ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ахиран дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва вакилони шаҳрӣ доир гардид.
Бино ба иттилои дафтаи матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, дар маҷлиси мазкур нахуст вакилони шаҳрӣ фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2020, № 73 “Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод намудани Муҳаммадзода Маъруф”-ро тасдиқ намуданд.
Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки сипас ба самъи ҳозирин матни фармони Президенти Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2020, № 74 “Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин намудани Шарифзода Фирдавс” расонида шуд.
Гуфта шудааст, ки Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд дар назди вакилони шаҳр баромад намуда, аз Президенти Тоҷикистон барои бовариаш изҳори миннатдорӣ кард.
Аз ҷумла ӯ зикр кардааст, ки тамоми қувваю васила ва донишу таҷрибаи хешро барои ободӣ ва рушди шаҳри бостонии Хуҷанд сарф намуда, барои Ватан, миллат ва сарзамини аҷдодӣ содиқона хизмат хоҳад кард.
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат, ширкати “Себистон – 2018”-ро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти молу масолеҳи зарурӣ барои бунёди меҳмонхона озод кард.
Ҳукумат феҳрасти масолеҳу таҷҳизотро тасдиқ карда, Хадамоти гумрукро муваззаф намудааст, ки расмиёти заруриро саривақт анҷом диҳад.
Сохтмони меҳмонхонаи замонавии “Grand Rudaki Tower”дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи сентябри соли 2019 оғоз шуда буд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, “Grand Rudaki Tower” як Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ хоҳад буд, ки аз меҳмонхонаи панҷситорадори 24-ошёна ва ду адад апартаментҳои қароргоҳии 18-ошёна иборат мебошад.
“Худи бинои меҳмонхонаи панҷситорадор аз 24 ошёна иборат буда, ҳамчунин ду бинои 18-ошёнаи дигари апартаментҳои резиденсӣ низ дар шафати он бунёд хоҳад ёфт”, - таъкид намуда буд котиботи раисиҷумҳур.
Манбаъ афзуд, иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Себистон-2018” бунёд ёфта, он дорои 141 ҳуҷра хоҳад буд ва имконияти қабули меҳмонони сатҳи олиро хоҳад дошт.
ДУШАНБЕ, 15 янв – Sputnik. Дар ҷараёни баргузории ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд 17 корхонаи саноатӣ бо таъсис додани 425 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Дар ҳамин ҳол шумори корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар ин шаҳри маркази Суғд ба 169 адад баробар шуда, бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии ҷойдошта ба андозаи 1 миллиарду 492, 8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 15, 2 дарсад афзудааст.
Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд бо зикри ин иттилоъ гуфт, бо вуҷуди нишондодҳои хуби оморӣ, ҳамоно камбудиҳо дар соҳаи саноат ҷой доранд. Ин масъули ҳукумати Хуҷанд иброз намуд, ки 77 адад корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли гузашта фаъолияти назаррас надоштаанд.
"Дар соҳаи саноати шаҳр сарфи назар аз дастовардҳо, ҳоло ҳам мушкили ба пуррагӣ истифода нашудани имкониятҳо ҷой доранд. Дар ин давра аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 77 адад ё 45, 5 % нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида кам маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ҳаҷми маҳсулоти тавлидшудаи ин теъдод корхонаҳо ҳамагӣ 41, 9 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда муттаасифона давра ба давра кам шуда истодааст", - гуфт Нуруллозода.
Муовини раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи чи гуна коҳишёбии манбаъҳои андозбандӣ зикр кард.
Ӯ гуфт, дар соли 2020 ҳаҷми бақияи маҳсулотҳои бозистода дар амбори корхонаҳо ба андозаи 12, 6 миллион сомонӣ дар муқоиса ба соли гузашта зиёд гардида, ин ҳол дар навбати худ ба коҳишёбии манбаъҳои андозбандӣ бе таъсир намондааст.
Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.
Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.
Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.
Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд. Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.
Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст.
Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.
Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард
Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.