Кӯдакони панҷгоник дар таваллудхонаи Душанбе

Ба нахустин панҷгоникҳо дар Тоҷикистон номҳои хонадони паёмбарро доданд

1369
(Таҷдидшуда 16:50 12.01.2021)
Волидайни нахустин панҷгоникҳои таърихи Тоҷикистон бар фарзандони хеш номҳои мубораки Ҳасан, Ҳусайн, Хадиҷа, Фотима ва Зӯҳро ниҳодаанд

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дилноза Маматова, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон нахустин бонуи тоҷикистонӣ аст, ки соҳиби панҷгоник ва фарзандони худро ба номи хонадони Муҳаммад паёмбар номидааст.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ниҳодани номи хонадони Паёмбар бар навзодони чандгоник суннатӣ роиҷ аст ва онон номҳои дигарро дар ин замина ҷоиз намедонанд.

Як панҷгонику 4 дугоники оилаи Бобоевҳо: ҳукумати вилоят хона месозад, ҷумҳурӣ чӣ?

Пештар хабар дода шуд, ки Ширин Амонзода, вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба унвони нахустин мақоми давлатӣ ба дидори модару фарзандони панҷгоник рафт ва барои онон орзӯи саломатӣ кард.

Ҳамчунин Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон бо ҳузур дар хонаи ин модар дар ноҳияи Қубодиён бо эҳдои кумаки молӣ дастур дод, хонаи онон аз ҳисоби буҷети ҳукумат бозсозӣ шавад.

Модар ва фарзандони панҷгоники ӯ дар зойишгоҳи "Пажӯҳиши модару кӯдак" дар шаҳри Душанбе таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд ва ҳоли онон хуб аст.

1369
Барчаспҳо:
пайғамбар, номҳо, тифли навзод, навзод, Тоҷикистон
Барф дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Барфрезии шадид: аз хурсандии бархе то афзоиши кори кӯчарӯбон ва таъхири парвоз-акс

54
Барфрезии шадиди имрӯз Тоҷикистонро сафедпӯш карда, кори кӯчарӯбҳоро, ки ҳамарӯза субҳи барвақт ба поксозии ҷодаҳо машғуланд ба маротиб зиёд намуд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Барфрезӣ инчунин шабакаҳои иҷтимоиро низ сафедпӯш кард, чун корбарони зиёд фаъолона аксҳоро дар саҳифаҳояшон нашр кардаанд.

Абдураҳмон Раҳмонов, рӯзноманигор ва аксбардори тоҷик дар саҳифааш аксҳои гирифтаашро зери унвони “Ҳавои арктикӣ ба Душанбе ҳам расид”-ро нашр кардааст.

Аксҳои нашркардаи Маъмури Юсуфзод, сухангӯи ҳукумати Хуҷанд, бозгӯи онанд, ки барфрезии шадид шимоли Тоҷикистонро низ фаро гирифтааст. Ҳавошиносон мегӯянд, чунин вазъ чанд рӯзи дигар боқӣ хоҳад монд.

Дар ҳамин ҳол ба далели барфрезии шадид бархе аз парвозҳо ба таъхир афтодаанд. Аз ҷумла парвоз аз Душанбе ба Истанбул бо таъхири чандсоатӣ сурат гирифтааст.  

Дар баробари ин кори кӯчарӯбон низ ки ҳамарӯза субҳи барвақт ба поксозии Душанбе машғуланду миёни сокинон барои субҳхезию кордӯстияшон “фариштаҳои субҳгоҳӣ” ном гирифтаанд, ба маротиб зиёд шудааст.

54
Барчаспҳо:
парвоз, таъхир, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон на открытии музея лидера нации

Раҳмон осорхонаи Пешвои миллатро кушод: намоиши миз, иншо ва дафтарчаи имтиҳоноташ

189
(Таҷдидшуда 13:24 22.01.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллатро ифтитоҳ карданд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, осорхонаи мазкур ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст.

“Экспонатҳои осорхона овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин муассиса фаро гирифта, нодиртарин санад, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатм, инчунин фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ, дастовардҳои олимони Донишгоҳ ва ғайраҳо дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ мешаванд”, - омадааст дар иттилоия.

Осорхона аз утоқи пазироӣ ва 2-толор: Толори “Таҳсил” ва “Истиқлол” иборат мебошад.

Дар даромадгоҳи толори “Таҳсил”, мизи донишҷӯёни солҳои 70- 80-уми асри ХХ, ки Пешвои миллат дар он нишаста, таҳсили илм намудаанд, ба намоиш гузошта шудааст.

Дар 3 равоқи толор ҳуҷҷатҳои давраи довталабӣ, таҳсил ва хатми Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Дар девор акси ректорони Донишгоҳ то давраи истиқлолият гузошта шуда, толорро ҳамчунин акси устодони Факултети баҳисобгирии бухгалтерии хоҷагии қишлоқ дар солҳои 70-80-ум, акси собиқ донишҷӯи ин факулта Эмомалӣ Раҳмон баъди супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва расми якҷоя бо ҳамсабақон оро додааст.

Дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, ки маҳз донишҳои андӯхтаи Эмомалӣ Раҳмон дар ин даргоҳи илму маърифат имкон доданд, “то ба зинаҳои баланди роҳбарӣ расида, миллату ватани маҳбубро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд, давлати навини тоҷиконро эҳё ва яке аз сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳонӣ ва роҳбари тоҷикони ҷаҳон эътироф гарданд”.

189
Барчаспҳо:
ситоиш аз Эмомалӣ Раҳмон, осорхона, Тоҷикистон
Монеты, архивное фото

Коршинос роҳҳои муассири ҷамъоварии пулро номбар кард: на дар зери болишт

0
(Таҷдидшуда 14:01 22.01.2021)
Самаранокии ҷамъоварии маблағ аз мақсади он вобаста аст - пасандоз кардан ё зам намудан. Дар навбати дуввум бояд муҳлати ҷамъоварӣ низ дақиқ шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дмитрий Ферапонтов, муаллими калони кафедраи бонкии Донишгоҳи Синергия, ба хабаргузории "Прайм" роҳҳои самарабахши ҷамъоварии маблағро номбар кард.

Ба гуфти коршинос самаранокии пасандозҳо пеш аз ҳама аз ҳадаф - сарфа ё зиёд кардан, сониян - бо он даврае муайян карда мешавад, ки дар давоми он ташаккули портфели маболиғ пешбинӣ шудааст. Дар ниҳоят, пардохтпазирии сармоягузорӣ низ муҳим аст, яъне қобилияти зуд ба даст овардани пул, агар маблағ лозим шавад.

"Бо вуҷуди ин, бояд дарк кард, ки дар мавриди ҳама гуна сармоягузорӣ, қоидаи тиллоӣ амал мекунад - ҳар қадаре ки хавф баланд бошад, ҳосилнокӣ ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Чунин қоида дар мавриди пардохтпазирӣ низ татбиқ мешавад - чӣ қадаре пардохтпазирӣ баланд бошад, ҳосил ҳамон қадар камтар мешавад", - гуфт Феропонтов.

Ҳамин тавр, масалан, маболиғ дар суратҳисоби ҷорӣ сатҳи ҳадди ақали даромаднокӣ доранд (вақте ки аз ҳисоби бақияи суратҳисоб фоизҳо ситонида мешавад) ва дар баъзе ҳолатҳо даромад комилан нест, масалан, "агар бо пули миллӣ дар зери болишт нигоҳ дошта шаванд.

"Роҳи дигар, ҷамъ кардан дар пасандозҳои бонкӣ мебошад, ки бехатар, вале хеле камдаромад аст. Агар бонк ба низоми суғуртаи пасандозҳои бонкӣ дохил шуда бошад, пас дар сурати бозхонди иҷозатнома, давлат баргардонидани онро кафолат медиҳад.

Ба гуфти Ферапонтов, пасандозҳои бонкӣ, роҳи ҷамъоварии пул дар муҳлати дарозмуддат буда, хароҷоти таваррумиро ҷуброн мекунанд.

"Алтернатива дар ҳолати хусусияти дарозмуддат метавонад пасандозҳои бонкии асъори хориҷӣ бошад, ки аз тағйирёбии асъори харидшуда фоида мегиранд - дар ин ҳолат шумо бояд қурб ва омилҳои ба он таъсиррасонро назорат кунед. Чӣ тавре таҷриба нишон медиҳад , чунин пасандозҳо ҳамчун сармоягузории дарозмуддат муфиданд, агар асъор дуруст интихоб карда шавад", - қайд кард коршинос.

Алтернативаи дигар ин сармоягузорӣ ба тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо аст, аммо тавассути суратҳисобҳои металлӣ. Бояд дар назар дошт, ки металлҳои қиматбаҳо дороии молиявии хеле дарозмуддат мебошанд, ки дар давоми се сол нархашон афзоиш меёбад.

Ферапонтов мегӯяд, бояд амонатро ва сармоягузорӣ фарқ кард.

Амонатгузорӣ, пеш аз ҳама, пуле мебошад, ки шаҳрванд дар муҳлати дарозмуддат ташаккул медиҳад, ҳадафи асосии онҳо болишти боэътимоди амнияти молиявӣ мебошад, ки дар шароити кунунии иқтисодӣ ва бо суръати пасти асосӣ ҳосили паст дорад.

Раиси “Амонатбонк”: “Долларҳои “таги болишт” фоида надоранд”

Аммо сармоягузорӣ ин маболиғе ҳаст, ки бо роҳи гузоштани сармоя ба дороиҳои дилхоҳи молиявӣ ва ғайримолиявӣ - коғазҳои қиматнок, амволи ғайриманқул, хариду фурӯши асъор ба фоидаи худ кор мекунанд.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, пасандоз, пул, сарфакорӣ, сарфаҷӯӣ, коршиносон