Соли 1911 ширкати "Роллс-Ройс" барои автомобилҳои худ тамғаи махсус созмон дод.
Соли 1934 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Венгрия муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
Ҷашнҳои рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 1976 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Гватемала 23 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 2010 дар Дубай маросими ботантанаи ба истифода додани баландтарин бинои ҷаҳон - Бурҷи Халиф баргузор гардид.
Соли 1963 шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) таъсис дода шуд.
Соли 1964 дар корхонаи истеҳсоли яхдони шаҳри Душанбе аввалин маротиба яхдони тамғаи "Помир" истеҳсол карда шуд.
Соли 2009 дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаи сохтмони НБО "Роғун" баррасӣ гардид.
Соли 2010 дар шаҳри Пекин Сафири вақти Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов дар робита ба 18-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо намояндагони ВАО вохӯрӣ баргузор намуд.
Соли 2011 Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Созишномаи Мадрид дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳоро баррасӣ намуд.
Соли 2011 — дар натиҷаи амалиёти махсус дар деҳаи Руноби водии Рашт Аловуддин Давлатов, бештар маъруф бо лақаби Алӣ Бедакӣ ва 7 тан аз ҳаммаслакони ӯ кушта шуданд.
Соли 2015 хабар дода шуд, ки ба Тоҷикистон зиёда аз 463 ҳазору 700 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз онҳо 413 ҳазору 834 нафарашон ба ҳайси сайёҳ омадаанд.
Ҷашнҳои рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ бо хабарнигори рӯзномаи "аш-Шарқ ал-Авсат" мусоҳиба дод.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Соли 2018 Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Маъруфҷон Бурҳониён аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барканор шуд.
“Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Бурҳониён Маъруфҷон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шавад”, - омадааст дар фармон.
“Чор ҳазор доллар пора гирифт”: фармони Президент дар бораи Рухшона Раҳмонализода
Дар фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон далели барканории Бурҳониён зикр нашудааст.
Бурҳониён Маъруфҷон аз моҳои апрели соли 2018 дар мақоми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кор мекард. Қабл аз ин, Бурҳониён мақоми муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба уҳда дошт.
ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз як ҳафтаи ахир ягон ҳолати гирифторшавӣ ба бемории коронаиврус сабт нашудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз охири апрели соли гузашта то ҳол дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудааст.
Манбаъ таъкид кард, ки то ҳол 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, аз беморхонаҳо мураххас шудаанд. Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд.
Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтори COVID-19 нест.
Вале, Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби Бемористони сироятии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло танҳо як нафар дар дармонгоҳ аз "вируси корона" табобат мегирад.
Коршинос сабаби нест шудани коронавирус дар Тоҷикистонро шарҳ дод
Ба иттилои манбаъ, ягона нафаре, ки ҳоло дар Бемористони сироятии Суғд табобат мегирад, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, синнаш аз 60 - сола боло аст.
Сартабиб сабаби ба дарозо кашидани муҳлати муолиҷаи ин нафарро шарҳ дода гуфт, ки "бемории ҳамрадиф аз ҷумла қанд ба ҷараёни муолиҷаи ин нафар бетаъсир намондааст. Хушбахтона гузашти се ҳафта саломатии ӯ муътадил шуда ва ба хона рухсатшавиаш ҳам наздик омадааст".
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.
“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.
Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.
“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.