Цифровой сейсмограф, архивное фото Сейсмический график

Заминларза дар Афғонистон Тоҷикистонро низ такон дод

222
(Таҷдидшуда 16:48 12.01.2021)
Дар Афғонистон заминларза рух дод, ки қувваи онро дар қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ҳис карданд

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Се кишвари Осиёи Марказӣ билофосила таконҳои шадидро бо шиддати 4,6 балл эҳсос карданд, хабар медиҳад Хадамоти Муттаҳидаи Геофизикии Академияи илмҳои Русия.

Тоҷикистон, Ӯзӣекистон ва Афғонистон зилзиларо дар қаламравҳои наздимарзии худ эҳсос карданд, ки бегоҳ соати 23:48 ба вақти Душанбе рух дод.

Бо такя ба мониторинги Маркази сейсмологии Аврупо ва Миёназамин, ларзишҳо дар Тоҷикистон дар 34 километрии маркази маъмурии ВМКБ, шаҳри Хоруғ рух доданд.

Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, маълум аст, ки маркази зилзила дар Кундузи Афғонистон дар умқи 197 километр ва аз рӯи дигар манбаъҳо дар умқи 120 километр ҷойгир будааст.

Харобиовартарин офатҳои табиии соли 2020 - 24 акси тасхиркунанда

Масофа аз маркази зилзила то Тошканд тақрибан 530 километр дар самти ҷанубу шарқ буда, дар қаламрави Ӯзбекистон тақрибан эҳсос нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳодисаро шарҳ надодаву хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

222
Барчаспҳо:
такон, заминҷунбӣ, заминҷунбӣ, Афғонистон, Тоҷикистон
Зима в городе Душанбе

Ҳавои сарди Русия ба Тоҷикистон меояд: ҳушдори ҳавошиносон аз бӯҳрони барфӣ ва яхбандӣ

348
(Таҷдидшуда 13:22 20.01.2021)
Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои намноки баҳримиёназаминӣ ва ҳавои сард аз самти урупоии Русия дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буҳрони барфӣ, яхбандӣ, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф аз эҳтимол дур нест

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Рӯзҳои 22-23 январ дар Тоҷикистон обу ҳаво якбора номусоид шуда,  бориши борон бо гузариш ба барф дар назар аст.

Дар ин рӯзҳо ҳарорат шабона то 8-10 ва рӯзона то 10-15 дараҷа (ба истиснои ВМКБ) паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд.

Тавре АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, 22 январ  дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон бориши пуршиддат пешбинӣ мешавад.

Ба Тоҷикистон гармӣ меояд - пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои ҳафтаи нав

Вазиши бод аз самти ғарб бо шиддати то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.

"Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои намноки баҳримиёназаминӣ ва ҳавои сард аз самти урупоии Русия дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буҳрони барфӣ, яхбандӣ, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест", омадааст дар хабарнома.

Дар ноҳияҳои водигии ҷумҳурӣ часпидани барфи тар ба ноқилҳои барқӣ ва шохи дарахтон дар назар буда, дар роҳҳои нақлиётгард пайдо шудани қабати барф пешгӯӣ мешавад.

348
Барчаспҳо:
номусоид, Тоҷикистон, Русия, сардӣ, обу ҳаво
Драка, архивное фото

Рашки шавҳар: таҳдиди куштори марди 60-сола ва зани 31-сола

152
(Таҷдидшуда 13:21 20.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як марди 39-соларо бо иттиҳоми таҳдиди куштор боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Кормандони милитсия мардеро боздошт намуданд, ки ба сӯиқасд ба куштор муттаҳам дониста мешавад, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда сокини ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич буда, бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, номбурда 4 январи соли 2021, тахминан соати 06:40-дақиқа, ҳамдеҳааш марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкурро ба хонаи истиқоматиаш даъват намуда, бо гумоне, ки гӯё номбурда бо ҳамсараш, зани 31-сола муносибати ошиқона дорад, ба гардани ӯ ва ҳамсараш корд гузошта, таҳдиди куштан намудааст.

Вазорат мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Рашк сабаби қатли ҳамсар шуд: мард ҳамсарашро 13 корд зада кушт

Ёдовар мешавем, дар гузашта низ вазорат аз рухдоди чунин ҳодисаҳо хабар дода буд, ки баъзан бо поёни ногувори қатлу куштор хотима ёфтаанд.

152
Барчаспҳо:
боздошт, Деваштич, Тоҷикистон
Лампочка, архивное фото

Гуруҳҳои корӣ бо милисаҳо 9 миллион сомонӣ қарзи барқро ҷамъ кардаанд

0
(Таҷдидшуда 13:47 20.01.2021)
Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд мегӯянд, маъмурини милиса бо гуруҳҳои корӣ наздики 9 миллион сомонӣ қарздорӣ аз барқро ҷамъоварӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар натиҷаи фаъолияти дастаҷамъонаи ниҳодҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳолатҳои мавҷуд будани қарздорӣ ё истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ошкор гардид, хабар додааст “Ховар”.

Манбаъ аз қавли Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд хабар дод, ки 4 гурӯҳи корӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара аз 10 декабр то 8 январ аз ҳисоби қарздорӣ аз барқ зиёда аз 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ  рӯёниданд.

“Дар ин давра дар ноҳияи Мастчоҳ низ 4 гурӯҳи корӣ фаъолият бурда, зиёда аз 2 770 000 сомонӣ маблағи қарзӣ барқарор карда шуд. Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби 7 гурӯҳи корӣ қариб 2 500 000 сомонӣ маблағи қарзӣ ҷамъоварӣ гардид, ки он асосан қарздорӣ аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Қаблан бо мақсади ба аҳолӣ шарҳ додани муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” барои сарфакорӣ дар навоҳии кишвар гуруҳҳои корӣ ташкил карда шуданд. Ҳадафи ин иқдом инчунин пешгирии истифодаи нооқилонаву ғайриқонунии неруи барқ, арзёбӣ мешавад. Феълан кори гуруҳҳои корӣ бо ҷалби масъулини ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла маъмурини милиса идома дорад.

0
Барчаспҳо:
гуруҳи корӣ, барқ, Тоҷикистон