайд кард, ки дар сурати бозкушоии марзҳо, карантини 14 - рӯза низ барқарор мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз тобистони соли гузашта инҷониб бо Русия, ки хатсайри маъмул ба шумор меравад, масъалаи барқарор кардани парвозҳоро баррасӣ дорад. Аммо то кунун чизе дар ин самт рушан нашудааст.
ДУШАНБЕ, 27 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2020 шунида шуд.
Ба гузориши Рустами момалӣ, соли 2020 дар пойтахт 33 корхонаи нави истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ 32 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфт, ҳамзамон барои эъмори 10 корхонаи нав санги асос гузошта шудааст.
Раиси шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки алҳол дар пойтахт бунёди 450 иншооти муосири иҷтимоию истеҳсолӣ идома дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, бунёди 34 километр роҳи замонавӣ, 47 истгоҳи нав, банақшагирии боз 16 километр роҳи нав ва 21 истгоҳи дигар, харидории 50 адад автобуси истеҳсоли ватании ширкати “АКИА” ва 100 адад троллейбуси замонавӣ аз Беларус, навсозии 22 километр шабакаҳо ва 10 бунгоҳи гармидиҳӣ, таъмини 2560 манзили истиқоматӣ бо гармӣ, ҷалби 1 миллиарду 760 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ дар як сол ва ба 11 миллиард сомонӣ расонидани сармоягузорӣ дар чор соли охир аз нишондиҳандаҳои эътимодбахшу бобарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе арзёбӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар пас аз шунидани ҳисоботи Рустами момалӣ бо сипосу қаноатмандӣ ба шаҳрдорӣ ва сокинони пойтахт аз дастовардҳои назаррас дар соли сипаришуда, изҳори эътимод намудааст.
“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021
Раисиҷумҳур ҳамзамон изҳори итминон кардааст, ки дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ симои шаҳри Душанбе комилан дигар шуда, ҳамчун кошонаи умеду ифтихори тоҷикони дунё шукуфову дилработар мегардад.