ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Ширин Амонзода ба хабаргирии аҳволи панҷгонаҳо ба Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи укушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” рафт, гузориш медиҳад вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, вазир Дилноза Маматоваро барои таваллуди панҷ фарзанди солим табрик намуд.
Ёдрас мешавем, Дилноза Маматова сокинони деҳаи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати деҳоти “20- солагии Истиқлол”-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон буда, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гуруҳии кории ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён мебошад.
Модари хушбахти тоҷик санаи 30 декабри соли 2020 дар “Пажуҳишгоҳи укушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” воқеъ дар шаҳри Душнбе се духтар ва ду писарро ба дунё овард.
Ваъзи саломатии модару фарзандон хуб арзёбӣ гардида, дар таърихи Тоҷикистон аввалин маротиба аст, ки модари тоҷик панҷгона таваллуд менамояд.
Се духтару ду писар: дар Тоҷикистон бори нахуст панҷгона таваллуд шуд
Ширин Амонзода таваллуди панҷгонаро дар арафаи Соли нави мелодӣ фоли нек арзёбӣ намуд.
Манбаъ афзудааст, аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба модару тифлакони он туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории мутақобиланд судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия муҳокима карда шуданд.Соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
Соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 қабул гардид.
Соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.
Соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бозии кушодашавии Ҷоми "Иттиҳод-2014" миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ 2:2 ба анҷом расид.
Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2017 дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба имзо расид.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба вилояти Иркутск 434 муҳоҷири меҳнатиро дар мувофиқа бо ширкатҳои сохтмонии Русия ирсол мекунад. Дар ин бора вазорат гузориш додааст.
"Вазорати меҳнат тибқи дастури муовини сарвазири ҳукумати Русия Татяна Голикова дар доираи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ созишнома ба имзо расонид ", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин қайд карда мешавад, ки қарор аз ҷониби ситод оид ба пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии коронавирус дар Федератсияи Русия тасдиқ карда шудааст.
Тибқи созишнома, 434 муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон соҳиби ҷойҳои кории кафолатнок шуданд ва дар Иркутск дар ҶДММ "Промстроймаш", ҶДММ "Сибстальстрой" ва ҶДММ "СМПК-7" бо кор таъмин карда мешаванд.
Гурӯҳи якуми коргарон дар аввали ҳафтаи оянда ба Иркутск парвоз хоҳанд кард, ҳоло масъалаҳои ташкилӣ ҳамоҳанг карда мешаванд, илова ба Вазорати меҳнат.
Тибқи иттилои ин шӯъба, тамоми хароҷоти парвозҳо, карантини дуҳафтаина, ҳуҷҷатгузорӣ, хобгоҳ ва хӯрок аз ҳисоби ширкатҳои дар боло зикршуда пардохта мешавад.
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии додгоҳи шаҳри Панҷакент, шаҳрванд С.М. бо иттиҳоми ғорати хонаи бародараш муҷозот шуд.
Ба иттилои манбаъ, судшуда санаи 26 июни соли гузашта, оиди ҷои нигоҳдошти маблағҳои пулии ҳамсари бародараш, ки аслан дар суроғаи шаҳри Гулистон кӯчаи Ҷавонӣ ҳамчун иҷоранишин истиқомат карда, муваққатан дар шаҳри қарор дошт, маълумот пайдо мекунад.
Ӯ худи ҳамон рӯз тахминан соати 14.00 дақиқа бо мақсади дуздии маблағҳои зикршуда, аз сумкаи дастии ҳамсари бародараш пинҳонӣ калиди дари даромади хонаи иҷоравиашро гирифта, пинҳонӣ ба шаҳри Гулистон омада, аз фурсати муносиб, яъне набудани аъзои оила вориди хонаи мазкур гардидааст.
“Сипас зулфини қулфи сандуқи дохили хонаро шикаста, аз дохили он бо тариқи ниҳонӣ 5000 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллӣ маблағи 51537 сомону 50 дирамро тасарруф намуда, ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”,- афзудааст, манбаъ..
Гуфта мешавад, ӯ худи ҳамон рўз ба ҷои истиқоматии доимиаш баргашта, дар оянда маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро давра ба давра барои манфиатҳои худ сарф кардааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷазо ба муттаҳам бо дастрасии моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор содир кард.
Ғорати ташкилоти бонкӣ дар Панҷакент: пул наёфт ноутбукҳоро рабуд
Мавриди зикр аст, ки моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуздӣ дар ҳаҷми калон буда, он маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол аз озодиро пешбинӣ мекунад.