ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Рӯзи шанбе, 2-юми январ аз субҳи барвақт, соати 07:45 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ дар утоқи кориаш ба қабули сокинон пардохтааст.
Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳр менависад, мӯйсафедону калонсолон, ятимону бепарасторон ва шахсони имконияташон маҳдуди шаҳру деҳоти Панҷакент мушкилиашонро назди раис арз кардаанд.
"5 нафар вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин, 1 нафар вобаста ба соҳаи маориф ва фарҳанг, 1 нафар вобаста ба саҳми замин, 4 нафар вобаста ба ҷойи кор, 3 нафар вобаста ба кӯмаки моддӣ, 2 нафар вобаста ба гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодабари замин, 1 нафар вобаста ба масъалаҳои тандурустӣ, 1 нафар оид ба масъалаи барқ, 2 нафар оид ба таъмин намудан бо оби полезӣ ва нӯшокӣ ва1 нафар оид ба масъалаи манзили истиқоматӣ муроҷиат намуданд",- менависад манбаъ.
Холиқзода Абдухолиқ ҷиҳати баррасӣ ва расонидани кўмаку дастгириҳои саривақтии муроҷиатҳои онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Дар нимаи дуюми рӯз раиси шаҳр бо гуруҳи корӣ бо шароити истиқоматкунандагони шаҳр ошноӣ кард.
ДУШАНБЕ, 16 январ – Sputnik. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт то санаи 15 январ шумори сироятшудагон ба 91 миллиону 816 ҳазору 91 нафар расид.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷонбохтагон ба 1 миллиону 986 ҳазору 871 нафар расидаааст.
Дар ҳамин ҳол, шумори муолиҷашудагон ба беш аз 67 миллиону нафар расидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои муайян кардани ҷойю макони аввали зуҳури вируси корона ба Вуҳони Чин ворид шуданд.
Тибқи иттилои расида ин коршиносон дар ҳайати 14 нафар ба Чин рафтанд, гуфтушуниди дурудароз билохира самар дод ва Чин 14 январи соли равон ба коршиносону мутахассисони байналмилалӣ иҷозаи вуруд дод.
Дар ин ҳайат вирусшиносон аз Амрико, Австралия, Олмон, Ҷопон, Британияи Кабир, Русия, Нидерландия, Қатар ва Ветнам шомиланд.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки дар Чин бори аввал аз моҳи марти соли гузашта то ба имрӯз шумори зиёди гирифторони нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Мақомот гуфтанд, ки шабонарӯзи гузашта 144 нафар чун мубталои нав сабт шуд (моҳи марти соли гузашта 202 нафар буд). Дар қиёс ба мамолики дигар ин омор чандон зиёд ҳам нест, вале ҳукуматдорони Чин онро чун як бонги изтироб қабул мекунанд.
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. “Global Firepower” (GFP), як пойгоҳи таҳлилӣ, ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 138 кишвари дунё бетағйир дар мақоми 99-ум гузоштааст.
Соли гузашта низ Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар ин мақом менишаст ва давоми як сол тағйироте ба вуҷуд наовардааст.
Гузоришгарон ҳайати низомии кишварро 9 ҳазор арзёбӣ карда, гуфтаанд, маблағгузорӣ ба артиш дарТоҷикистон солона 79 миллион долларо ташкил медиҳад.
Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Ӯзбекистон унвон шудааст, ки дар зинаи 51 нишаста, ҳайати низомии он 50 ҳазор ва харҷи солонааш 15 миллиард гуфта мешавад.
Қазоқистон бошад бо 125 ҳазор низомию 4 миллиард доллар хароҷоти солона ба ин соҳа дар ҷойи 62, Туркманистон дар зинаи 86 ва Қирғизистон дар ҷойи 93 нишастаанд.
Гуфта мешавад, ҳайати шахсии Туркманистон 22 ҳазор буда, солона ба ин соҳа 800 миллион сарф мекунад ва Қирғизистон бошад 11 ҳазор низомӣ дошта харҷи солонааш 20 миллион доллар гуфта мешавад.
Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи севумро Чин гирифтаанд.
Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Фаронса, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир, Туркия, Олмон, дохил шуданд. Дар радабандӣ 137 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудаанд. Гузоришгарон, ҳангоми тартиб додани феҳрист 55 омил ба назар гирифтаанд.
Баъди артиш дохилшавӣ ба донишгоҳ осонтар мешавад: имтиёзи ММТ ба хизматкардаҳо
Қайд мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намудҳои он қудрати онҳо низ ҳисоб шудаанд.
Ҳамчунин дар тартиб додани радабандӣ мавқеи ҷуғроофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён ба назар гирфита шудааст.
Қавию дурпарвоз: силоҳи нави ҳавоии Русия чӣ гуна хоҳад буд
Артиши Тоҷикистон дар радабандӣ соли 2019 ҷойи 94 ва қабл аз он зинаи 96-умро соҳиб шуда буд.