ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар ин ҷаласа раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳозиринро бо матни қарорҳои тозатасвиб оид ба тағйироти кадрӣ дар дастгоҳи раис шинос кард, хабар дод котиботи ҳукумати Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, Дадобоев Алишер Тоҳирҷонович, ки то ин вақт муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон буд, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъин гардид.
“Ҳамзамон, Сафарзода Сайфиддин Хайрулло муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят таъин шуд. Сайфиддин Сафарзода то ин замон директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон буд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, Маҳмадсаид Зуҳурзода, ки ин қаблан дар мақоми сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо фаъолият мекард, бо қарори раиси вилоят мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳ таъин гардид.
Котибот мегӯяд, раиси вилоят ба кадрҳои навтаъин, ки мутахассисони соҳибихтисосу корозмуда мебошанд, дар иҷрои вазифаҳои хидматиашон барору комёбӣ таманно кард.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Дар гузориши ҷадиди Созмони шафофияти байналмилалӣ (Transparency International) дар бораи радабандии кишварҳо аз нигоҳи фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар соли 2020, Тоҷикистон аз миёни 180 кишвари ҷаҳон дар радифи 149 қарор гирифта, ки ҷойгоҳаш нисбат ба соли 2019 тағйир накардааст.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон фасодзадатарин ва Қазоқистон камфасодтарин кишвар муаррифӣ шудаанд.
Ӯзбекистон бо як пилла беҳбуди ҷойгоҳи хеш дар муқоиса бо соли 2019 дар радаи 146 ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Эълони ҳукми зиндони Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб
Пешсафҳои ин радабандӣ – Зеландияи Нав, Дания - 88 холӣ, Финляндия – 85 хол, Швейтсария, Сингапур ва Шветсия - 85 хол мебошанд.
Дар феҳристи фасодзадатаринҳо Сомалӣ – 12 хол, Судони Ҷанубӣ – 12 ва Сурия бо 14 хол шомил шудаанд.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Авазхон Кабиров муассиси бозори "Султони Кабир" ба вазири корҳои дохилӣ, генерал - полковники милиса Раҳимзода Рамазон Ҳармо изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст, хабар медиҳад нашрияи СССР.
Манбаъ аз қавли Кабиров менависад, ки баробари аланга гирифтани оташ, раёсати ВКД ва ҳатто худи вазир ба макони ҳодиса ташриф оварда, кори оташнишононро назорат ва сафарбар мекард.
Муассиси бозори мазкур саҳми оташнишонону кормандони раёсати ВУД - ро махсусан қайд карда, изҳор доштааст, ки "агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВУД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори "Султони Кабир" вуҷуд дошт".
Ёдовар мешавем, рӯзи 25 январ дар бозори "Султони Кабир" сӯхтор сар зад. Омили асосии сӯхтор ба расиши кӯтоҳи ноқилҳо рабт дода шуд.
Боздошти як гурӯҳ дуздони кисабур дар бозори “Султони Кабир”
Зарари расонидашуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор фаъолият мекунанд мекунанд.
Шаршараҳои Ниагара маҷмааи шаршараҳо дар дарёи Ниагара, иёлоти Ню-Йорки Амрикоро аз вилояти Онтариои Канада ҷудо мекунад.
Гарчанде ки ин шаршараҳо баландии на он қадар калон доранд, аммо онҳо хеле васеъанд ва аз ҷиҳати ҳаҷми обе, ки аз он мегузарад, шаршараи Ниагара пуриқтидортарин дар Амрикои Шимолӣ аст.
Баландии шаршараҳо 53 метр аст. Таҳкурсии шаршараи амрикоиро тӯдаи сангҳо пинҳон мекунанд, ки барои ҳамин баландии он ҳамагӣ 21 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии шаршараҳои амрикоӣ 323 метр, шаршараҳои наъл 792 метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми оби афтидан ба 5700 ва аз он ҳам бештар аст.
Зебоии ин мӯъҷизаи табиӣ сайёҳони зиёдеро аз тамоми ҷаҳон ба худ ҷалб мекунад, ки ин ба ободии шаҳрҳои дар соҳилҳои шаршараҳо ҷойгирбуда мусоидат мекунад.
Қасри шоҳон, маъбад ва хонае болои шаршара : меросҳои нави ЮНЕСКО - акс
Дар фасли сармо шаршараи Ниагара боз ҳам зеботар мешавад. Тамоми буттаву дарахтони гирду атрофи он яхпӯш мешаванд. Сафи сайёҳону хоҳишмандон барои тамошо ва аксбардорӣ аз чунин манзараи зебо новобаста аз хунукӣ ҳам коҳиш намеёбад.
Зебогӣ ва манзараи фасонавии шаршараи Ниагараро аз тасвирбаён тамошо кунед.
Аксбардории духтаре дар назди шаршараи Хорсшу - Фолс
Тасвири зебои шаршараи Хорсшу - Фолс
Ин шаршара дар фасли сармои зебистон боз зеботар мешавад
Ҳазор нафар барои бевосита шоҳиди чунин тасвирҳои зебо шудан, ба шаршараи Хорсшу - Фолс ташриф меоранд
Оби яхкардаи шаршара ҳар гуна шаклу намудҳои ғайримуқаррариро касб мекунад
Хоҳишмандон дар назди ин зебогиҳо акс мебардоранд
Новобаста ба ҳавои сард сафи хоҳишмандони чунин табиати зебо кам нест
Буттаҳои атрофи шаршара ҳама ях бастаанд
Шаршараи Хорсшу - Фолс дар Канада ҷойгир аст
Мард дар пеши шаршараи Хорсшу - Фолс аксбардорӣ мекунад