Скамейки в городе Душанбе

Камабри бебориш: пешбинии ҳавошиносон ба нахустин рӯзи соли нав

149
Имрӯз, 1 январ ва оғози соли нави 2021 дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора обуҳавошиносони кишвар бешбинӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Тавре Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон тавзеҳ додааст, имрӯз дар Тоҷикистонро ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо камабри бебориш мешавад.

Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11, дар баъзе ноҳияҳо то 14-19 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 30-35 то 45-50 ва рӯзона аз 14 -19 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад.

Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

149
Дети в школе

Дастури Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъмини пурраи либоси мактабӣ - "худӣ шавад"

66
(Таҷдидшуда 15:28 28.01.2021)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки сару либоси мактабӣ дар Тоҷикистон пурра аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ таъмин шавад

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Ин дастури раисҷумҳур дар бораи таъмини либоси мактабӣ зимни ҷаласаи васеи Ҳукумат зикр гардидааст.

"Масъулин ва роҳбарияти вилояту шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини пурраи либоси мактабии истеҳсоли худӣ муваззаф гардиданд", - менависад дафтари матбуоти президент.

Гуфта мешавад, президент дастур дод, ки бо мақсади ҳар чӣ бештар фаъолтар намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷуда, коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ тадбирҳои қатъи андешида шавад.

Бо дастури Қоҳир Расулзода: дар Тоҷикистон ярмаркаи фурӯши либоси мактабӣ баргузор мешавад

Гуфта мешавад, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир аз дастовардҳои саноатчиёни мамлакат дар соли 2020 ва суръати афзоиши маҳсулоти ватанӣ, таъсиси корхона ва ҷойҳои нави корӣ, ҷалби технологияи муосир ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот, ҳамзамон таъмини фаровонии бозори дохилӣ гузориш дод.

Ёдрас мешавем, ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Ҳукумат, президент Эмомалӣ Раҳмон 27 январ пас аз як рӯзи ироаи паёми кишвардор ба парлумон доир гардид. 

Масъулини кишвар дар ин ҷаласа ҳисобот доданд ва аз раисҷумҳур дастурҳо гирифтанд.

66
Барчаспҳо:
сарулибоси мактабӣ, либоси мактабӣ, дастур, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Душанбе плаза

Таҷаммӯъи муштариёни “Тоҷпромбонк” дар назди бинои БМТ ва парлумон буд ё набуд?

156
(Таҷдидшуда 14:38 28.01.2021)
Расонаҳо хабар доданд, ки теъдоде аз муштариёни бонки варшикаст ва лағви муҷаввизшудаи “Тоҷпромбонк” бо таҷаммӯъ назди бинои Бонки миллӣ ва порлумони кишвар хостори бозгардондани пулҳои хеш шудаанд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik.  Расонаҳо хабар доданд, ки муштариёни "Тоҷпромбонк" зимни таҷаммӯъ қайд карданд, ки якчанд ҳафта аст натавонистаанд бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон дидор кунанд.

Гуфта шудааст, ки муштариён аз соли 2016 наметавонанд маблағҳои ба амонат гузоштаи худро аз "Тоҷпромбонк" пас бигиранду акнун даст ба домани Бонки миллӣ ва порлумони Тоҷикистон шудаанд.

Таҷаммуӯъгарон эълон карданд, ки панҷ ҳафта аст мехоҳанд бо Ҳоким Холиқзода раиси ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон дидор ва мушкили худро матраҳ кунанд, аммо муваффақ ба ин дидор нашуда ва ба сӯи порлумон рафтаанд.

Аммо манбаъ аз Бонки миллӣ хабар дод, ки касе дар назди бинои Бонки миллӣ таҷаммӯъе баргузор накардааст ва аз қазияи мазкур изҳори бехабарӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи парлумони Тоҷикистон Муҳамадато Султонов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки касе дар назди бинои парлумони кишвар таҷаммӯъ накардааст.

“Шояд таҷамӯъ ҷои дигаре баргузор шуда бошад, аммо ба назди парлумон барои таҷаммӯъ касе наомадааст”, - гуфт сухангӯи расмии парлумони кишвар.

Ёдрас мешавем, ки раиси "Тоҷпромбонк"  Ҷамшед Зиёев  моҳи декабри соли 2020 дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба иттиҳоми ихтилос, азхудкардани ғайриқонунии манобеи молӣ ва ихтисоси вомҳои калон ба наздиконаш ба 8 солу шаш моҳи зиндон маҳкуми шуд.

Мизони қарзи Тоҷпромбонк ба муштариён 59 миллион сомонӣ (муодили 5 миллиону 900 ҳазор доллар) аст, ки ҳар моҳ ба онон 400 сомонӣ пардохт мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2017 барои хуруҷи ин бонк аз бӯҳрони 450 миллион сомонӣ ба унвони вом дар ихтиёри ин ниҳод қарор дод, аммо авзоъ тағйир накард ва муҷаввизи фаъолияти он бекор шуд.

Парвандаи раиси "Тоҷпромбонк" ба додгоҳ меравад

Бо вуҷуди ваъдаи масъулони Банки миллии Тоҷикистон дар мавриди фурӯши амволи "Тоҷпромбонк" ва пардохти қарзи муштарёни ин барнома то ба ҳол иҷроӣ нашудааст.

156
Барчаспҳо:
парлумон, хостор, таҷаммуъ, Бонки миллӣ, Тоҷикистон
Чрезвычайный и Полномочный посол Имомуддин Сатторов на переговорах России и Таджикистана

Манъи вуруди муҳоҷирон бекор шавад: Сатторов бо Казакова мулоқот кард

0
(Таҷдидшуда 15:34 28.01.2021)
Намояндагони Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои марбут ба танзими муҳоҷирати меҳнатиро дар замони пандемия баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Рӯзи гузашта дар Маскав мулоқоти Сафири Фавқуллода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва сардори Сарраёсати масоили муҳоҷиратии Вазорати умури дохилаи Русия Валентина Казакова баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти сафорат.

Мавзӯи асосии гуфтушунидҳо - танзими муҳоҷирати муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия будааст.

Аз ҷумла Сатторов ва Казакова раванди бардоштани манъи вуруд ба Русия ба категоряҳои муайянро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин тарафҳо дар бораи ташкили ҷалби мутахассисон аз Тоҷикистонро ба фаъолияти меҳнатӣ дар Русия баррасӣ карданд.

Теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар давраи пандемия аз вилояти Маскав маълум гардид

Намояндагони Тоҷикистон ва Русия ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар соҳаҳои танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия идома медиҳанд.

Казакова ва Сатторов ба мувофиқа расиданд, ки корҳо оид ба мувофиқа кардани лоиҳаҳои созишномаҳо дар соҳаи муҳоҷират байни Русия ва Тоҷикистонро идома медиҳанд.

0