День 5 января

Аз зиёрати Раҳмон дар Мадина то муроҷиати ӯ ба мардуми Тоҷикистон: имрӯзи таърих

381
(Таҷдидшуда 00:05 05.01.2021)
Рӯзи панҷуми январ дар ИМА – Рӯзи миллии парандагон буда, дар Беларус – Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 5 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1796 муҳандиси англис Ҷемс Уатт барои ихтирои мошини буғӣ соҳиби шаҳодатнома гардид.

Соли 1922 дар шаҳри Вашингтони ИМА оид ба манъи истифодаи киштии зериобӣ бар зидди киштиҳои тиҷоратӣ шартномаи байналмилалӣ баста шуд.  

Соли 1998 дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод вохӯрии панҷ роҳбари давлатҳои осиёимиёнагии узви ИДМ – Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Соли 2009 дар Қазоқистон додани шиносномаи биометрӣ оғоз гардид.

Рӯзи 5 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  2009 дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи фарҳангии ҷавонони Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 2010 ҳайати намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарии сарвазири вақт Оқил Оқилов ба ноҳияи Ванҷ, ки  2 январи соли 2010  бар асари заминҷунбии сахт зарар дида буд, сафар кард.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба сохтмони НБО "Роғун" ба мардум муроҷиат намуд.

Соли 2016 хабар доданд, ки дар соҳаи тибби вилояти Суғд рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ пайваст. Нахустин маротиба дар беморхонаи клиникии №1-и маркази вилоят ба сокини ноҳияи Ғончӣ Фурқат Мансуров амалиёти ҷарроҳии пайваст намудани гурдаи модараш бомуваффақият гузаронида шуд.

Соли 2016 бо амри Подшоҳи Арабистони Саудӣ дари Каъбатуллоҳ ба рӯйи Эмомалӣ Раҳмон боз шуд.

Соли 2016 дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ Эмомалӣ Раҳмон дар масҷиди набавии шаҳри Мадина равзаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммадро (с) зиёрат кард.

Ҷашнҳои рӯзи 5 январ

  • Дар ИМА – Рӯзи миллии парандагон.
  • Дар Беларус – Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ.

Рӯзи 5 январ кӣ ба дунё омадааст

Агаханянс Окмир (1927-2002) - доктори илми география, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Раҷаб Аслам (1958)- шоир.

Олимҷон Бобоев (1950) - доктори илми иқтисод, профессор.

Мавлон Ваҳҳобов (1909 - 1988) - доктори илми таърих, профессор.

Асад Гулзода (1935)- шоир.

Ғаффор Мирзо (1929 - 2006) - Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурӣ; * Қурбон Алӣ (1936 - 1984) - нависанда.

Саидмурод Мардонов (1940) - актёри театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Шарафнисо Маҳмадҷонова (1926)- собиқадори матбаа, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Муҳаммадзамони Солеҳ (1951 - 2009) - нависанда.

Ҳабибулло Нозирӣ (1958) - шоир.

Абдураҳим Раҳимов (1952 - 2001) - арбоби фарҳанг, профессор.

Хайрулло Раҳимов (1925-2011) - нависанда , педагог, профессор.

Нина Тичинина (1930) - журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Амонбой Чуманов (1943) - нависандаи узбекзабони Тоҷикистон.

Муҳаммадҷон Шодиев (1954) - актёри театру кино, Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон.

381
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
День 24 января

Аз рӯзи байналмилалии эскимо то фавти 50 ҳазор нафар дар Чилӣ: имрӯзи таърих

43
(Таҷдидшуда 19:43 23.01.2021)
Рӯзи бистучоруми январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии эскимо мебошад. Зимнан дар ин рӯз дар Ҳиндустон аз Рӯзи миллии духтарон ва дар Британияи Кабир Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таҷлил мегардад

Рӯзи 24 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Последствия землетрясения и цунами в Чили 16 сентября 2015 года
Pablo Ovalle Isasmendi/AGENCIA UNO via AP
Последствия землетрясения и цунами в Чили 16 сентября 2015 года

Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд.

Рӯзи 24 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.

День 3 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории мутақобиланд судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия муҳокима карда шуданд.Соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 қабул гардид.

Соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.

Соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бозии кушодашавии Ҷоми "Иттиҳод-2014" миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ  2:2 ба анҷом расид.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2017 дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 24 январ

  • Рӯзи байналмилалии эскимо.
  • Дар Британияи Кабир – Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид  (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)  дар Ҷанги дуюми ҷаҳон.
  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии духтарон.
43
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Самолет, на фоне заката

Тавофуқи Тоҷикистону Русия ба интиқоли нахустин гурӯҳи муҳоҷирон - вақти сафар маълум шуд

1684
Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба интиқоли 434 муҳоҷири меҳнатӣ ба кор ба соҳаи сохтмон дар шаҳри Иркутск бо Русия ба тавофуқ расид

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба вилояти Иркутск 434 муҳоҷири меҳнатиро дар мувофиқа бо ширкатҳои сохтмонии Русия ирсол мекунад. Дар ин бора вазорат гузориш додааст.

"Вазорати меҳнат тибқи дастури муовини сарвазири ҳукумати Русия Татяна Голикова дар доираи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ созишнома ба имзо расонид ", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин қайд карда мешавад, ки қарор аз ҷониби ситод оид ба пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии коронавирус дар Федератсияи Русия тасдиқ карда шудааст.

Тибқи созишнома, 434 муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон соҳиби ҷойҳои кории кафолатнок шуданд ва дар Иркутск дар ҶДММ "Промстроймаш", ҶДММ "Сибстальстрой" ва ҶДММ "СМПК-7" бо кор таъмин карда мешаванд.

Гурӯҳи якуми коргарон дар аввали ҳафтаи оянда ба Иркутск парвоз хоҳанд кард, ҳоло масъалаҳои ташкилӣ ҳамоҳанг карда мешаванд, илова ба Вазорати меҳнат.

Тибқи иттилои ин шӯъба, тамоми хароҷоти парвозҳо, карантини дуҳафтаина, ҳуҷҷатгузорӣ, хобгоҳ ва хӯрок аз ҳисоби ширкатҳои дар боло зикршуда пардохта мешавад.

1684
Молоток судьи, архивное фото

Додгоҳ нафаре, ки ҳамсари бародарашро ғорат кард, ҷазо дод

0
Додгоҳи шаҳри Панҷакен ҳукми сокини маҳаллӣ С. М-ро содир кард, ки дар ҷинояти дуздӣ муттҳама мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии додгоҳи шаҳри Панҷакент, шаҳрванд С.М. бо иттиҳоми ғорати хонаи бародараш муҷозот шуд.

Ба иттилои манбаъ, судшуда санаи 26 июни соли гузашта, оиди ҷои нигоҳдошти маблағҳои пулии ҳамсари бародараш, ки аслан дар суроғаи шаҳри Гулистон кӯчаи Ҷавонӣ ҳамчун иҷоранишин истиқомат карда, муваққатан  дар шаҳри қарор дошт, маълумот пайдо мекунад.

Ӯ худи ҳамон рӯз тахминан соати 14.00 дақиқа бо мақсади дуздии маблағҳои зикршуда, аз сумкаи дастии ҳамсари бародараш пинҳонӣ калиди дари даромади хонаи иҷоравиашро гирифта, пинҳонӣ ба шаҳри Гулистон омада,  аз фурсати муносиб, яъне набудани аъзои оила вориди хонаи мазкур гардидааст.

“Сипас зулфини қулфи  сандуқи дохили хонаро шикаста, аз дохили он бо тариқи  ниҳонӣ 5000 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллӣ маблағи 51537 сомону 50 дирамро тасарруф намуда, ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”,- афзудааст, манбаъ..

Гуфта мешавад, ӯ худи ҳамон рўз ба ҷои истиқоматии доимиаш баргашта, дар оянда маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро давра ба давра барои манфиатҳои худ сарф кардааст.

Манбаъ мегӯяд, ҷазо ба муттаҳам бо дастрасии моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор содир кард.

Ғорати ташкилоти бонкӣ дар Панҷакент: пул наёфт ноутбукҳоро рабуд

Мавриди зикр аст, ки моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуздӣ дар ҳаҷми калон буда, он маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол аз озодиро пешбинӣ мекунад.

0