Душанбинский театр оперы и балета зимой

Сард, вале бебориш: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

580
(Таҷдидшуда 09:54 05.01.2021)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар шарқи ВМКБ то 33 дараҷа сард шудани ҳаво пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меғ мефарояд, хабар медиҳал агентии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона ҳаво 2-7 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоятҳаво  шабона 28-33, дар баъзе ноҳияҳо то 36-41 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳарорати ҳаво 14-19 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона  0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук  ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад.

Шаб сарду рӯз гарм: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8  дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад. 

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд ва резиши қирав боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво шабона  6-8 дараҷа хунук  ва рӯзона 0+2 дараҷа гарм мешавад.

580
Барчаспҳо:
Ожонси обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Похороны в Таджикистане, архивное фото

Бобоҷон Азизов - ҳунарманди маъруфи тоҷик даргузашт

80
(Таҷдидшуда 13:27 21.01.2021)
Ҳунарманди маъруфи тоҷик дар сини 71-сола тарки олам кард. Бобоҷон Азизов аз ҷумлаи маъруфтарин сарояндагони солҳои 80-90 садаи гузашта мебошад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Хабари даргузашти ҳунармандро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тасдиқ карданд.

Дар бораи марги Бобоҷон Азизов сомонаи "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" низ гузориш медиҳад.

"Ҳамин лаҳзаҳо хабари марги Бобоҷон Азизов –ҳунарманди варзида ва дӯстдоштанӣ расид. Бобоҷон Азизов аз ҷумлаи маъруфтарин сарояндагони солҳои 80-90 садаи гузашта мебошад. Яке аз чеҳраҳои мондагори санъати тоҷик. Шахсе, ки дар ҳунар роҳи худро ёфт, сабку шеваи хоси худро дорад. Мураббии даҳҳо ҷавони ҳунарманд ва падари мушфиқу меҳрубон буд", - менависад манбаъ. 

Азизов Бобоҷон 26 июни соли 1950 дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадааст. Сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб мебошад. 

Фаъолияташро аз Хонаи маданияти шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, тайи солҳои 1976-1989 сарояндаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода буд.

Аз соли 1989 роҳбари бадеии ансамбли "Навои Хатлон" ба ҳисоб мерафт.

Сурудҳои "Дилҳо нишона карда", "Ёди Ватан", "Ҳарфи дигар мазан", "Нолаи Кова", "Хори макун", "Модар", "Ту ширинлаб" ва ғайра, ки Азизов сурудааст, байни мардум шӯҳратёб гардидаанд.

Даргузашти Дӯстмурод Уроқов, иқтисодшиносу адиби тоҷик-акс

Азизовдар дар намоишҳо, аз ҷумла "Карим девона" ва "Хусрав ва Ширин" нақшҳои асосиро бозидааст.

Дорандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ҳофизони ҷавон (1979), иштирокчии театрҳои халқӣ дар шаҳри Маскав, Фестивали умумиҷаҳонии театрҳои халқӣ дар шаҳри Кишинёв (1970) ва Ярмаркаи умумиҷаҳонии Лейпсиг (РДГ, 1983). Бо ордени Дӯстӣ (1998) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

80
Барчаспҳо:
даргузашт, ҳунарманд
Наручники висят на дверной ручки, архивное фото

Боздошти ду мард: дилхоҳ ҳуҷҷатҳои ронандагиро қалбакӣ тайёр мекарданд

78
Вазорати умури дохилааи Тоҷикистон мегӯяд, даст доштани онҳо дар ҳафт ҳолат тасдиқ шуд ва акнун нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Тоҷибоев Ибодуллои 60 - сола ва Неъматуллоев Зарифҷони 45 - соларо кормандони милитсия дастгир намуданд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ду боздоштшуда сокинони вилояти Хатлон буда, дар сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам дониста мешаванд.

Ба номи варзишгарон, аммо ба киссаи худ: боздошти мақомдорони Конибодом

Манбаъ меафзояд, номбурдагон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои ронандагӣ машғул будаанд.

"Аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА "Амонатбонк" оиди пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекарданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки даст доштани онҳо дар 7 ҳолат ошкор шудааст. 

Феълан, нисбат ба номбурдагон бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

78
Барчаспҳо:
ҳуҷҷат, сохтакорӣ, боздошт