Бродячие собаки, архивное фото

Мақомоти Бохтар: 703 саги дайду безарар гардонида шуд

86
(Таҷдидшуда 18:02 30.12.2020)
Дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии камуналии шаҳри Бохтар 703 саги дайду безарар гардонида шуд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ғиёсов Зафар, роҳбари корхонаи давлатии фаръии хоҷагии камуналии шаҳри Бохтар дар сухбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид доштааст, ки омили зиёд шудани сагҳои дайду дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ин аз ҷониби сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳр овардаву раҳо кардани сагҳо аст.

“Ба ҳар сурат, мо кӯшиш дорем, ки саривақт онҳоро безарар гардонида, сокинонро аз хатари онҳо эмин нигоҳ дорем. Ҳар моҳ тақрибан 75 саг безарар гардонида мешавад”, - қайд кард Ғиёсов Зафар.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомоти ноҳияи Ёвон эълон карда буд, ки бо маблағҳои буҷети мақомоти маҳаллӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ тир харидорӣ кард то бо ин тирҳо 420 саги дайду безарар гардонад.

Гуфта шудааст, ки ба далели камбуди тир барои безарар гардонидани сагҳо дар кӯчаҳои маркази ноҳияи Ёвон сагҳои дайду зиёд ба назар мерасад.

“Барои харидани тир бо мақсади  нобуд кардани сагҳо ба раиси ноҳия муроҷиат кардем. Раис моро дастгирӣ кард ва рӯзҳои наздик бояд 5 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шавад”, — илова кард Қурбон Ёров.

Ҳамзамон масъулони беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон низ хабар доданд, ки дар 7 моҳи соли равон 28 нафар бо далели осеб дидан аз ҳайвонҳо ба беморхона муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо се нафар бистарӣ шудаанд.

86
Барчаспҳо:
нобуд, безарар кардан, Бохтар, Хатлон, Тоҷикистон
Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод

Як сол кам аст: коршинос чуну чарои лағви андози замин дар Тоҷикистонро шарҳ дод

23
(Таҷдидшуда 19:09 26.01.2021)
Коршинос таъкид кард, ки барои самараноктар шудани натиҷаи лағви андози замин як сол аст, аммо, ба гуфтаи вай, ба ҳар ҳол ин амали дуруст ва натиҷаовар аст

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Изҳороти роҳбари давлати Тоҷикистонро дар бораи бекор кардани андози замин коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисодӣ Леонид Холод тавзеҳ дод.

"Дар Тоҷикистон дар бозори озуқа вазъи ғайриодие ба миён омад, ки сабабаш дар охири соли 2020 ва оғози соли 2021 киҳиш ёфтани сомонӣ нисбат ба рубл, доллар ва евро буд", - гуфт Холод дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба қавли вай, ин маънои онро дорад, ки ҷумҳурие, ки маҳсулоти озхуқа ва кишоварзиро бештар ворид мекард, қисме аз аҳолиро аз хатари бе ин намуди маҳсулот мондан, наҷот додан мехоҳад, зеро мардум маводи воридгардидаро бо нархи наву гаронтар харидан маблағ надоранд.

"Вобаста ба ин бозор бояд вокуниш кунад. Вақте рақиби берунӣ гарон мешавад, пас ин бояд истеҳсолоти ватаниро ҳавасманд гардонад. Равандҳои бозори худтанзимкунӣ вақт мехоҳад ва давлат бояд ин мушкилиро тезтар ҳал кунад", - мегӯяд Холод.
Ба гуфтаи иқтисодшинос, маҳз барои ҳамин Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон соҳаи кишоварзиро бояд ба ҳар роҳ рушд диҳад.

"Имрӯзҳо имконияти аграрии ҷумҳурӣ пурра истифода намешавад. Дар Тоҷикистон он қадар заминҳои барои кишту кор мувофиқ мавҷуд нестанд, аммо он чизе, ки мавҷуд аст, бояд истифода шавад", - афзуд вай.

Маблағи андози замин дар Тоҷикистон ҳудуди 200 миллион сомонӣ (ҳудуди 20 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.

"Барои Тоҷикистон ин маблағи калон аст, барои деҳқонони тоҷик бошад, ин пули хело калон аст. Яъне, онҳо ин миқдор маблағро намесупоранд ва вазъи молиашон беҳтар мешавад. Онҳо ин маблағро ба нарх изофа намекунанд ва дар натиҷа имкон фароҳам меояд, ки нархи дар натиҷаи асъор болоравандаро танзим карда тавонанд", - гуфт коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, лағви андози замин боиси аз худ кардани заминҳои боқимонда мегардад.

Рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон

"Агар ин чораҷӯӣ барои як сол аст, ин кам аст ва беҳтараш онро барои якчанд сол ҷорӣ кунанд, то минтақаҳое, ки истифода намешуданд, аз худ карда шаванд. Аз нуқтаи назари рушди хоҷагии қишлоқ ин чораҷӯӣ самарабахш ва дуруст аст", - гуфт дар анҷом Холод.

23
Барчаспҳо:
замин, андоз, коршиносон

Вазорати тандурустӣ суханони Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи COVID - 19 тасдиқ кард

6
(Таҷдидшуда 19:18 26.01.2021)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон суханони президенти кишвар аз пирӯзӣ бар вируси коронаро тасдиқ карда, аз сабт нашудани ягон ҳолати гирифторӣ дар давоми 24 соати гузашта хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба гузориши ин ниҳод, дар маҷмӯъ то имрӯз дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Раҳмон аз пандемияву буҳрон гуфт: ҷаҳон чунинро тайи сад сол ёд надошт

Аз ин теъдод то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз кишвардор зимни ироаи паёми солона ба парлумони кишвар аз пирӯзии Тоҷикистон бар вируси корона хабар дод.

"Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 аз байн рафтааст", - гуфт президент.

Раисиҷумҳур таъкид кард, лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

6
Барчаспҳо:
нобудшавӣ, вируси корона, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, нав, омор, Тоҷикистон